Ватан асту мадори ҷону тан аст…

Адабиёти форсу тоҷик дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ адибону шоирони бузургеро ба воя расонидааст, ки бо офаридани асарҳои бадеиву илмӣ на танҳо дар рушди тамаддуни кишвар, балки дар ташаккули дониши халқҳои ҷаҳон саҳми сазовор гузоштаанд.
Агар ба таърихи адабиёти форсу тоҷик назар афканем, шеър аз замони устод Рӯдакӣ ба пояи баланд расида, шоироне чун Аттору Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Ҳилоливу Восифӣ, Саидову Бедил, Туғралу Айнӣ, Лоҳутиву Турсунзода, Лоиқу Бозор, Гулрухсору Фарзона шеъру ғазалҳои соҳиби дорои мазмуни баланд офаридаанд.
Дар ин радиф Лоиқи зиндаёд, шоири шаҳири тоҷик, ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, ҷоизаи байналхалқии «Нилуфар», фарзанди ҳақиқии миллати худ ҷойгоҳи хос дошта, аз зумраи абармардонест, ки тавассути эҷодиёташ дар таърихи адабиёти тоҷик чун ахтари дурахшон боқӣ мондааст.
Устод Лоиқ Шералӣ дар солҳои 60-и асри ХХ ба майдони адабиёт дилпурона ворид шуда, чандин шеърҳои баландмазмун навишт ва дере нагузашта ба авҷи шеър баромад. Ҳамзамон, ӯ таваҷҷӯҳи илму адабро ба худ ҷалб намуд ва дар атрофи ашъори худ мухлисони бешумор пайдо кард. Беҳуда нест, ки дар ҳамон солҳо адабиётшиносон Раҳим Ҳошим, Мирзо Турсунзода, Абдунабӣ Сатторзода ба ў ва эҷодиёташ баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла ин тавр менависанд: «Лоиқ аз зумраи он шоиронест, ки аз рўзи аввали ба майдони адабиёт ворид шудан дили хонандаро бо вазндории суханонаш, бо ҳазар доштан аз лафзбозии риторикӣ ва такрории мукаррарот ба худ ҷалб намудааст».
Лоиқ дар оғози эҷоди шеър бештар ба мавзӯи ишқу муҳаббат рӯй овардааст. Ҳамзамон шеъру ғазалҳои шоир мавзӯъҳои модар, Ватан, таърих, худшиносиву худогоҳӣ, расму оинҳои миллиро фаро мегирад. Тараннуми Ватан ва дўст доштани он яке аз мавзӯъҳои асосии ашъори устод Лоиқ ба ҳисоб меравад. Тавре ки вай дар аввали эҷодиёташ мегӯяд:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.

Лоиқ оғози ватанро аз гаҳвораю шири поки модар медонад ва дар ниҳоят таъкид мекунад, ки:
Ватан имрўзи мо ояндаи мо,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мо.

Вай мафҳуми ватанро дар ашъораш хеле васеъ тасвир намуда, тавонистааст дар қалби ҳар як хонанда муҳаббатро нисбат ба Ватан афрӯзад. Лоиқ Ватани маҳбубашро бо тамоми кӯҳҳо ва сангҳояш дӯст медорад. Ӯ да шеъри «Хоки Ватан» иброз медорад, ки ҳар як фарзанди ватандӯсти ту, ҳар куҷое ба хотири бахту саодат ва ё дар кӯи ғарибӣ аз Ватан берун рафтаанд, ҳамроҳи худ муште аз хоки ту ҳамсафар доштаанд. То агар рӯзе онҳо дар ғарибиву танҳоӣ бимиранд, хоки ту ҳамроҳу нишонаи охирини Ватан аст.
Шоир дар эҷодиёти худ дар сарнавишти инсон чун Модар нақши муҳим бозидани Ватан, аз муқаддасоти олӣ ба ҳисоб рафтани онро ба хубӣ баён менамояд. Ҳангоми ситоиш намудани ҳар гарду санги Ватани маҳбубаш Лоиқ таъкид мекунад, ки инсон метавонад аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ба бисёр чизҳо ноил гардад, аммо ҳеҷ гоҳ ҷойгоҳи муқаддасе чун Ватан ва шахси муқаддасу мӯътабар мисли модар пайдо карда наметавонад:
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Устод Лоиқ сарзамини худро бо тамоми зебоӣ ва лутф, кӯҳҳои баланд ва обҳои дурахшон, чашмаҳои мусаффо ва дар маҷмӯъ табиати хоси худ тасвир кардааст.
«Фарёди бефарёдрас» маҷмӯаи охирини Лоиқ буда, ашъори ин маҷмӯаро метавон бардошти шоиронаи ӯ аз фоҷиаҳои ахлоқиву маънавие донист, ки дар солҳои ҷанги ватанӣ бар сари мардуми бечора омада буд. Дар ин бора олими адабиётшинос Ҷ. Ҳамроҳ иброз медорад, ки «Лоиқ чун шоире ба он ҳама бемаънавиятӣ, бадахлоқӣ ва носипосие, ки мутаассифона, дар ватанаш он солҳо ҳодисаи муқаррарӣ шуда буд, мехост шоирона баҳо диҳад ва ҳамин тавр ҳам кард».
Устод Лоиқ шоире буд, ки бо ифтихор дар бораи фарҳангу арзишҳо, маънавиёт ва маданияти ниёгонаш сухан мекард. Садоқат ва ошноии шоир ба таърихи пурифтихор, адабиёти бой ва ошноӣ бо зиндагии пурфоҷиае, ки аз сар гузаронда буданд, дар руҳияи шоир асари шигарфе гузошт. Дар ҳамин асно вай он ҳодиса ва воқеаҳое, ки дар солҳои нооромӣ дар ватанаш буд, бо афсўс нигоштааст:
Дар ҳеҷ одам ояте з-­одам намондааст,
Дар қавли мард ҳуҷҷате муҳкам намондааст.
Чун тир рост мезанад бар синаҳои халқ,
Ҷуз марг бар ҷароҳате марҳам намондааст.

Вай бори вазнини ғаму ғуссаи ватандориро таҳаммул карда, омадани сулҳу оромиро бесаброна интизор буд ва ӯро бо омаданаш самимона табрик гуфт:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…

Ба вазъияте, ки дар он солҳо ҳукмфармо буд, Лоиқ дигар хел сухан гуфта наметавонист, зеро ӯ Ватани худро дӯст медошт. Чи хеле ки шоир гуфтааст:
Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст!

Ҳамин тариқ, дар ашъори устод Лоиқ Шералӣ Ватан, муҳаббат ба он, ҳифзи меҳан аз душманон ва талош барои шукуфоии кишвари маҳбуб аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти шоир ба ҳисоб меравад. Лоиқ тавассути фаъолияти эҷодии худ дар руҳияти ҳамватанонаш ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои ниёгон, даъват ба ваҳдати миллиро бедор намуда, номҳои шахсони бузурги қаҳрамонони Ватанашро тарғибу ташвиқ мекунад. Умуман, инсон бо мутолиаи ашъори ватандӯстонаи устод Лоиқ метавонад аз дарду ҳасрат, орзуву ормонҳои Ватани худ огоҳӣ пайдо кунад, барои ободиву рушди он хидмат намояд, дар рӯҳияи олии ватандӯстӣ тарбия гирифта, ба як шахси комили ватандўсту ватанпарвар табдил ёбад.

Акмал ШЕРНАЗАРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
доктори фалсафа оиди фанҳои филологӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ