Зардолу истеъмол намоед ва ҳамеша солим бошед!


Зардолу яке аз меваҷоти қадимтарин ва пурарзиш мебошад. Таърихи пайдоиши зардолу хеле куҳан буда, он сирри зиёди ин меваро аз мо ниҳон медорад. Ватани зардолу Хитой ба ҳисоб меравад. Зардолу яке аз меваҳои беҳтарини субтропикӣ мебошад. Меваҳои зардолуро ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушк карда истеъмол мекунанд.
Аз рӯи нишондоди арзиши ғизогии лами зардолу он дар байни меваҳои донакдор чойи аввалро ишғол мекунад.
Дар меваҳои зардолу то 260 мг/100 грамм пайвастагиҳои гурӯҳи флавоноидҳо мавҷуданд, ки дорои хусусиятҳои зиддимикробӣ ва аз нур муҳофизат кардан мебошад. Инчунин он аз пектинҳо, витаминҳои Р, А, В1, В2, В6, намакҳои минералии калий, калтсий, оҳан, маводҳои зиддибактериявӣ, ишқорҳои себӣ, лимӯӣ ва салитсилӣ бой мебошад. Зардолу дар худ энергияи қанд, витаминҳо, минералҳо, пектинҳоро захира мекунанд, бо ибораи дигар ҳамаи унсурҳои барои ҳаёти организм заруриро дар таркибаш дорад. Ранги зарди меваҳо аз бета-каротин вобаста аст, ки дар таркиби зардолу хеле зиёд ба назар мерасад.
Зардолуи хушки аз донак тоза карда шуда махсусан маъмул мебошад. Зардолуи хушк ғизои баланд дошта, дорои карбогидратҳои тезҳалшаванда мебошад. Зардолуи хушкро ҳамчун манбаи серғизо ва шифобахш дар андозаи 100-150 грамм дар як шабонарӯз ба одамони лоғару заиф ва беморон тавсия мекунанд. Истеъмоли зардолуи хушк ба одамони гирифтори касалиҳои дил, камхунӣ ва авитаминоз фоидаовар аст. Дар тибби миллии Хитой тухмиҳои зардолуро хамчун воситаи муолиҷаи сулфа ва ғайра истеъмол менамоянд. Ҳамчунин истеъмоли мағзи зардолу дар баробарии дигар растаниҳои шифобахш барои муолиҷаи бронхит, трахит, ларингит, сулфаи кабутак ва нефрит мувофиқи мақсад аст.
Таҳияи Л.РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ