Шумо хушбахтед!Агар шумо: «Ман бадбахт!» гӯед, пас фикр кунед, ки чаро шумо бадбахтед.


Шояд бо шавҳари худ ҷанҷол кардед. Насӯзед. Бегоҳ як табассум кунед, кифоя. Ё ки аз вай пештар занг занед, узр пурсед, ду даҳон сухани ширин бигӯед. Ана ба шумо БАХТ!
Ё дили шумо аз фарзандонатон хавотир? Охир, онҳо меваҳои ширинтарини оилаанд. Пас, дар бораи одамоне фикр кунед, ки ин неъмат ба онҳо насиб нашудааст. Пулҳои беҳисоб сарф карда, дари шифокор соатҳо интизор шуда, калимаҳоиед нест»-ро мешунаванд… Шумо ба ҷойи онҳо шуданатон мумкин буд.
Хушбахтона, шумо фарзанд доред. Ин яке сабаби беҳтарин аст, ки ман хушбахт ҳастам бигӯед. Ё шумо норасоии моддиро ба бадбахтӣ табдил медиҳед? Дар ҳақиқат, Аллоҳ, ки моро офаридааст, ризқ медиҳад. Дар асл, ризқи банда зери пой аст. Аммо мо сарвати бештар мехоҳем. Вақте ки бисёр шуд, исроф мекунем.
Агар шумо худро аз беморӣ ё маъюбии ҷисмонӣ бадбахт ҳис кунед, бидонед, ки ягон дард табобатнашаванда нест.
Даст надоред? Онҳое ҳастанд, ки аз ҳар ду дасташон маҳрум гардидаанд.
Магар як поятон нест? Дар бораи онҳое фикр кунед, ки умуман пой надоранд ва тамоми рӯз ба шифт менигаранд.
Наметавонед бо як чашм бинед? Магар одамони ду чашмашон нобино нестанд?
Пас, биёед неъматҳое, ки ба мо дода шудааст, қадр кунем, аз онҳо баҳра бубарем ва худро хушбахт ҳис кунем.
Аз китоби «Бахтли ҳаёт сари»
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ