САНҶИШИ АДАБИЁТ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ҲАЁТ

Самарқанд ва аҳли илму ирфонаш бо фарзандони наҷибу соҳибмаърифат дар масири таърих ифтихори беандоза дорад. Дар ҳама давру замон дар ин сарзамини шоирхезу олимпарвар буданд шахсоне, ки дар раванди тамаддун ва илму хирад, эҳёи олами маънавию фарҳангӣ хизматҳои сарнавиштсозе доштанд. Яке аз онҳо мунақкиди шинохта, адабиётшиноси чирадаст, омӯзгори хушсалиқа, доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагон, Омӯзгори хизматнишондодаи макотиби Тоҷикистон фарзанди асили Самарқанди қандманд Холиқ Мирзозода аст, ки имрӯзҳо 110-солагии ин шахсияти комил дар фазои олами маънавӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон хизматҳои ин олими чирадаст аз ҷониби аҳли илму маърифат ва шогирдонаш. Аммо кам андар кам хонандагон ва аҳли Самарқанд бобати фаъолияту кору бори ин олими маъруф маълумоти кофӣ доранд.
Холиқ Мирзозода 11-уми майи соли 1911 дар деҳаи Равонаки ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Ӯ баъди таҳсилоти мактаби ҳамагонӣ ба Университети давлатии Самарқанд дохил шуда, онро соли 1935 хатм намудааст ва ба сифати муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченкои Душанбешаҳр фаъолияташро оғоз намудааст. Солҳои 1940-1946 муаллими Техникуми духтаронаи Душанбе буд. Соли 1947 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогӣ таъин гардид ва қариб чил сол дар ин вазифа хидмат ба ҷой овард.
Вай аз зумраи адабиётшиносони барҷастаи тоҷик маҳсуб меёбад, ки бо ҷиддияти тамом беш аз ним асри ҳаёташро ба рушду нумӯи илми адабиётшиносии форсу тоҷик, таҳқиқи масъалаҳои мубрамтарини таърихию назарии он харҷ намудааст. Тадқиқотҳои олим перомуни масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик буда, давраҳои таърихии ташаккули адабиёт, хусусиятҳои муҳимтарини назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик, эҷодиёти адибони ҷудогонаро фаро мегирад. Ҷоиз ба тавзеҳ аст, ки дар тадқиқоти ин олими ҳамадон қариб тамоми масоили тарихи ташаккули адабиёти форсу тоҷик, марҳилаҳои алоҳидаи он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Олим қариб чорсад асару мақола, очерку тақриз навиштааст, куллиёти Ҳофиз, Убайди Зоконӣ ва Шамсиддини Шоҳинро ба нашр омода сохта, маллифи китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик”, “Хрестоматияи адабиёти тоҷик” барои мактабҳои миёна мебошад. Бо роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд. Муаллифи беш аз 20 рисолаю монография аст. Хизматҳои олим дар офариниши китоби дарсии “Таърихи адабиёти тоҷик”, дар се қисмат, аз давраи қадимтарин то асри XIV хеле бузург аст. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки аслан аз назари олим қариб ягон давраи таърихи адабиёти тоҷик берун намондааст. Худ номгӯи осори илмии адиб гувоҳ бар он аст, ки Холиқ Мирзозода чӣ дар таҳқиқи масъалаҳои муҳими таърихи адабиёти тоҷик ва чӣ дар ҷодаи тарзи таълими он шахсияти беназир аст. Ҳатто он дастури таълимии адабиёт, ки бо саъй ва эҳтимоми ӯ соли 1987 таҳия гардидааст, то ба имрӯз дар муқоиса ва мувозӣ бо дастурҳои таълимии дигар аналоги мукаммале надорад. Холиқ Мирзозода аз қадамҳои нахуст дар ҷодаи илм дилбохтаи муҳити илмию адабии ватани асили худ Самарқанд, фарзандони наҷибу асили ин сарзамин ва осору ашъорашон буд. Ҳанӯз аз оғози фаъолияташ тақризи мусбии аллома Садриддин Айнӣ ба кори дипломии Х.Мирзозода дар мавзӯи “Фаъолияти эҷодии Аҷзӣ ва “Миръоти ибрат”-и ӯ” вайро ба ҷодаи илму ирфон сахт пайваст. Ҳамин мавзӯъ ва давоми мантиқию занҷирии он буд, ки дар фаъолияти минбаъдаи Х.Мирзозода монеаҳои калони сиёсиву муғризонаро низ ба вуҷуд овард. Аммо олими ҷавону қавиирода аз роҳу салиқаи пешгирифтаи худ барнагашт ва онро бо қатъият идома дод. Дар ҷодаи шинохти моҳият ва хусусиятҳои муҳимтарини адабиёти нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ тамоюли асосии олим холисият буд ва алалоқибат то кадом дараҷа ҷодаи ҳақ паймудани вай ошкор шуд.

Холиқ Мирзозода дар нигоштаҳои худ бобати вазъи сиёсию иҷтимоии нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ таъкид менамояд, ки “безабтии мамлакат, хонавайронии аҳолӣ, танг шудани доираи ҳуқуқи дохилӣ ва мухторияти ў дар пеши подшоҳи рус, хор шудани аҳли илм ва санъат, ба идораҳои давлатӣ ҷой гирифтани одамони ҷоҳил, мутаассиб, рўҳониёни касиф ва ришвахор боз ҳам авҷ гирифт. Одамони беҳтарини Бухорои он рўза – Аҳмади Дониш, Савдо, Возеҳ, Шоҳин, Музтариб, Зуҳурӣ, Муфтӣ Иноят – махдум, Шарифмахдуми Мўътасим, Эсомахдум, Зўфунун, Муллошарифи Соат, Мирзо Азими Сомӣ, Садри Сарир, Ширин ба таъқибот гирифта шуданд. Аз ҷониби ҳукуматдорони вақт нашнохтани мавқеии иҷтимоии инсон дар ҷомеа, таҳқири маънавию таъқиби сиёсӣ, наҳ задани қадру манзалати инсон, нуфузи касофату ҷоҳилият дар ҷамъияти инсонӣ руҳияти ногувореро байни мардум падид овард ва муҳити ҷамъият носолиму номуросокоронае шуд. Аҳли фаҳми ҷамъият гоҳ аз сари ҷаҳл ва гоҳ дидаву дониста эътирози сахту шадидеро нисбати ҳукумати давр баён намудаанд. Дар шеъру адаби давр вуруди вожаҳо, калимот ва таркиботу ҳиҷоҳои фаҳшу дағал ва аз меъёру мезони ахлоқу одоб берун ҳам аз ҳамин лиҳоз сар задааст. Мирзо Азими Сомӣ дар як порашеъраш ба ин маънӣ чунин меоварад:
То бинои тоқи ин фирўза манзар кардаанд,
Аҳли донишро ғизо аз хуни ҷигар кардаанд.
Кўҳнаполоне намеёбад саманди тезтаг,
Атласу кимхоб баҳри пўшиши хар кардаанд.
Аҳли маъниро ба ғайр аз хуни дил набвад ғизо,
Қути бемағзон ҳама аз қанду шаккар кардаанд.
Тирабахтӣ лозими фазлу камол афтодааст,
Аблаҳонро комрони мулку кишвар кардаанд.
Турфа вазъи нобакоре карда пайдо рўзгор,
Нокасонро бар умури мулк сарвар кардаанд.
Эътибори дину миллат рафта ҳоло ҷоҳилон,
Ошкоро фаҳшу сабъ болои минбар кардаанд.
Дақиқан назар афканда шавад, вазъи маданияту илму фарҳангу санъату ҳунар ва адабиёт аз ҳолати сиёсии давраш қиёсан маълум мешавад. Аслан ҳамин як ҷиҳат, яъне “дида тавонистани баъзе аз камбудиҳои ҷиддии дохилии мамалакати худ, тартиботи вайрони идораи амирӣ, сохти кўҳнаи таълиму тадрис” нишонае аз тазоҳури падидаҳои тозаву нави мафкуравии давр буд. Холиқ Мирзозода дар гузориши ин масъала ҳақ буд ва тадриҷан табақаи ҳушёру зиёии ҷомеа дар муборизаи идеологии худ нисбати тартиботи иртиҷоии ҳукмронии аморат, камбудиҳои ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоии эшон ба ислоҳотпарварӣ ва ҷорӣ намудани тартиботи нав мувоҷеҳ гаштанд. Дар нимаи дуввуми асри XIX дар ин радиф зикри номаҳои ашхоси маъруфу мӯътабар аз қабили Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ Возеҳ, Савдо, Шоҳин, Мирзо Азими Сомӣ, Зуҳурӣ, Садри Зиё, Музтариб, Исомахдум, Мирзо Ҳайити Саҳбо лозим аст, ки хизматҳои ҳар як симоро муҳаққиқ алоҳида арҷ мегузорад.
Дар сари вақт Холиқ Мирзозода нав шудани сабки эҷодиро дар ҷодаи шеъру шоирӣ таъин намуда буд. Дар мақолаи пурмўҳтавои Холиқ Мирзозода бобати тазмини як ғазали машҳури Бедил аз ҷониби Шамсиддин Шоҳин сухан рафтааст, ки то кадом дараҷа дар охири қарни ХIХ ба бозгашти адабӣ рӯ овардани шоирони аҳди маорифпарварӣ рӯшан мегардад:
“Аз ғазали Бедил:
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлўи аҷз аст, роҳ он ҷо,
Сари мўе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.
Аз ғазали Шоҳин:
Ба авҷи кибриё, к-аз саъйи озодист роҳ он ҷо,
Бикун тарки кулоҳ ин ҷо, шикан тарки кулоҳ он ҷо.
Қатъи назар аз ин ки байти Шоҳин аз ҷиҳати мазмун аз байти Бедил баланд меистад (зеро ба авҷи кибриё Бедил аз роҳи “аҷз”, Шоҳин бо роҳи “саъйи озодӣ”, Бедил бо роҳи “сар хам кардан”, Шоҳин ба воситаи “тарки кулоҳ кардан” расидан мехоҳанд), дар ғазалиёти ў ин гуна намунаҳо каманд ва ба ҷуз мисоли овардашуда, дигаре қариб дида намешаванд. Илова бар ин, дар услуби шеърҳои Шоҳин услуби бедилӣ умуман дида намешавад”, мегӯяд муҳаққиқ. Гузашта аз ин дар байти ғазали Шоҳин таркиби “саъйи озодӣ” маъруфтар аст. “Озодӣ”-е, ки Шоҳин дар мадди назар дорад, бо вожаҳои “кибриё”, “тарки кулоҳ” ва “шикасти кулоҳ” таносуби мантиқӣ дошта, ба ҳуввияту озодии шахс, бештар ба тақдиру қисмати қаҳрамони лирикии шоир мутааллиқ аст, ки мехост ҳарчӣ зудтар аз асорату вомондагии дарбор бадар равад.

Дигаре аз хизматҳои устод дар шинохти мавқеи шоирии Саидаҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ намоён мегардад. Ба қавли устод Холиқ Мирзозода “Сиддиқии Аҷзӣ шоири даври таҷаддуд –ренесанс буда, дарду алами халқ ва проблемаҳои муҳими кишвари худро хуб медонист ва дар ҷустуҷўи роҳи ҳалли онҳо буд. Муаммои аввалини он замон (балки ҳозир ҳам) парешонӣ, номуттаҳидӣ ва низоъҳои маҳалчигию гуногунии ақидаву фаҳмишҳо буд”. Дуруст аст, ки арзиши ғоявию эстетикӣ ва мазмуниву мундариҷавии ашъори Аҷзӣ, хусусан аксарияти ғазалҳои шоир имрўз низ коста нагардидаанд. Ин масъала дар мақолае бо унвони “Осиёи осмон то чанд гардонам ба сар” муфассалан ҳаллу фасл шудааст. Инчунин, хизматҳои устод Холиқ Мирзозода дар шинохти рисолати шоирию нависандагӣ ва адабиётшиносии Аҳамади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Садриддин Айнӣ тавассути мақолаҳои пурмӯҳтавое чун “Муносибати баъзе ақидаҳои Аҳмади Дониш ва маорифпарварони ибтидои асри ХХ”, “Садриддин Айнӣ аввалин адабиётшиноси муосири тоҷик”, “Баъзе масъалаҳои шакл, услуб ва воситаҳои бадеӣ дар эҷодиёти Шамсиддин Шоҳин”, “Ҳотифи тамаддуни нав” (перомуни фаъолияти Мирзо Сироҷ) бағоят калон аст.
Алатта, дар ҳаҷми як гузоришоти хурд таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии олими фоқид, адабиётшиноси варзида, марди дар ҳақиқат фарҳангӣ Холиқ Мирзозода аз имкон берун аст. Умед бар он аст, ки таҳқиқу баррасӣ ва қадршиносии ин гуна шахсиятҳои бузург чӣ дар илму ирфон ва чӣ дар ҷомеа бардавом хоҳад буд ва хотироти ин гуна шахсиятҳои наҷиб абадул абад дар қалбу дидаҳо маъво хоҳад гирифт.

Сироҷиддин ХӮҶАҚУЛОВ, усстоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, номзади фанҳои филология

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ