Аз дарёи Ганг даҳҳо ҷасади қурбониёни коронавирус дарёфт шуд

Дар рӯди Ганг даҳҳо ҷасади қурбониёни коронавирус дарёфт шудааст, менависад рӯзномаи The Times of India.
Танҳо дар шаҳри Буксар аз дарё 30 ҷасад дарёфт шудааст, ки маҳз аз коронаиврус фавтидаанд. Мақомдорони ин шаҳр мегӯянд, ҷасадҳо шояд аз иёлати ҳамсоя омада бошанд. Аммо сокинон бар ин боваранд, ки мардум аз деҳаҳои назди соҳилӣ ба хотири гарон будани маъракаи сӯзондани мурдаҳо, ҷасадро ба дарё ҳаво медиҳанд.
Шоҳидони айнӣ инчунин изҳор доштанд, ки ба дарё аз сад ҷасад бештар партофта шудааст. Ин ҳолат боиси ваҳми мардум гардидааст, зеро онҳо аз паҳншавии сироят бим доранд.
Манбаъ меафзояд, мақомот аллакай ба тоза кардани дарё шурӯъ кардаанд ва ҷасадҳои беруноварда аз ҳисоби хароҷоти ҳукумат сӯзонида мешаванд.
Маври ба зикр аст, ки Ҳиндустон ҳоло аз рӯи шумораи сироят аз маризии коронавирус дар ҷаҳон дар мақоми дуввум қарор дорад.
Шумораи умумии беморони COVID-19 дар кишвар аз 22,2 миллион нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ