Шумори қурбониёни ҳамлаи Исроил ба 109 нафар расид


вазорати ҳифзи тандурустии Фаластин дар бораи қурбониёни ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазо маълумот дод.
Дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ то ҳол 109 нафар кушта шудаанд. 28 нафари қурбониён ноболиғ ва 15 нафари дигар зан мебошанд.
Ҳамчунин, 621 нафар фаластинӣ захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ёдовар мешавем, муноқишаи навбатӣ байни фаластиниён ва исроилиён рӯзи 7 май оғоз шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ