Пандемия: Шумори касоне, ки дар бемористонҳоянд, ба 3,9 ҳазор нафар наздик шуд


Рӯзи гузашта дар саросари Ӯзбекистон 359 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд.
Бино ба маълумоти вазорати ҳифзи тандурустӣ, шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 95826 нафар расид.
Аз ҷумла, дар Самарқанд дар як шабонарӯз 65 нафар гирифтори коронавирус шуданд.
Як нафар бемор рӯзи гузашта фавтид ва шумори умумии қурбониёни пандемия дар кишвар ба 667 нафар расид.
Ҳоло дар бемористонҳо 3858 нафар бемор муолиҷа мегиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ