Фирдавсӣ ифтихори тамаддуни ҷаҳонист

ё худ чанд сатри пареш бахшида ба бузургдошти достонсарои бузург

Агар халқи немис Фирдавсӣ барин шоиру мисли «Шоҳнома» асари безавол медошт, баробари вазни ҳарду аз тилло ҳайкал рост мекард.

Манфред ЛОРЕНС,
забоншиноси немис.

Дар олам ягон халқ мисли тоҷикон чунин эпос надорад, ки тамоми таърихи ин халқро дар бар гирифта бошад.

Гелмут Рейтер,
шарқшиноси олмонӣ.

Мардуми тоҷик «дар ҳар вақту дар ҳар он» сарбаланд ва ифтихорманд бояд бошанд, ки дар таърихи тамаддуни башарият мавқеи сазоворе дошта, бо алломаву нобиғаҳои даврон ва шахсиятҳои оламшумули нотакрор машҳури ҷаҳониёнанд, ки мисоли ин ҳафт нафар шоирони эътироф кардаи нависанда ва файласуфи номии олмонӣ Иоганд Волфганг Гёте: – Фирдавсӣ, Анварӣ, Румӣ, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Ҷомӣ буда, Лоиқи мӯшикоф онҳоро ба «ситораҳои ҳафтдодарон» ташбеҳ додааст:
Он ҳафт марди шоир чун Ҳафтдодаронанд,
З‑онҳо чу осмони ҳафтошёна ҳастем.

Инчунин, паямбарони назм шинохта шудани Фирдавсӣ дар эҷоди достонҳои васфӣ, таърихию қаҳрамонӣ, Анварӣ дар навиштани навъи қасида ва Саъдӣ дар иншои ғазалиёти рангин низ боиси фахри мардуми мост:
Дар назм се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд «ло набия баъдӣ».
Авсофу қасидаю ғазалро,
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Азбаски имрӯзҳо бузургдошти достонсарои тавоно Абулқосим Фирдавсист, хостем чанд сатри парешро рӯи коғаз оварем, то рӯҳи поки шоир аз имрӯзиён шод шавад. Медонем, ки соли 1994 бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси дунё ҳазорсолагии шоир ҷашн гирифта шуд ва дар аксари симпозиуму ҷаласаҳо адабиётшиносон ва муҳаққиқони номӣ Фирдавсиро ба шоир ва достонсарои Юнони қадим, муаллифи асарҳои машҳури «Илиада» ва «Одиссея» Гомер дар як поя донистаанд, ки оё аз ин волотар мақому баландтар баҳо ҳаст?
Абулқосими Фирдавсӣ зодаи деҳаи Бож, ноҳияи Табарони шаҳри Тӯс аст. Падари заминдораш, ки барои фароғату хонондани фарзандон шароити кофӣ дошт, Фирдавсӣ нағз хӯрду нағз пӯшиду нағз хонд. Бар зимми омӯзиши дониши амиқ аз ҳунарҳои волои хоси ҷавонмардон низ мукаммал бархурдор гашт. Дар муҳити оила бо рӯҳияи қиссаву анъанаҳои қадимаи аҷдодӣ тарбия ёфта, аллакай дар ҷавонӣ ба ҷамъоварии ин қабил қиссаҳо пардохт. Ва нахуст дар натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои худу ёварии ҳамешагии падар, хоҳиши шоҳони Сомонию маслиҳати дӯсташ Абумансур ибни Муҳаммад ба эҷоди «Шоҳнома» пардохт, ки он вақт шоир 41-сола буд. Чунон ки худи Фирдавсӣ гуфтааст, вай барои навиштани «Шоҳнома» 30 сол заҳмат кашида, тӯли ин солҳо аз амири Сомонӣ Нӯҳ бинни Мансур некиҳои зиёде дидааст:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам, бад-ин порсӣ.

Вақте ки Фирдавсии покнаҷот бо байтҳои охирини асари безаволаш нуқта мегузошт, синнаш ба 71 расида буд.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Кӣ аз боду борон наёбад газанд.

Дар ин байт он дороиҳое, ки аз падар вогузор шуда буд, тӯли 30 соли эҷод масраф гашта, акнун ягона умеди шоир аз «Шоҳнома» буд:
Бипайвастам ин номаи бостон,
Писандида аз дафтари ростон.
Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад,
Бузургиву динору афсар диҳад.

Аммо бо тақозои тақдир сулолаи Сомониҳо парокандаву Султон Маҳмуд сари қудрат омад. Вай туфайли маслаҳатҳои ғаразноки вазирону надимони нотавонбинаш қадри Фирдавсию «Шоҳнома»-ро ба замин зад, ки ин боиси ранҷиши шоир ва эҷоди ҳаҷвияе гашт. Султон Маҳмуд фармон дод, ки Фирдавсиро ба зери пои фил партоянд ва санаи мухоҷирати шоир оғоз ёфт.
Дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки баъди гузаштани якчанд вақт Султон Маҳмуд аз карда пушаймон шуда, ба шоир зару зевари зиёде ирсол медорад. Вақте ки надимони шоҳ вориди Тӯс мегарданд, аз дарвозаи дигари шаҳр тобути Фирдавсиро мебароварданд. Бо маслиҳат надимон тӯҳфаро ба духтари шоир Манижабону мебаранд, аммо ӯ қабул намекунад. Одамони шоҳ ноилоҷ ба он маблағ ҷои дамгирие месозонанд, ки аз рӯи нақли адабиётшиносон он кӯшки зеборо шоири тоҷик Носири Хисрави Қабодиёнӣ бо чашмони худ дидааст.
Дар хотима мо шодию нишотамонро пинҳон дошта наметавонем, чаро ки оиди як бузургмарди таърих, достонсарои беҳамто, шоири кабиру хирадманд, ҳикматомӯз, ватанпарвар, инсондӯсту офаридгори «Шоҳнома»-и безавол Абулқосими Фирдавсӣ маводе иншо месозем. Ва ҳини варақгардоии «Шоҳнома»-и 10-ҷилдаю (ҷилди 10-ум луғати «Шоҳнома») достонҳои ба наср гардонидаи Сотим Улуғзода баръало ҳис намудем, ки бо таъбире «то кунун ҳеҷ шоире чунин достони оламгир ва он ҳам бо чунин суханварию балоғату фасоҳат нанигоштааст. Зеро асар ба он бузургӣ ва пур аз достонҳои дилангез, шаст ҳазор дурру гавҳари сухан далели раднопазири қудрати суханофариниши шоири шаҳир аст».
Ва номи мубораки Абулқосими Фирдавсӣ як умр барҳаёту тухми сухане, ки ӯ коштааст, ҷовидонист:
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Фирдавс ТОҶИДДИНОВ,
Вафодор РАҲБАРИДДИНОВ,
омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 7-и ноҳияи Сӯх.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ