10 маслиҳат аз Умари Хайём, ки бояд ҳар як зан дар ёд дорад


Фикрҳоятонро тағйир диҳед ва зиндагии атроф тағйир меёбад
Дар ҷаҳони босуръат тараққикардаи мо баъзан таваққуф кардан ва танҳо гӯш кардани худ душвор аст. Фаҳмед, ки воқеан чӣ чиз муҳим аст ва чӣ он қадар муҳим нест. Дар чунин лаҳзаҳо, беҳтарин чиз — хиради шарқӣ, ки дар тинҷӣ ва оромӣ таваллуд шудааст, метавонад шуморо ба қалби худ баргардонад,.
«Нони сиёҳ даҳшатнок нест! Даҳшат, вақте ки қалб сиёҳ аст»
Ба одамон ва вазъиятҳо танҳо аз рӯйи фоида ва самаранокӣ баҳо надиҳед. Аниқтар назар кунед ва дар бораи олами ботинии дигарон фаромӯш накунед. Ҳар гуна душвориҳоро паси сар кардан мумкин аст, агар дар дохили шумо нур, дар атрофатон одами азизатон бошад.
«Танҳо ба пеш нигоҳ кун, ҳеҷ гоҳ ба қафо нанигар»
Ҳатто агар замоне буд, ки шумо бахтиёр будед, аммо он гузашт, ба он барнагардед. Ба одамоне, ки дар айни замон шуморо дастгирӣ намекунанд, начаспед. Беҳтаринаш доимо дар пеш!
«Ба касе, ки хомӯшона корҳои зебо месозад, бовар кун»
Бале, бо суханони зебо занонро мафтун кардан осон аст. Мафтун кардан, ваъда додан ба чизе, ки ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Чунин ба назар мерасад, ки ин ҳақиқат мисли олами қадим аст, аммо то ҳол қурбони суханони оташин мешавем.
«Сукут — сипарест аз мушкилоти зиёд»
Беҳуда ва зиёд гап назанед. Хомӯшӣ ҳамеша ба шумо имкон медиҳад, ки доим ғолиб монед.
«Танҳо будан беҳтар аст, аз он ки «ба касе» гармии қалб диҳед»
Ба занҳои танҳо хеле мушкил аст. Дастгирӣ, гармӣ, муҳаббат ва муҳофизатро мехоҳанд. Зери таъсири ин хоҳишҳои табиӣ мо аксар вақт ба оғӯши онҳо мешитобем. Аммо дар чунин рафтор хавфи калон вуҷуд дорад – беҳуда сарф кардани тамоми гармӣ.
«Гуруснагӣ беҳ аз бетартиб таом хӯрдан»
Маслиҳати универсалӣ нисбат ба он хеле амиқтар аст. Дар ҷаҳони муосир, шумо бояд на танҳо ба парҳез, балки, гигиенаи рақамиро низ назорат кунед. Зеро, ин ҳамон истеъмолест, ки ба саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонии мо таъсир мерасонад.
«Бо амри дил зиндагӣ кунед: мӯҳлати марг маълум нест»
Нагузоред, то ки дигарон вақти шуморо идора кунанд. Вақт – аз ҳама азизтарин чиз дар ҳаёт аст.
«Дӯстон кам дор»
Доштани як дӯсти наздик, ки имконияти мушоҳида ва таҳлили ҳаёти шуморо дорад, беҳтар аст аз чанд нафар дӯсти дурдасте, ки танҳо дар бораи шумо тасаввуроти норӯшан доранд. Танҳо чунин дӯст метавонад маслиҳати хуб ва самимона ба хушбахтӣ ва некӯаҳволии шумо хоҳад дод.
«Онҳое, ки гӯш кардан намехоҳанд, намешунаванд»
Вақтро ба онҳое сарф накунед, ки намехоҳанд онро ба шумо сарф кунанд. Аз муҳиту атрофи заҳролуд халос шавед, аз муоширате, ки шуморо ғамгин мекунад, даст кашед.
«Зани дӯстдоштаатон бояд хушбахт бошад, агар қуваатон нарасад, ба ин кор даст назанед»
Ин фикрро дар хотираатон нигоҳ доред, шахсе, ки ба шумо сазовор аст, мулоқот ва эътироф кунед. Албатта, хушбахтӣ ҳамеша кори тарафайн аст, аммо мард орзу мекунад, ки дар канори худ зани қаноатманд ва хушбахтро бубинад ва ин баҳс намешавад.
Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ