15-уми май — Рӯзи байналмилалии оилаБа тарбияи фарзанд дар оила кӣ масъул аст?



Даҳто бошад ҷойи ҳар кадоми онҳо дигар аст, мегўяд мардум. Дар ҳақиқат, дар оила чанд фарзанд бошад, ҳар яки он бо феълу атвор аз якдигар фарқ мекунад. Яке инҷик бошад, дигаре дамдузд. Мо баъзе маслиҳатҳои муфидро дар тарбияи баъзе кўдакон пешкаш менамоем.
Тарбияи бе доду вой
Дар баъзе ҳолатҳо аз ғалваи фарзандон шумо маҷбур мешавед, ки бо тамоми қувваатон фарёд занед. Интизоми хонаро барои бе доду фарёд ба роҳ мондан ҳаракат кунед. Дар ҳар кадом ҳолат худро хотирҷамъ нигоҳ доред, ба ҳурмату эътибори фарзандон мушарраф хоҳед шуд. Ин маънои онро надорад, ки ба ҳама чиз бефарқ бошед. Ба фарзандон маслиҳат диҳед, аммо онҳоро рўҳафтода накунед.
Бифаҳмед, ки кадом суханон шуморо ғамгин мекунанд
Дар ин бора, фарзандон аз мо хубтар медонанд. Барои ҳамин аз фарзандон суханҳои: «Доим маро ҷанг мекунед», «Аз замона монда рафтаед», «Маро дўст намедоред», «Коратон аз ман ҳам муҳимтар»-ро шунавед, чуқур нафас гирифта, сукут кунед.
Озодии кўдакро маҳдуд накунед
Ҳар як кўдак дар хона бояд майдони худро дошта бошад. Аз таъқиб кардани ў худро доред. Кори муҳим надошта бошед, ба хонаи онҳо надароед. Дарвоқеъ, чизҳои ўро накобед ва ҳама ҷой бетартиб бошад ҷанг накунед. Вақташ ояд, бетартибиро худи ў мефаҳмад ва ҳама чизро ҷо ба ҷо мегузорад. Чунки худаш хоҳиш надошта бошад, ҳазор маҷбур кунед ҳам, бефоида. Пеш аз ба фарзанд омӯхтани тозагӣ ва тозакорӣ аввал хонаи худро ба тартиб оред.
Саволҳои беҳуда надиҳед
Кўдак ҳама вақт ҳам ба мулоқот кардан тайёр намешавад. Балки кўдак бо фикру хаёлҳои худ банд аст. Дар ин ҳол саволи додаи шумо аз як гўш даромада аз гўши дигар мебарояд. Агар ў фирефтаи андеша бошад, халал нарасонед. Барои ҳамин беҳуда савол надода, аз корҳои ӯ бохабар шавед.
Фикри ўро ҳурмат кунед
Баъди синну соли муайян вақти худро бо хоҳиши худ ташкил карданаш мумкин. Балки барои ӯ аз ҳамроҳи шумо ба меҳмонӣ рафтан дида, бо дўстонаш бозӣ кардан маъқултар аст. Ба ин монеъ нашавед. Зеро барои кўдак дар давраи дўстон будан аз сўҳбати калонсолон шавқовартар аст. То ҳадди имкон барои хараҷотҳои майда пул диҳед. Аммо барои ёд гирифтани сарфаи пул бигзор худаш қарор кунад, ки чӣ гуна пулро бояд сарф кунад. Агар шумо ин суханро доим ёдрас кунед, ў ҳеҷ гоҳ мус­тақилона истифода бурдан ва сарфа кардани пулро ёд намегирад.
Ба фикратон зид барояд, ҷанг накунед
Ҳар як кўдак фикр ва нуқтаи назари худро дорад. Агар ҳар сафар ба даҳонаш занед, баъдтар ў барои фикри худро баён кардан метарсад. Ин бошад, барои ҳаёти ояндааш зараровар аст. Ҳеҷ вақт фикри кўдакро танқид накунед. Фақат чӣ хубу чӣ бад аст фаҳмонед.
Ба кўдак бо чашмони пурхашм нигоҳ накунед
Вақти сўҳбат бо кўдак ба чашмонаш нигоҳ кунед, ки оё рост мегўяд ё дурўғ. Ҳатто агар кўдак виҷдони пок дошта бошад ҳам, ба тарсу ҳарос меафтод. Шумо фикри кўдакро мефаҳмам гуфта, ўро ба воҳима меандозед. Дар ин ҳолат ба боварии кўдак сазовор шудан мушкил мешавад.

Таҳия ва тарҷумаи
Лола РАҲИМОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ