Ифтор ё ифтихор?

Аз Салмони Форсӣ ривоят мекунанд: «Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуданд: Касе, ки ба як рӯзадор ифторӣ медиҳад, ин баробар бо озод кардани як ғулом ва боиси мағфирати гуноҳҳои ӯ мешавад». Касе гуфт: «Эй Расули Худо, охир на ҳамаи мо имкони ифторӣ додан ба рӯзадорро дорем». Расули акрам гуфт: «Аллоҳ ин савобро ба касе ато мекунад, ки ба рӯзадор бо каме шир, ё хурмо, ё як ҷуръа об ифторӣ медиҳад. Вале касе агар рӯзадорро сер мекунад, ин боиси мағфирати гуноҳҳои ӯ мегардад ва Аллоҳ ӯро аз Ҳавзи ман менӯшонад, ки ӯ то дохил шудан ба биҳишт ташна намемонад. Ба ӯ баробари аҷри рӯзадор аҷр дода мешавад, аз аҷри ӯ (рӯзадор) чизе кам намегардад».
Ҳанӯз моҳи мубораки Рамазон меҳмони мо аст ва касоне, ки имкон доранд, барои рӯзадорон дастархони ифторӣ боз мекунанд. Дар ҳар куҷое, ки ифтор аст, имоме ё нафаре, ки саводи динӣ дораду сокини ҳамон маҳал, ё гирду атрофи он мебошад, ба ифтор даъват мешаванд. Тавре ки мегӯянд, «ғараз аз тушбера гӯшт хӯрдан аст», мақсад аз даъвати онҳо албатта шунидани амри маъруф ва панду ҳикмати исломӣ мебошад.
Ду-­се рӯз пеш дар ифторе домуллои машҳуре аз шаҳри дигар меҳмон буд ва лавҳаи видеоӣ аз ташрифи ӯ дар ифтор зуд дар шабакаи YouTube пайдо шуд. Ин домулло шахсиятест, ки дар саросари кишвари азизамон ихлосмандони зиёд дорад ва лавҳаҳои видеоӣ аз амри маъруфи ӯ дар маъракаҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаровонанд. Бешубҳа, ташрифи чунин домулло аз роҳи дур бе асар нахоҳад монд. Мардум одатан ба дидори чунин шахсиятҳо иштиёқи хоссае доранд ва панду насиҳатҳои ин зумра шахсиятҳо ба мардум бештару амиқтар таъсир мекунад. Аммо танга тарафи дигар низ дорад.
Калонсолони мо медонанд, ки чандин сол пеш дар тӯю маъракаҳои вилоятҳои кишвар сурудхонии ҳунармандони пуровозаи пойтахт ягон-­ягон ба назар мерасид. Аксарият маъракаҳо бо ҳунармандони маҳаллӣ мегузашт, ки нисбат ба сарояндагони «пойтахтӣ» барои хидмати худ арзонтар музд мегиранд. Аммо имрӯз вазъият дигар шуд ва ҳоло мусобиқаи «Кӣ зӯртарин сарояндаро ба тӯй даъват мекунад?» расм гардидааст. Он пулҳое, ки бо арақи ҷабин ва гоҳо бар ивази саломатӣ дар дохилу хориҷ аз ватан ба даст меояд, барои ду-­се соат ва гоҳо ҳатто чанд дақиқа ҳунарнамоии сарояндагони меҳмон сарф мегардад. Нафс дар зери ниқоби «орзую ҳавас» маблағи калонеро, ки метавонад барои домоду арӯси нав ба кор ояд, ё метавонад як мушкили бечораеро, ки ба назараш имконнопазир аст, ҳал кунад, ба бод медиҳад. Ва ин ҳамон савоби бузургест, ки бархе одамон барои ёфтани он моҳу замони муайяне ҷустуҷӯ мекунанд.
Чаро масъалаи тӯйро ба хотир овардем? Мақсад он аст, ки намехоҳем даъвати имому домуллоҳои машҳури кишвар низ монанди даъвати ситорагони эстрада ба мусобиқаи наве табдил ёбад. Чунки аллакай дар миёни одамон овозае шудааст, ки «фалонӣ домуллои машҳуреро аз фалон шаҳр ба ивази фалон сӯм ба ифтор даъват кардааст». Ҳамчунин, видеои ин ифтор, ки дар YouTube гузошта шуд, метавонад баъзе ҳаводорони ному шуҳратро ба оғози «мусобиқа»-и наве таб­лиғ кунад. Чун, дар як-­ду ҳолат наворбардор, ки бояд танҳо домуллоро ба навор мегирифт, лавҳаҳоеро гузоштааст, ки дар он хонаи боҳашамату дастархони пур аз нозу неъмат нишон дода мешавад. Кас беихтиёр хаёл мекунад, ки гӯё намоиши онҳо дар пасманзараи ифтор низ мақсад бошад. Шояд ифтордиҳанда фақат бо нияти нек ин суфраро ороста буд. Аммо, ҳангоми баргузории чунин маъракаҳо ба ҳама ҷиҳат ҷиддӣ эътибор диҳем ва пайомадҳои мусбату манфии ҳар як амалро хуб андешем. Чун мардум дар маъракагузарониҳо аз навигариҳо зуд пайравӣ мекунанд, хоҳ шоиста бошад, хоҳ ношоиста.

Умед ФАРҲОДЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ