ДАР ПОЛША БАХШИДА БА ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ МАҶАЛЛАИ МАХСУС НАШР ШУД



Дар Варшава маҷаллаи «Ӯзбекистони нав: маркази корчаллонӣ, фарҳанги нодир ва сайёҳии ҷаҳонӣ» нашр гардид, ки ба 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон бахшида шудааст.
Маҷаллаи рангаи 80-саҳифаина аз ҷониби Сафоратхонаи Ӯзбекистон ба забони полякӣ дар ҳамкорӣ бо нашриёти «REA» ва ширкати ноширии «DrukarniaSkle-niarz» интишор ёфт.
Бояд гуфт, ки ин нашрияи доир ба Ӯзбекистон аз соли 2016 боз ҳар сол чоп мешавад ва маҷаллаи кунунӣ шумораи шашуми он аст.
Он бо нуктаҳо аз Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис, ки 29 декабри соли 2020 эълон шуда буд, оғоз меёбад, дар ин сархатҳо муҳтавои ҳуҷҷати мазкур, ки бинобар моҳияти худ барномаи давлатии амалиёт барои соли 2021-ум ба шумор меравад, дода шудааст.
Дар боби аввал, ки «Стратегияи амалиёт бинобар панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021» ном гирифтааст, моҳият ва мазмуни ин барномаи дақиқи амалиёт кушода дода мешавад. Дар 17 қисмати махсус самтҳои муҳимтарини Барномаи давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, энергетика, ҷанбаҳои бонку молия ва иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, коҳиш додани нодорӣ, рушди сайёҳӣ, идораи самарабахш ва аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ, риоя ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, экология ва ҳифзи муҳити атроф ифода ёфтаанд.
Дар боби дуюм «Такмил додани низоми сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ» дар бораи низоми сиёсӣ ва сохтори иҷтимоии давлат, дастовардҳои муҳим дар соҳаи таъмин кардани волоияти қонун ҳикоя карда мешавад. Дар 12 қисмат бинобар назорати парлумонӣ ҳамчун омили муҳими пешрафт, тағйирот дар қонунгузории интихоботи Ӯзбекистони нав, сабабҳои кӯчондани санаи интихоботи Президенти Ӯзбекистон аз моҳи декабр ба моҳи октябри соли 2021-ум, такмил додани низоми маъмурияти давлатӣ, бартариҳои шакли нави хидматрасонии иҷтимоӣ, нақши маҳаллаҳо дар дастгирӣ кардан, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, моҳияти сиёсати ҷавонон ва кори маҷмӯӣ бинобар таъмин сохтани шуғли ҷавонон маълумот дода шудаанд.
Комёбиҳои Ӯзбекистон бобати баланд бардоштани самаранокии ислоҳот, фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди ҳамаҷониба ва устувори давлату ҷомеа, татбиқ сохтани самтҳои бартаринок бинобар бозсозии мамлакат ва озодкунии тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз байн бардоштани нодорӣ ва паси сар намудани оқибатҳои пандемия дар кишвар зикр гардидаанд.
Боби сеюм «Волоияти қонун, ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ» ном дошта, бо матни суханронии роҳбари давлати мо дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ибтидо мегирад. Дар ҳамин ҷо ташаббусҳои нави Ӯзбекистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешниҳод шудаанд. Дар 8 қисмат ҷанбаҳои нави ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ, ташаббусҳои дорои ҷиҳати ҷаҳонӣ, ки роҳбари давлат дар сессияи ҷашнии 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ 23 сентябри соли 2020-ум иброз доштааст, кушода дода шудаанд.
Масъалаҳои мубориза бо таъмагарӣ ва дигар ҳодисаҳои манфӣ махсус таъкид шудаанд. Таъкид мегардад, ки моҳияти муҳимтарин ва асосии Ӯзбекистони Нав ин гарави пешрафт ва шукуфоии давлату ҷамъият будани нирӯи роҳбарикунандаи қонун маҳсуб меёбад.
Дар боби чаҳорум, ки «Рушд ва озодкунии иқтисодиёт» ном гирифтааст, иқтидори иқтисодӣ, сармоявӣ, илмию инноватсионӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, энергетикӣ, бонкию молиявӣ, саноати аграрии Ӯзбекистон ҳамаҷониба таҳлил гардидааст.
Дар 10 қисмати он тағйироти асосӣ дар пешрафти рушди иҷтимоиву иқтисодии Ӯзбекистони Нав, ислоҳоти иқтисодӣ, маҳдуд сохтани иштироки давлат дар иқтисодиёт ва баланд бардоштани нақшу аҳамияти сектори хусусӣ, ислоҳоти бонкӣ, стратегияи нави нақлиёт ва логистика, аз ҷумла иштироки Ӯзбекистон дар сохтмони гузаргоҳҳои байналхалқии нақлиётӣ, истифодаи имкониятҳои транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, даврони нави трансформатсия ва бозсозии энергетикӣ ва комёбиҳо дар хоҷагии қишлоқи мамлакат маънидод гардидаанд.

Дар боби панҷум таҳти унвони «Рушди соҳаи иҷтимоӣ» ба татбиқсозии Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон ва ҳифзи саломатии аҳолӣ», бартариҳои нав ва талаботи таълими муттасил, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон, дастгирӣ кардани баробарии гендерӣ ва вусъат додани ҳуқуқу имкониятҳои занон эътибор дода шудааст.
Дар бораи чораҳо бинобар рушди нигаҳдории тандурустӣ ва варзиш, таъмин сохтани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, табақаҳои ночори ҷамъият, мӯйсафедон, бахусус дар даврони пандемияи коронавирус ҳикоя карда мешавад.
Дар боби шашум бо унвони «Амният, кушодадилии динӣ ва ҳамдилии байналмиллӣ, сиёсати хориҷа» ба бартариҳои сиёсати хориҷӣ, ҳамкории Ӯзбекистон бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ ва СҲШ, пешомадҳои ҳамкории тарафайн бо Созмони умумиҷаҳонии савдо ва Иттиҳоди иқтисодии Евроосиё мақоми махсус дода шудааст, ба ташаббусҳои ҷумҳурӣ, ки ба шарофати онҳо муносибат бо ин созмонҳои байналхалқӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд, баҳои баланд дода мешавад.
Қисматҳои махсус ба модели нави сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, муносибатҳои стратегии Ӯзбекистон бобати таъмин кардани амният дар Осиёи Марказӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон, саҳми кишвар бинобар истиқрори иқтисодиёти Афғонистон, рушди низомҳои нақлиётию логистикӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бахшида шудаанд.
Дар қисмати алоҳида дар бораи пешрафти шарикии ӯзбекистониву полшагӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсонпарварӣ, таърихи муносибатҳои тарафайни кишварҳо нақл карда мешавад.
Дар боби ҳафтум, ки «Рушди сектори сайёҳӣ дар Ӯзбекистон» номида мешавад, дар бораи такмил додани инфрасохтори сайёҳӣ, хатсайрҳои асосии сайёҳӣ ва хелҳои гуногуни сайёҳӣ дар мамлакат маълумот дода мешавад. Як қатор иншооти сайёҳӣ дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива, Қаршӣ, Қӯқанд ва шаҳрҳои дигар, инфрасохтор барои сайёҳии дохилӣ ва байналхалқӣ зикр гардидаанд. Дар бораи он ки сайёҳи хоҳишманди саёҳат ба Ӯзбекистон чиро бояд донад, маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.
Дар ҳамин ҷо дар бораи ошхонаи миллии Ӯзбекистон ва тарзи тайёр кардани баъзе таомҳои миллӣ маълумот дода шудааст.
Маҷалла бо теъдоди 2 ҳазор нусха чоп ва дар байни доираҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, академӣ, тадбиркорӣ, журналистӣ, ҳамчунин зиёда аз 400 ширкатҳои сайёҳии Полша паҳн шудааст.

ОИ «Дунё»,
ВАРШАВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ