Ашъори Лоиқ шодибахш, андешаовар ва маъниофар аст

Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ дар Осорхонаи кишваршиносии шаҳри Самарқанд бахшида ба 80-солагии шоири маъруф ва маҳбуб, устод Лоиқ Шералӣ таҳти шиори «Некӣ бимонад ҷовидон» тадбири фарҳангӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ, ки бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ташкил гардид, эҷодкорони шинохтаи Самарқанд, аҳли фарҳанг ва вакилони ҷамоатӣ иштирок карданд.
Тадбир бо қироати шеъри Лоиқ аз тарафи иштирокдорони маҳфили “Қофилаи Рӯдакӣ” оғоз шуд.
– Лоиқ Шералӣ ягона шоирест, ки кӯшидааст тамоми роҳҳо ва василаҳои тасвирро аз тасвири воқеӣ то тасвирҳои орифона ва ошиқона ба кор барад, аз рӯйдодҳои хурду бузург, ҳолат ва лаҳзаҳои мухталифро дар қолаби шеъри нав, ғазал, дубайтӣ тарона дарорад, – таъкид кард раиси маҳфил, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Д.Фарҳодзод.
Дар идомаи тадбир раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов ва дигарон дар бораи эҷодиёти шоири тавоно, базморо, зиндаёду покбунёд, навгӯву навҷӯ, устод Лоиқ Шералӣ сухан гуфтанд. Омӯзгори собиқадор Амина Шарофиддинова паёму дуруди иштирокдорони маросимҳои ҷашниеро, ки дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гузаронида шуд, ба ҳозирин расонд ва тӯҳфаҳои тақдимнамудаи онҳоро ба ташкилотчиёни тадбир супурд.
Шоирони самарқандӣ Салим Кенҷа ва Нормурод Каримзода дар бораи вохӯриҳои худ бо устод Лоиқ Шералӣ ҳарф зада, аз шеърҳои худ қироат карданд.
– Бе ҳеҷ муҳобо Лоиқ Шералӣ аз шоироне буд, ки бо маҳорати баланд эҷод кардааст, – гуфт шоири зуллисонайн Н. Каримзода. – Ашъори шоирро мо метавонем дар пояи шеърҳои шоирони шинохтаи адабиёти муосири ӯзбек Эркин Воҳидов ва Абдулло Орифов гузорем. Лоиқ Шералӣ бо шоирони ӯзбек низ робитаи дӯстӣ дошт ва қисми зиёди ашъори ин шоири навҷӯю навпардоз ба забони ӯзбекӣ тарҷима шудааст. Ҳатто китоби “Модарнома”-и устод таҳти унвони “Онагинам” дар кишвари мо чоп шуд. Бояд гуфт, ки ашъори Лоиқ шодибахш, андешаовар, ғамрабо ва созандаанд. Ҳар як намунаи эҷоди шоир маъниофаранд.
Инчунин, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят А.Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзҳномаи «Овози Самарқанд» Б.Раҳмонов дар бораи шахсияти адабию фарҳангӣ, хизматҳои беназир ва муҳтавои оламгири шеъри Лоиқ ва нақшаҳои оянда ҳарф заданд.
– Гузаронидани чунин тадбирҳо барои мутсаҳкам кардани робитаҳои дӯстии ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек хизмат мекунад, — гуфт А.Маҳмудов. – Бояд гуфт, ки таҳкими робитаҳои байни ду кишвар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарварони давлатҳо мебошад. Бигзор дӯстии халқҳо абадӣ бошад ва мо ҳамеша дар фазои орому осуда дӯстиро тараннум намоем, баҳри таҳкими робитаҳо саҳм гузорем.
Баромади санъаткорони шинохтаи самарқандӣ Мардон Мавлонов, Ҳасан Нуруллоев, Мансур Норов, Озода Аҳмадова ва Бахтиёр Мавлонов тадбирро шукӯҳи идона бахшид.
Иштирокдорон аз баромади хонандагони як қатор мактабҳои ноҳияи Самарқанд, ки аз шеърҳои устод Лоиқ қироат карданд, як ҷаҳон завқи маънавӣ гирифтанд…

Мухбири рӯзнома.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ