Чаро аксарият ба ҳокими вилоят муроҷиат мекунанд?

Қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят Э. Турдимов 19-уми майи соли равон дар Боғи истироҳати «Ёшлик» баргузор гардид.
Мутасаддиёни ҳокимияти вилоят бо мақсади ба қоидаҳои карантин амал карда гузарондани тадбири мазкур хеле тайёрӣ диданд. Сарфи назар аз он, ки барои қабули сайёр шароити хуб фароҳам оварда шуда, ҳар як муроҷиати шаҳрвандони ба қабул омадаро бо масъулият ва эътибор шуниданд, дар рафтори баъзе муроҷиаткунандагон худбинӣ, беписандӣ ва лоқайдӣ баръало мушоҳида карда мешуданд.
Мисол, сокини яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Пахтачӣ (ному насабашро наовардем, изои мӯъмин – ҳаром) ба ҳокими вилоят муроҷиат кардааст, ки ба рӯйхати «Дафтари занҳо» дохил карда шудаасту ба вай барои гирифтани мошини дарздӯзӣ ёрӣ диҳанд. Вале вақте мутасаддиён шароити зисти ӯро санҷиданд, маълум шуд, ки вай на танҳо дар ин рӯйхат набудааст, балки оилааш соҳиби ҳавлӣ, мошини сабукрав ва ду хона дар биноҳои бисёрқабата будааст… Ин ҳолро фаҳмида, кас беихтиёр тавба мегӯяд!
Ё ки рафтори баъзе муроҷиаткунандагон дар рафти қабули сайёр аз худбинӣ беш нест. Аксарият дар стулҳо нишаста, мунтазири навбати худ буданд, вале «баъзеҳо» кӯшиш мекарданд, ки ба қабул бе навбат дароянд. Оё чунин амал беҳурматӣ нисбати дигар муроҷиаткунандаҳо нест?!
Дар рафти қабули сайёр аксарияти муроҷиатҳо дар ҳамон ҷо ҳал шуданд. Дигарҳояшро барои омӯхтан ба мутасаддиён супурданд. Аз ҷумла, муроҷиаткунанда Ф. Назарқулова аз ноҳияи Қӯшработ арз кард, ки чанд вақт боз ин муаммо як гурӯҳ ҳамкасбонаш ва вайро азият медиҳад. Яъне, дар корхонаашон – шӯъбаи ободонии ноҳия ҳангоми пардохти маош нофаҳмиҳо рӯй медиҳанд. Вай бар асоси кредити имтиёзнок хона харидааст. Маоши гирифтааш ба баргардондани кредит намерасад. Моҳона низ ҳар хел аст. Мисол, ба қарибӣ ба карточкаи пластикиаш 650 ҳазор сӯм гузаштааст. Корхонаашон онҳоро аз ҷиҳати моддӣ рағбатнок намекунад. Дар ноҳия ба ҳалли ин муаммо имкон наёфта, ба ҳокими вилоят муроҷиат кардааст. Ҳоким ба мутасаддиён супориш дод, ки масъаларо омӯзанд.
Чанд нафар муроҷиаткунандагон, ки муаммояшон ҳал шудааст, ба ҳокими вилоят арзи миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, Парвина Зиёдуллоева аз маҳаллаи «Майсазор»-и шаҳри Самарқанд барои он ки ба вай барои гирифтани мошинаи дарздӯзӣ ёрӣ расондааст, сипосгузорӣ намуд. Ҳоло қабулҳои сайёр, ки бо ташаббуси Президентамон роҳандозӣ карда шудаанд, барои пешрафти ҷомеа, ҳалли масъалаҳои хурду калони аҳолӣ натиҷаҳои назаррас медиҳанд.
Дар вилоятамон мутасаддиён барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани онҳо таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд. Вале як нуқтаро бояд таъкид кард, ки чаро бо масъалаҳое, ки дар сатҳи ноҳия, шаҳр ё ки маҳалла ҳал кардан мумкин аст, ҳамон ба ҳокими вилоят муроҷиат мекунанд?


Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ ҳокими вилоят Э.Турдимов дар базмгоҳи “Мӯъҷиза” қабули навбатии тадбиркоронро гузаронид.
Дар қабул масъулон барои рушди соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят, вакилони суб­ъектҳои тадбиркорӣ, роҳбарони сектор ва бонкҳои тиҷоратӣ иштирок карда, муаммоҳои муроҷиаткунандагонро омӯхтанд ва чораҳои ҳалли онҳоро диданд.
Роҳбари меҳмонхонаи ширкати “Ишонч Газоил Сервис” Умида Баҳриддинова барои такмил додани бизнеси меҳмонхона дар ҷудо кардани кредити имтиёзнок аз ҳокими вилоят ёрдами амалӣ пурсид. Э.Турдимов барои мусбат ҳал кардани муроҷиат ба роҳбарони бонкҳои тиҷорат дастурҳо дод.

  • Ман соли гузашта 1 млрд. сӯм кредит бо 15 фоиз гирифта будам. Имсол низ барои боз ҳам васеъ гардонидани бизнеси меҳмонхонаамон 2 млрд. сӯм гирифтан мехоҳам. Бо ин масъала ба ҳоким муроҷиат кардам ва бо дастури ӯ ин масъала дар рӯзҳои наздик иҷро мешавад, — гуфт У. Баҳриддинова.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ