Таъмини бехавфии хӯрокворӣ

ва ҳалли масъалаҳои кишоварзӣ

Рӯзи 19-уми май сессияи сию якуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати шашум баргузор гардид. Ба сессия мудири котибияти Шӯро Ш. Йӯлдошев сарварӣ кард.
Намояндагони халқ нахуст рӯзнома, тартиби кор ва котиби сессияро тасдиқ карданд.
Намояндагони халқ аввал ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят роҷеъ ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об Ф. Абиловро дар бораи таъмини бехавфии хӯрокворӣ ва ташкил кардани истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, инчунин пешгирии ба таври сунъӣ баланд шудани нархи хӯроквориро шуниданд.
Дар ҳисобот қайд гардид, ки дар оғози фасли баҳор нархҳои равғани растанӣ то 50 фоиз, шакар то 15 фоиз ва тухм то 29 фоиз афзуданд. Зиёд шудани нархи гӯшт ҳам мушоҳида карда мешавад. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо соли гузашта дар вилоят 4 миллиону 479 ҳазор тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тайёр карда, барои мавсими тирамоҳу зимистон захираи 80,2 ҳазор тоннагии маҳсулот ба вуҷуд оварда шуд. Инчунин, беш аз ҳазор корхона 40,3 ҳазор тонна сабзӣ ва 7,2 ҳазор тонна биринҷ захира карданд. Дар ҷойҳо ярмаркаҳои кишоварзӣ ташкил намуда, маҳсулотро арзонтар фурӯхтанд. Дар натиҷа, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар бозор барқарори нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ таъмин гардид. Сабаби асосии афзудани нархи равғани растанӣ, шакар ва тухм бошад, зиёд шудани нархи ашёи хоме, ки барои маҳсулоти мазкур зарур ва якбора кам шудани воридоти онҳо мебошад.
Бинобар ин, имсол дар вилояти мо дар 6 ҳазор гектар замин соя, 5,1 ҳазор гектар офтобпараст ва 4,1 ҳазор гектар тухми кунҷид коштанд.
– Имсол дар вилоятамон 2869 лоиҳаи хӯроквории арзиши умумиаш 4,7 триллион сӯмина амалӣ карда мешавад, – гуфт Ф. Абилов. – Дар ноҳияҳои Булунғур, Самарқанд, Тайлоқ ва Ҷомбой хоҷагиҳои элитатухмипарварӣ ташкил мегарданд. Дар 150 гектар замини ноҳияҳои Каттақӯрғон, Нуробод, Пайариқ ва Қӯшработ дар 15 хоҷагии фермерӣ тухмиҳои растаниҳои полезӣ расонида мешаванд.
Соли 2021 аз ҳисоби 1231 миллиард сӯм инвеститсия 108 лоиҳаи саноати хӯрокворӣ, ки қувваи умумии онҳо 658 ҳазор тонна маҳсулот мебошад, амалӣ мегарданд.
Дар 70 ҳазор гектар замини 631,4 ҳазор хонадони аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ низ маҳсулоти хоҷагии қишлоқ расонда мешавад.
Намояндагони халқ дар бораи пешгирии афзудани нархи гӯшт дар шароити имрӯзаи хоҷагии қишлоқ, ки норасоии об баръало мушоҳида мешавад, дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода бурдани технологияҳои сарфакунандаи об, истифодаи самаранок аз заминҳои наздиҳавлигӣ тавсия ва пешниҳодҳои худро баён карданд.
Сипас, сардори Садорати хоҷагии қишлоқи вилоят З. Эргашев дар бораи дар соли 2020 чӣ тавр иҷро шудани тадбирҳои барномаи вазифаҳое, ки дар Стратегияи ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2020–2030 пешбинӣ шудаанд, ҳисобот дод.
З. Эргашев гуфт, ки мувофиқи самтҳои бартариноки стратегия соли 2021 дар вилоят дар 12 самт 2869 лоиҳаи нави арзиши умумиаш 4,7 триллион сӯмина амалӣ мегарданд. Дар натиҷа, дар анҷоми сол дар хоҷагиҳои фермерӣ ва корхонаҳои хоҷагии қишлоқ 242 ҳазор тонна мева, 389 ҳазор тонна ангур, 682 ҳазор тонна сабзавот, 377 ҳазор тонна картошка, 101 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ расонида мешавад.
Ҳоло дар вилоят 43 кластерҳо мавҷуд буда, 151 900 гектар замин ба онҳо вобастаанд. Дар соли 2022 майдонҳои замини ноҳияҳое, ки дар онҳо майдони ғалла ихтисор карда шудаанд, пурра ба кластерҳо дода мешаванд ва 5 кластери нави ба меваю сабзавотпарварӣ ихтисосонида ташкил карда, шумораи онҳо ба 18-то расонида мешаванд.
Намояндагони халқ ҳисоботи раиси Шӯрои вилоятии хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ А. Норқӯзиевро дар бораи корҳое, ки дар соли 2021 барои ташкил кардани хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳавӣ ва такмил додани онҳо, ҷорӣ кардани лоиҳаҳои муайяншуда амалӣ мегарданд, шунида, дар ин самт низ пешниҳод ва мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар сессия пешниҳод ва хулосаҳои комиссияи вилоятии номгузорӣ ва ташкилотҳои дигарро дар бораи гузоштани номи 17 пункти аҳолинишини ноҳияҳои Нуробод ва Нарпайро пазируфтанд.
Дар сессия дигар масъалаҳои ба ваколати Шӯро дахлдор низ баррасӣ гардида, роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳо қабул карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ