Қадри инсон баланд, хотира –азиз!

Имсол ҷашну тадбирҳои Рӯзи хотира ва қадршиносӣ таҳти шиорҳои «То хотира ҳаст, миллат ҳаст» ва «Эътибор ва ғамхорӣ – вазифаи инсонӣ» баргузор шуд.
Раисҷумҳури кишварамон дар маросими бошукӯҳе, ки дар амфитеатри Боғи Ғалабаи пойтахт сурат гирифт, ҳамаи собиқадорон ва аҳолии Ӯзбекистонро ба муносибати фарорасии ҷашни умумихалқӣ табрик кард.
Собиқадорони ҷанг ва фахриёни самарқандӣ низ ин маросимро тамошо карданд. Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар назди собиқадорону фахриён суханронӣ кард ва барои эътибору ғамхорие, ки бо ташаббуси роҳбари давлат ба собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нишон дода мешавад, сипосгузорӣ намуд. Ӯ гуфт, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 нафар собиқадори ҷанг ва фахриёни меҳнат зиндагӣ мекунанд. Дар ин рӯз намояндагони давлат, созмонҳои ҷамоатӣ, низомиён, пиронсолон ва ҷавонон зери пойи муҷассамаи Модари мотамсарои Майдони хотира гул гузоштанд ва қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро ба ёд оварданд.
Ҳамчунин, дар майдони Кӯксарой бо ташаббуси фармондеҳии Округи марказии ҳарбӣ ва ҳамкории идораҳои низомӣ тадбирҳои идона баргузор шуд.
Дар чорчӯбаи тадбир мардум бо аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ ошно гардиданд. Дастаи оркестри ҳарбӣ барои ҳозирон мусиқӣ ва сурудҳои даври Ҷанги дуюми ҷаҳониро иҷро кард.
Кормандони хадамоти таъминоти моддии округ намоиши либосҳои махсуси даври ҷангро ташкил карданд. Илова бар ин, сарбозон ҳунари ҷангии худро ба мардум намоиш доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ