Дар роҳи ризо намудани мардум


Шиносоии Президентамон бо тақсимот оиди натиҷаоварии ислоҳот дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ, инчунин, дар ҷараёни мазкур муаммоҳои зиёди соҳаро пеш гузошта, вазифаҳои навро муайян намудани ӯ нишон дод, ки ба кору фаъолиятамон бо ҷаҳонбинии нав нигоҳ кардан, ба хусус, манфиатҳои аҳолиро дар ҳудудҳо ба назар гирифтан, дар хизматрасонии давлатӣ таҷрибаи ба худ хосро истифода бурдан, дар ин роҳ бо мақсади аниқ ва беистиҳола ҷустуҷӯ намудан, бештар меҳнат кардани мо зарур мебошад.
Маълум, ки доираи хизматрасонӣ сол то сол васеъ мегардад. Хусусан, имрӯз намудҳои хизмат ба 157 адад расидааст. Агар дар мисоли вилояти Самарқанд нигарем, аз онҳо рӯзе ба ҳисоби миёна зиёда аз 2000 ҳазор нафар аҳолӣ истифода мебаранд. Агар ин рақамҳоро дар мисоли соли гузашта таҳлил кунем, то рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ тавассути марказҳои хизмати давлатии вилоят 141661-то хизматрасонӣ амалӣ шудааст. Ҳамчунин, дар ин давр 11639-то субъекти тадбиркорӣ аз рӯйхати давлатӣ гузаронида шудааст. Аз он 3905-тоаш чун субъекти тиҷорати хурд ҳамчун шахси юридикӣ аз рӯйхати давлатӣ гузашта бошад, 7734-тоаш субъектҳои тадбиркорие ҳастанд, ки ҳамчун тадбиркори тартиби якка аз рӯйхат гузаштаанд.
Албатта, ин рақамҳо худ аз худ ба вуҷуд наомадаанд. Дар асоси онҳо, дар марказҳои тамоми ноҳияву шаҳрҳои вилоят ба истифода супурда шудани марказҳои хизмати давлатӣ, ки шароитҳои замонавию шинам доранд, барои аҳолӣ қулайиҳои зиёд фароҳам меорад.
Роҳбари давлатамон дар давоми тақдимот яке алоҳида таъкид намуд, ки яке аз асосҳои розинамоии одамон будани хизмати идораҳои давлатӣ, дар кадом деҳа, маҳалла мавҷуд будани эҳтиёҷро ба ҳисоб гирифта, мувофиқи он шароит ба вуҷуд овардан, масъалаҳои кадом хизматҳоро арзон, кадомашро бепул карданро таҳлил намуда, барои аҳолӣ сабукӣ ва қулайиҳо фароҳам овардан мебошад. Албатта, ба воситаи он сохтори хизматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ боз ҳам соддатар шуда, тамоилҳои зудамалӣ ва сифатнокии хизмат­расонӣ мустаҳкам хоҳанд гардид.
Хӯш, дар ин бора дар Самарқанд то ин вақт кадом корҳо амалӣ карда шуданд? Қайд намудан ҷоиз аст, ки айни ҳол дар ҳудудҳои аз марказҳои ноҳия (шаҳр) дур, яъне дар деҳаҳои Ҷонбулоқи ноҳияи Қӯшработ, Саҳобаи ноҳияи Нуробод, Олтиқаҳрамони ноҳияи Пастдарғам, Қайнамаи ноҳияи Самарқанд, Ингичкаи ноҳияи Каттақӯрғон ва Ҷартеппаи ноҳияи Ургут шохобчаҳои марказҳои хизмати давлатӣ фаъолият доранд.
Филиалҳои ташкилгардида бо тамоми таҷҳизоти замонавии техникӣ таъмин буда, аз ҷониби ходимони марказ ҳар ҳафта ду рӯз ба аҳолӣ хизматрасонии давлатии зудамал, қулай ва шаффоф ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ шумораи чунин шохобчаҳо якчанд адад афзуд.
Аниқтар карда гӯем, дар ҳудудҳои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои «Имом ал-­Бухорӣ»-и ноҳияи Пайариқ ва «Қарнаб ота»-и ноҳияи Пахтачӣ дар арафаи ҷашни истиқлолият ба кор даровардани ҳамин гуна шохобчаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои одамон дар шӯъбаҳои алоқаи почтаи ҳудудҳои канора ва дурдаст низ хизматрасонии электронии давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар 2-то шӯъбаи алоқаи ноҳияи Қӯшработ, 4-то дар ноҳияи Пахтачӣ, 3-то дар ноҳияи Пайариқ шаҳрвандон аз деҳаҳои истиқоматкардаистодаи худ набаромада, имконияти истифодаи зиёда аз 10 намуди хизматҳои давлатиро доранд. Дар асоси қарори Президентамон аз 14-уми декабри соли 2020 таҳти рақами ҚП‑4921 то ҷамъбасти соли мазкур нишон додани ҳамин гуна намудҳои хизмати давлатӣ дар 10-то шӯъбаи алоқаи ноҳияи Қӯшработ, 9-то дар ноҳияи Пахтачӣ, 12-то дар ноҳияи Пайариқ ба назар гирифта шудааст. Ин гуна фарогирӣ дар ҳудудҳои дигари вилоят низ зина ба зина идома дорад.
Дар асоси таҷрибаи хориҷа, оиди то охири соли 2021 ба 200-то расонидани хизматрасонӣ тавассути марказҳои хизмати давлатӣ, инвентаризатсия кардани тамоми 716-то хизмати давлатӣ, содда кардани муддат, миқдори пардохт, шарт ва дигар талабҳои он нишондодҳо пешниҳод намуд.
Ин масъалаҳо беҳуда ба забон гирифта нашудаанд. Дар амалиёт татбиқнамоии ҷараёни мазкур имконияти аз як ҷой гирифтани хизмат ва маълумоти заруриро боз ҳам зиёд мекунад. Ин дар навбати худ оворагардии барзиёд, муаммоҳои вобаста ба пардохтҳо, ташкилот ба ташкилот сарсону саргардон шуда гаштанро барҳам медиҳад.
Албатта, дар он такя намудан ба таҷрибаи хориҷа гарави самарадории баланд мебошад. Чунки дар бисёр давлатҳои ривоҷёфта сохтори хизматрасонии давлатӣ ба шаҳрвандон кайҳо рақамӣ кунонида шудааст. Мо бошад ба ин акнун гузашта истодаем. Ба наздикӣ сохтори хизматрасонӣ боз ҳам содда кунонида шуд. Аз ҷумла, 18 намуди маълумоти дар зиёда аз 450 ҳуҷҷати қонун нишондодашуда ва талаб намудани ҳуҷҷатҳо аз аҳолӣ ва тадбиркорон бекор гардид. Муайян карда шуд, ки аз 1-уми июн  қатъи назар аз ҷойи аз рӯйхати доимӣ (муваққатӣ) гузаштаи шаҳрвандон, дар асоси тамоили экстерриториал ба амал бароварда шудани қайднамоии далолатномаи ҳолати шаҳрвандӣ, аз назорати тиббӣ гузаронидани шахсони никоҳшаванда, барои амалинамоии ҳаракатҳои нотариалӣ тамоми маълумотҳое, ки ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста мебошанд, аз ҷониби идораҳои нотариалӣ ба таври мустақил тавассути сохтори ахбории «Архиви электронии ягонаи ФҲДЁ» ба даст оварда мешаванд.
Барои ҳамин дар вилоятамон 6 миллиону 525 ҳазору 864 дона маълумоти дар шакли коғазбуда, ки дар архиви сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вуҷуд доранд, пурра рақамӣ кунонида шуданд. Ғайр аз ин, барои гирифтани калиди имзои рақамии электронӣ ба субъектҳои тадбиркорӣ қулайиҳо ба вуҷуд оварда шуда, онҳо дар ин ҷараён метавонанд пардохтҳоро дар намуди нақд ҳам ба амал оваранд. Албатта, навигариҳои соҳа бо ҳамин маҳдуд шуда намондааст. Онҳо аз ҷиҳати миқдор ҳам, аз ҷиҳати сифат ҳам хеле баланданд. Агар барои хизматрасонии давлатӣ даври нав сар шуд гӯем, муболиғае нахоҳад шуд.

Мақсуд ҚУРБОНОВ,
сардори Садорати вилоятии Агентии хизматҳои давлатӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ