10 МАВОДИ ТАБИӢ, КИ ДАР ПОКСОЗИИ ҶИГАР АҲАМИЯТИ МУҲИМ ДОРАНД



Ҷигар баданро аз ҳама чиз, аз заҳрҳои шимиёи гирифта то вирусҳо ва боктериҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, муҳофизат мекунад. Тақрибан тамоми чиҳзое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвоъи заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар дар ҳақиқат дарвозабони ниҳоии бадан аст.

Маҳз ҷигар аст, ки тасмим мегирад чи чизе вориди бадани шумо шавад ва чи чизе аз он хориҷ шавад. Бо анҷоми ин кор, ҷигар ба поксозии хун ва аз байн бурдани анвоъи олояндаҳои хатарнок кӯмак мекунад. Аммо бо масрафи режими ғазоии ғайритабии, ки шомили ғазоҳои фанноваришуда ва асосан бидуни ҳеҷ арзиши ғазоӣ мебошанд, ҷигари шумо бояд беш аз ҳад кор кунад, то баданро аз осебҳои олудагиҳои хориҷӣ ҳифз намояд. Ҳатто ҷигар, бо вуҷуди ин ки як абарқаҳрамон аст, маҳдудиятҳое дорад ва метавонад дар ин мубориза шикаст хурад. Ҳар замоне, ки битавонем аз маводи ғизоии табии истифода кунем, ин кор як имтиёзи мусбат барои бадан ба шумор меояд. Бинобар ин, мо бархе аз роҳҳои табии ва бехатарро муаррифӣ мекунем, то ба шумо дар таъмини маводи калидии мавриди ниёз барои поксозии ҷигар кумак кунанд.

1. Об. бадани одами умдатан дар 70% аз об ташкил шудааст. Ин амр ба он маъност, ки барои коркарди матлуби бадан бояд об бинӯшед. Об ба хориҷ кардани заҳрҳои номатлубе, ки ҷигар барои ҳалли онҳо нерӯи зиёде сарф мекунад кумак мерасонад ва ба таври ҳамзамон маводи ғизоии муфидро дар саросари бадан паҳн мекунад. Вақте ташна ҳастед яъне бадани шумо дар ҳоли ҳозир дучори камобист ва бинобар ин, дар тамоми тӯли рӯз ба таври мудовим об масраф кунед.

2. Лиму. Лиму қатъан дар листи беҳтарин меваҳои табии қарор мегирад. Ба ин далел, ки метвонад на фақат ба ҳифзи саломати шумо кумак кунад, балки мушкилоти саломатии мавҷуд ҳатто саратонро ҳам метавонад дармон кунад. Шумо метавонед ҳар бор оби лимуро ба обе ки менӯшед изофа кунед. Аммо таҳқиқотҳои охир нишон медиҳанд, ки фавоиди воқеъии лиму танҳо бо масрафи тамоми қисматҳои он ба даст меояд.

3. Зардчуба. Тибқи гузоришоти таҳқиқотҳои пизишкӣ зардчуба дар қатори фавоиди зиёд, бофтаҳои осебдидаи ҷигарро низ бозсозӣ мекунад. Шумо метавонед миқдоре аз ин адвияро болои ғизои худ бипошед ё онро ба шакли капсул масраф кунед.

4. Анвоъи буттамеваҳо. Буттамеваҳо дар таркиби худ миқдори зиёди маводи ғизоии солим, фибрҳо ва антиоксидонт доранд. Хурдани як мушт аз анвоъи буттамеваҳо ҳар рӯз, қатъан метавонад ба самъзудоии ҷигар кумак кунад.

5. Сир. Сир як зидди боктерии қавӣ ва сарҳор аз серениюм ва олесин аст, ки ҳардуи инҳо маводи калидӣ барои аз байн бурдани заҳрҳо мебошанд. Агарчи масрафи сири тоза беҳтар аст, аммо бо ин ҳол метавонед муккамилҳои сирро низ масраф кунед. Ҳангоми хурдани сир ҳамеша бо ёд дошта бошед, ки баъди тоза кардани он 10 — 15 дақиқа сабр кунед то аҷзои фаъоли он озод шаванд.

6. Гейрфрут. Гейрфрут меваи дигарест, ки миқдори зиёди антиоксидонт мебошад ва як антиксидонти хос бо номи норинҷирин дар таркибаш вуҷуд дорад. Норинҷирин фаловоиди қудратмандест ва ба унвони зиддиилтиҳобии фавқулъодда шинохта мешавад, ки дар пешгирӣ аз бемориҳои зиёде муассир аст. Грейфрут ҳамчунин дар таркибаш онзиме дорад ва метавонад дар ҷигар вокунише эҷод кунад, ки боиси ҳал шудани бештари таркиботи самъии он ва хориҷ шуданашон аз бадан кумак кунад. Илова бар ин, грейфрут барои пешгирӣ аз захираи чарбӣ дар ҷигар низ кумак мекунад.

7. Себ. Шояд ин ҷумларо шунида бошед, ки масрафи як дона себ дар рӯз шуморо аз муроҷиат ба табиб бениёз хоҳад кард. Далели ин амр, вуҷуди маводи фоидаоваре дар себ бо номи пектин аст, ки ба ҳазми муносиб кумак хоҳад кард ва дар ниҳодя боиси роҳҳаттар шудани кори ҷигар мегардад.

8. Ғаллоти сабусдор. Сарфи назар аз арзиши ғизоии ошкор, ғаллоти сабусдор дорои фибри режимие ҳастанд, ки ба ҳазми заҳрҳо дар ҷигар кумак мекунанд.

9. Чои кабуд. Чои кабуд дар таркибаш миқдори зиёди маводе бо номи кочин дорад. Ин мавод антиоксидонти массире мебошад, ки ба беҳбуди кори ҷигар ва чарбисузи кумак мерасонад ва захираи чарбиҳои хатарнокро дар ҷигар камтар мекунад.

10. Чормағз. Аз дигар маводи тақвият кунандаи ҷигар чормағз ба шумор меравад, ки ғани аз оксидҳои равғани омега-3, глатитиюн ва ғ. мебошад, ки вуруди маводи шимиёии хатарнок ва маводи монанди амиакро ба бадани шумо ҷулугирӣ мекунад. Илова бар инҳо, витамини мавҷуд дар мағзи чормағз, алоими бемориҳои ношӣ аз фарбеҳиро дар ҷигар ба таври чашмгир коҳиш медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ