Дар бораи бемории мигрен чиро медонем?


Дарди сар аломати бемориҳои мухталиф аст ва метавонад сабабҳои гуногуне дошта бошад. Масалан, мигрен яке аз онҳост.
Мигрен фақат як сардарди сода нест, балки як бемории решадор аст, ки ҳамаи аъзои бадан (аз фарқи сар то нӯги по)-ро бо наҳве таҳти таъсир қарор медиҳад. Мигрен аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба феҳристи 19 беморие изофа карда шудааст, ки оромиш ва созгории иҷтимоъии беморонро ба ҳам мезананд ва метавонанд яке аз омилҳои сактаи мағзӣ бошанд.

Мигрен як бемории чандҷониба аст ва чандин мутахассис (монанди, пизишки гӯшу гулӯву бинӣ, чашмпизишк ё офталмолог, ортопед, гинеколог, асабшинос, дармонгар ё терапевт ва ғайраҳо) бо он сару кор мегиранд. Яке аз аломатҳои асосии он дарди сар ё нимсара аст. Шикояте, ки бисёр роиҷ аст ва, мутаассифона, чун дар бисёриҳо он бо ҳассосият ё ринити бодигармӣ (аллергический ринит) ҳамроҳ аст, мутахассисон онро синусит ё гайморит ташхис медиханд.
Тақрибан 90-95 дарсади мардум дар тӯли зиндагии худ лоақал як маротиба ба дарди сар мубтало мешаванд. Мигрен метавонад дар афроди ҳамаи синну сол мушоҳида шавад, аз кӯдаки навзод то бузургсол. Ҳудуди ҳафдаҳ дарсади занон ва ҳафт дарсади мардон ба бемории мигрен мубтало ҳастанд, ки он маъмулан бо сардарди мутавассит ё шадид ҳамроҳ буда ва мӯҷиби коҳиши тавонмандиҳои кории онҳо мешавад.

Метавон 30 нишонаи мигренро баршумурд, ки бисёре аз пизишкон дар ин миён фақат сардардро ба он нисбат медиҳанд, дар ҳоле ки барои ташхиси он бояд беморон ба 11 мутахассис муроҷиат кунанд (асабшинос, пизишки гӯшу ҳалқу бинӣ, чашмпизишк, ортопед ё шикастабанд, мутахассисони ҳассосият ё аллергия, амрози занона ва бемориҳои қалб ва ғайра). Муҳим аст бидонем, ки дар як бемор метавон як ё чанд нишонаи бемориро мушоҳида кард. Мигрен одатан ирсӣ мебошад. Нишонаҳояш:

1. Сардарди хафиф ё шадид, ки аз як чанд сония то ду-се рӯз идома меёбад.
2. Одатан дар як тарафи сар ва гоҳ дар ҳарду тараф ҳам мушоҳида мешавад.
3. Маҳалли сар задани дарди мигренӣ решаи бинӣ, пешонӣ, паси сар, гардан, шонаҳо ва даст, гоҳе гӯш, атрофи чашм ва ҳатто дохили чашм аст.
4. Дардҳо бештар зарабондор(пульсирующий) аст. Гоҳе бо фишор додани ноҳияи дард ё бо руймол бастани сар дард таскин меёбад.
5. Маъмулан қабл аз синни 40 ва ҳатто аз синни 3-4-солагӣ низ мушоҳида мешавад.
6. Маъмулан сардардҳои мигренӣ субҳ ва бо бедор шудани ногаҳонӣ мушоҳида мешавад.
7. Хусусияти ирсӣ.
8. Бисёртар дар занҳо мушоҳида мешавад.
9. Дарди сар дар бисёрии ҳолатҳо бо саргиҷӣ ва дилбеҳузурӣ мушоҳида мешавад.
10. Дар баъзе аз беморон бо коҳиши шунавоӣ ва садо дар гӯш ё дохили сар ба назар мерасад.
11. Беҳтар шудани ҳолати бемор дар ҷои торик ва дар танҳоӣ (кам будани сару садо)
12. Дарди гӯш ва лолаи гӯш (ҳангоми вуҷуд надоштани раванди илтиҳобӣ)
13. Нури офтоб ва ё рӯшноии зиёд боиси дарди сар мегардад ва маҷбур мешаванд, ки аз айнаки сиёҳшиша истифода намоянд.
14. Дарди сар бо торик шудани пеши чашмон ва хира шудани биноӣ низ мушоҳида мешавад.
15. Ҳиссиёти хобидани даст ё пой ва ҳиссиёти давиши мурча дар пуст.
16. Сардарди шадид ва дарди шикам ҳангоми одати моҳона дар занон.
17. Ҳангоми хӯрдани шамоли кондитсионер ва ё вентилятор ба рӯй дарди сар мешаванд.
18. Сардард шудан аз бӯйҳои тез монанди бӯи атр, бензин, ранг ва ғ.
19. Афзоиши фишори хун бидунин сабабе дар синни боло.
20. Беҳиссӣ ва дард дар пусти сар ва мӯйҳои сар.
21. Маъмулан пас аз истифодаи доруҳои таскиндиҳанда (мусаккинҳо) дард рафъ мешавад ва ё гоҳе худ аз худ бе истифода аз доруворӣ ҳам хуб шавад.
22. Саргиҷӣ ва ғайра метавонад аз аломатҳои мигрен бошад.

Табобат:
1. Дардҳои мигрении хафиф(сабук) ба табобат ниёз надорад. Дар танҳоӣ нишастан ва ё бо каме хобидан бартараф мешавад.
2. Бартараф намудани омилҳо (овози баланд ва сару садо, нури офтоб, шамоли сард ва ғ…)
3. Истифода аз мусаккинҳо (доруҳои зидди дард).
4. Ҳангоми дар ҳафта ду бор ё бештар гирифтор шудан ба сардардӣ ва кумак накардани мусаккинҳо табобат бо кумаки B-блокаторҳо ва антидепрессантҳо дар зери назорати пизишк гузаронида мешавад.

Синусит ё гайморит – чист?
Синусит бемории илтиҳобии яке аз ҷавфҳои (синусы) назди бинӣ мебошад. Ба ин беморӣ

бисёртар ҷавфи ҷоғи боло ё ба қавле ҷавфи гайморӣ мубтало мешавад. Ин беморӣ одатан пас аз бемории дигар ҳам чун оризаи бемории илтиҳобӣ дар пардаи луоби ковокии бинӣ (ринити аллергӣ, грип ё зуком, кариеси дандонҳо ва ғайраҳо) мушоҳида мешавад. Метавонад барангезандаи ин беморӣ вирус ё бактерия бошад.


Сабабҳои пайдоиши беморӣ: вайроншавии баромадгоҳи луоби дохили ҷавф ба ковокии бинӣ, бо сабаби каҷшавии миёндевори бинӣ, ринити аллергӣ, салилаҳои (полипы) ковокии бинӣ ва ғайраҳо… Беморӣ дар асосои шикоятҳои бемор ва муоинаи бемор ва ҳамчунин ба воситаи рентгенографияи ҷавфҳо (синусы), томографи компютерӣ сад дарсад ташхис дода мешавад.

Табобат:
Бартараф кардани иллати беморӣ аз тариқи ҷарроҳӣ ё доруворӣ. Барои муайян намудан ва ҷудо кардани ин ду беморӣ, яъне мигрен ва гайморит (синусит), якчанд аломатҳоро бояд дар назар гирифт:

Мигрен
1. Хурӯҷи дарди сари ногаҳонӣ
2. Сару садо, нури офтоб ва шамоли сард боиси дарди сар мегарданд.
3. Дарди сар яктарафа ё дутарафа буда, аз якчанд сония то 72 соат тӯл мекашад.
4. Тағйирот дар рентген, КТ ва МРТ мушоҳида намешавад.
5. Нафаскашӣ бо бинӣ озод аст.
6. Дарди сар бо фишор додан ё бастани рӯмол ба сар ором мешавад.

Синусит ё гайморит
1. Дар бисёр ҳолатҳо дард мушоҳида намешавад ё минтақавӣ мебошад (дард дар рухсора ҳангоми фишор додан пайдо мешавад.
2. Ба омилҳое беруна вобастагӣ надорад.
3. Дардҳо минтақавӣ буда, (дарди рӯй, решаи дандонҳо ва ҳатто як тарафи рӯй бо гардан) то бартараф намудани омил рафта-рафта зиёдтар мешавад.
4. Дар рентген, КТ ва МРТ илтиҳоби пардаи луобӣ ва фасод дида мешавад.
5. Душвории нафаскашӣ бо бинӣ, резиши оби бинӣ ва эҳсоси бӯи бад дар бинӣ
6. Ҳангоми фишор додан ба рухсора зиёдтар мешавад.

Бо ҷавоби дуруст додан ба ин суолҳо ба роҳатӣ метавонед вуҷуди мигренро дар худ ташхис бидиҳед:
1. Оё сару садо, овози баланд, нури офтоб Шуморо азият мекунад?
2. Оё дарди сар, гардан, шона ва хоб рафтани яке аз дастҳо, ҳиссиёти давиши мурча дар пӯстро доред?
3. Оё ҳангоми гуруснагӣ эҳсоси дарди сар мекунед?
4. Оё ҳангоми дарди сар дилбеҳузурӣ ва хастагиро ҳис мекунед?
5. Оё ҳангоми зиёд фикр кардан ва хондани тӯлонӣ дарди сар мегиред?

Ҳангоми мусбат будани ҷавобҳо ба 2 ё 3 суол эҳтимоли вуҷуди мигрен 93 дарсад аст.
Нозим Шодиев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ