Асрори нуҳуфтаи мадрасаи Улуғбек

Дар таърихи маданияти Осиёи Марказӣ даври нимаи дуюми асри XIV ва ибтидои асри XV, ки Темур ва темуриён ҳукмронӣ кардаанд, ба рушдёбии умумии таърихӣ таъсири намоён расонидааст. Ин пешравӣ, дар навбати аввал бо ном ва фаъолияти Амир Темур вобастагии узвӣ дорад. Минбаъд темуриён тараққиёти иҷтимоиву маданиро давом дода, барои нигоҳ доштани анъанаҳои хоси сулола кӯшиш карданд.
Ривоҷёбии маданияти шаҳрсозӣ, корҳои ободонӣ ва бунёдкории Осиёи Миёна бахусус дар давраи ҳукмронии набераи Амир Темур – Мирзо Улуғбек баръало ба назар мерасад. Дар замони Темур дар Самарқанд фақат дуто мадраса бунёд ёфта буд. Онҳо мадрасаҳои Муҳаммад Султон дар маҷмӯи Гӯри Амир ва Сароймулкхонум буда, бо дахмаҳои сулолавӣ вобастаанд. Дар давраи Улуғбек бошад, шумораи мадрасаҳо афзуд. Доир ба корҳои меъмории Амир Темур ва Мирзо Улуғбек дар «Ҷуғрофия» ном асари Ҳофизи Абрӯ чунин маълумот оварда шудааст: «Дар атрофи Самарқанд, ба туфайли корҳои ободонии ҳазрати Амири Соҳибқирон ва амирзодаи бузург (Мирзо Улуғбек), ба кадом тарафе равон гардед, ҷойе барои дар саҳро, ба муддати як моҳ ё ки ду моҳ истодани мусофирон боқӣ намондааст. Онҳо ҳазор савора бошанд ҳам, барои ҳамаашон дар давоми чор фасл зистгоҳ ва об омода аст. Атрофи Самарқанд, қисми ба шаҳр дахлдори он панҷ ҷӯй ва 72 деҳа дорад: ҷӯйи Бозор, ҷӯйи Маздохин, ҷӯйи Оби Раҳмат, ҷӯйи Каранд (Коранд), ҷӯйи Анҳори Ҷадид».
Мадрасаи Улуғбек ҳамчун асари меъморӣ намунаи мумтози обидаҳои Шарқ ба шумор меравад. Аз тамоми иншооте, ки дар Регистон сохта шудааст, фақат мадрасаи Улуғбек то ба мо омада расидааст. Он аз ду қабат иборат буда, 55 ҳуҷра дорад ва дар чор кунҷи он дарсхонаву айвонҳои калон мавҷуданд. Ҳар як хона барои хониш, зист муқаррар гардида, дар қисми алоҳидаи он ашёи заруриро нигоҳ медоштанд. Дар ҳуҷраҳои барои таълими махсус ҷудокардашуда 2–3 толиби илм мехонданд ва зиндагӣ мекарданд. Дар дарсхонаҳо барои гурӯҳҳои алоҳида машғулотҳо гузаронида мешуд. Айвонҳо вазифаи дарсхонаи тобистонаро ба ҷо меоварданд. Дар байни ду дарсхонаи тарафи ғарбӣ масҷид ҷойгир аст.
Мадраса пештоқи баланд дорад. Деворҳои тарафи паҳлӯи он бо нақшҳои барҷастаи ҳандасавӣ ороиш ёфта, намуди аҷиби ба худ хос дорад. Рангорангии нақшҳо, тасвирҳои ситорашакл ва оятҳои аз Қуръони муқаддас овардашуда, ки бо хати сулс сабт гардидаанд, аз олими бузурги донишманд будани Мирзо Улуғбек далолат медиҳад. Манораҳои баланди дар чаҳор кунҷи мадраса қадафрохта, биноро боз ҳам хушнамуд ва босалобат нишон медиҳад.
Ҳамин мадрасаи бунёднамудаи Улуғбек муассисаи олии таълимии пешқадами дорои шароитҳои хуб буда, ҳамчун якумин дорулфунуни Шарқ ва муассисаи илмӣ шӯҳрати калон ба даст оварда буд. Дар баробари ин, ба сифати академияи Улуғбек машҳур гардид.
Дар бораи мадраса дар асарҳои муаллифони асрҳои миёна маълумотҳо дучор меоянд. Аз ҷумла, муаллифи асари «Матлаи саъдайн ва маҷмаи баҳрайн» Абдураззоқи Самарқандӣ, ки бо ҳамроҳии модари Мирзо Улуғбек Гавҳаршодбегим аз Ҳирот ба Самарқанд омада буд, навиштааст, ки ин ҳукмдор ва олим дар соҳаи илму фан корҳои зиёдро амалӣ намуд.
Дар бораи мадрасаи Улуғбек Заҳириддин Муҳаммад Бобур ҳам чунин овардааст: «Аз иморатҳои Улуғбек Мирзо дар дохили қалъаи Самарқанд мадраса ва хонақоҳ ҳаст. Гунбази хонақоҳ бисёр бузург буда, дар дунё дигар чунин гунбази бузург нест мегӯянд. Боз дар паҳлӯи ин мадраса ва хонақоҳ як ҳаммоми хуб сохтаанд, ки бо номи ҳаммоми Мирзо машҳур буда, аз ҳар гуна сангҳо фаршҳо дорад. Дар Хуросон ва Самарқанд мавҷуд будани боз чунин ҳаммом маълум нест».
Аз ин мисолҳо бармеояд, ки мадрасаи Улуғбек дар асрҳои 15–17 даргоҳи илмии серодам будааст. Аз асри 18 сар карда, дар даври аштархониёни охир ба таназзул дучор гардида, фаъолияти худро ҳамчун мадраса як муддат боздоштааст.
Мувофиқи маълумотҳо, аз даври амири Бухоро Ҳайдар сар карда, эътибор ба илму фан боз қувват гирифт. Фаъолияти мадрасаи Улуғбек низ ба роҳ монда шуд.
Мадрасаи Улуғбек аз ёдгориҳои нодири меъмории Шарқ буда, ба таври ҳаққонӣ дурдонаи ноёби архитектураи мусулмонии асрҳои миёна ба шумор меравад.

Аслиддин САФАРОВ,
гид-­экскурсоводи маҷмӯи Регистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ