Шалғамча (редиска) – пайдоиши сангро дар гурда пешгирӣ мекунад


Шалғамча, ки манбаи калий мебошад, пайдоиши сангҳо дар гурдаро пешгирӣ мекунад.
Зеро он ихроҷи пешобро фаъол мекунад ва мушкилоти роҳҳои пешобро дафъ мекунад.
Шалғамча – аввалин растании серғизои баҳорӣ аст. Решаи онро ҳамчун ғизо дар хӯрокҳо истифода мебаранд.
Шалғамчаи барраро ба салатҳо ва таомҳо реза карда андозанд маззаи беназир мебахшад.
Дар таркибаш моддаҳои индол, зеаксантин, лютеин ва бета-каротин, флавоноидҳо, антиоксидантҳо мавҷуд аст. Аз витаминҳо С, РР, гуруҳи В, аз минералҳо ба миқдори муайян магний, калий, оҳан, фосфор, калтсий дорад. 100 гр. шалғамча 20 ккал қувва дорад.

Хусусиятҳои шифобахш
Аҳамияти табобатии шалғамча дар он аст, ки он бемориҳои системаи пешобро пешгирӣ мекунад. Инчунин, фаъолияти ҷигар ва системаи нафасро беҳтар мекунад.
Дар таркиби шалғамча витамини С бисёр буда, ин модда барои бофтаи тоғайи устухон хеле муфид аст.
Истеъмоли ин мевареша метавонад рушди артритро пешгирӣ ва нишонаҳои бемориро сабук кунад. Шалғамча, ки аз витамини С бой аст, дар нигоҳ доштани иммунитет ва паст кардани фишори хун саҳми калон дорад.

Барои иммунитет ва зебоии пӯст
Азбаски дар таркибаш миқдори зиёди об мавҷуд аст, пӯстро нам, ҷавон ва зебо мекунад. Витаминҳои В ва С, рух, фосфор, ки бисёр аст, барои зуд сиҳат ёфтани захм ва ҷароҳатҳои пӯст кӯмак мекунад.
Ғайр аз ин, дар табобати якчанд намуди саратон, аз ҷумла саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст. Дар таркиби он моддаҳое ҳастанд, ки ба афзоиши ҳуҷайраҳои саратон роҳ намедиҳанд.

Барои системаҳои нафаскашӣ ва дилу рагҳо
Дар ҳақиқат шифобахшии шалғамча ба таркиби он вобаста аст. Витамини С рушди бронхитро пешгирӣ мекунад ва барои рафъи нишонаҳои астма кӯмак мекунад.
Моддаи антисианини он илтиҳобро ислоҳ мекунад, барои рафъи оқибатҳои бемориҳои дилу раг мусоидат карда, хавфи норасоии дилро кам мекунад.
Дар таркиби ин маҳсулот углеводҳо кам, клетчатка ва об бисёр. Бинобар ин қобилияти обгузаронии рӯдаҳоро беҳтар мекунад, қабзиятро, ки ба бавосир оварда мерасонад, пешгирӣ мекунад.
Шалғамча барои ҷигар ва талхадон фоиданок аст.

Шалғамча чӣ зарар дорад?
Одамони гирифтори аллергия бояд худро аз истеъмоли шалғамча нигоҳ доранд. Вақте ки дар талхадон сангҳои калон мавҷуданд, шалғамча тавсия карда намешавад. Зеро он тавлиди заҳрро метезонад ва сангҳо метавонанд ба ҳаракат даромада, боиси дард шаванд. Истеъмоли шалғамча метавонад ба истеҳсоли гормонҳои сипаршакл таъсири бад расонад. Бинобар ин, дар як рӯз 2-3 дона шалғамча хӯрдан барои як нафар кифоя аст.
Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ