ДАР САРТАРОШХОНА

Саҳарист. Соъат ҳафт ҳам нест, аммо ғурфаи сартарош Макар Кузмич Блесткин кайҳост, ки боз аст. Хоҷаи ғурфа – ҷавони бистусесола, дастурӯнашуставу чарбу чиркин, лекин либосҳояш шику шанг, машғули рӯбучин аст. Аслан барои тамизкардан чизе нест, аммо дар ин такопӯҳо ӯ арақшор аст. Як ҷоро ба латтаяк пок мекунад, ба ҷое ангушт мехалонад, ҷое ҳам шабзод меёбад ва онро аз танаи девор меронад.
Дуккааш кӯчак аст, тангаку касиф. Деворҳои ғӯлачӯбияш рӯпӯш ба заркоғаз аст, ки пироҳани обшустаи аробакашҳоро мемонад. Дар мобайни ду тирезаи тираву ашковар даричаест фарсуда ва нозуку ғич-ғич нолон, болои он як зангулаяки аз рутубат сабзшуда овезон, ки бахуду бехуд такон мехӯраду пураламу ноҳинҷор фарёди ҷарас медиҳад. Агар шумо ба ойинае, ки дар яке аз деворҳо овезон аст, бингаред, қиёфаатон бо ҳарчи бешафақатие аз шаш ҷиҳат каҷу кӯс бозтоб мешавад! Ва пешорӯйи ана ҳамин ойина ришу мӯй метарошанд.
Болои мизчаи шабеҳи Макар Кузмич пурчирку чарб ҳама чиз ҳаст: анвоъи шонаву қайчиву теғ, обафшони яккопекӣ, қуттии пудраи яккопекӣ, одекалони куллан ба обмахлутшудаи яккопекӣ. Ҳайҳот ки ин сартарошхона ҳам аз понздаҳ копек бештар арзиш надорад.
Зангулаяки абгори болои дар ба садо меояд ва марде солманд, дар тан пӯстини кӯтоҳ ва мӯзаҳояш намадӣ ворид мешавад. Сару гарданаш бо шоли занонае печида.
Ин кас – Эраст Иванич Ягодуф, падари таъмидии Макар Кузмич. Рӯзгоре дарбони калисо, аммо акнун дар маҳаллаи Толоби Сурх оҳангар.
– Салом, Макарҷони ҷону дилам! – нидо мекунад ӯ Макар Кузмичи андармон ба рӯфтурӯбро.
Ҳарду рӯйбӯсӣ мекунанд. Ягодуф шол аз сар мегирад, салиб мекашад ва менишинад.
– Чӣ роҳи дуре! – мегӯяд ӯ бо оҳу воҳ. – Магар шӯхист? Аз Толоби Сурх то Дарвозаи Калужиски.
– Чӣ? Вараҷа?
– Вараҷа. Як моҳ бистарӣ будам, гуфтам, мемирам. Кашиш оварданд болои сарам, тақарруб кардам. Ҳоло мӯйҳоям резиш доранд. Доктор фармуд, ки сарамро лайс поку занам. Мӯйи нав сабз мешавад, мегӯяд, бо решаи қавитар. Баъд нишастаму андешидам: назди Макар меравам. Аз сад бегона як худӣ авло. Хубкор аст, пул ҳам намехоҳад. Устохонаат, албатта, каме дур, вале фарқе намекунад. Як сайру гашт мекунем.
– Ҳатман. Тавре тарош, ки шабеҳи тоторҳо шавам, мисли як бомб! Баъд мӯйи дурушт месабзад!
– Холаҷон читуранд-ҳ?
– Бад не, мегузарад рӯзаш. Дина мулоқоти майорхонум рафта буд. Як рублаш доданд.
– Аҳ-ҳа. Як рубл. Гӯшатонро, лутфан, як тараф бигиред-ҳ,!
– Гирифтам… Захмӣ накунӣ, нигаҳ кун! Ох, дард кард! Аз мӯйҳоям накаш.
– Чизе нашудааст-ҳ. Ногузир, кори мо ҳамин… Анна Эрастовно чӣ тур, хуб аст?
– Духтарам? Бад не, гаштааст давутоз карда. Ҳамин чоршанбе номзадаш кардем, ба Шейкин. Чиро наёмадӣ?
Қайчӣ аз чук-чук мемонад. Макар Кузмич даст пойин мекунад ва муҳаййаҷ мепурсад:
– Кӣ фармудед, номзад шуда?
– Ман дар орзуе будам… – мегӯяд ӯ. – имкон надорад ин, Эраст Иванич! Ман… ман ошиқи ӯям, ба ӯ арзи дил ҳам карда будам… Ва холаҷон ҳам дилбаумедам карда буданд. Ман ҳамеша шуморо муҳтарам доштаам, чун қиблагоҳиям будед… доим мӯю ришатонро маҷҷонӣ метарошам… Шумо ҳамеша аз ман илтифот медидед ва, ҳангоме падарам даргузашт, шумо як дивану даҳ рубл аз ман гирифтед, аммо ҳич фикри бозгардонидан накардед. Ёдатон ҳаст?
– Шейкин саркор аст дар ширкати таъовунӣ. Ҳазору пансад рубли супурда дорад. Ана, ҳамин хел, додарам… Хоҳию нахоҳӣ, кор дига бекор; ҳама ҷобаҷо. Оби рафта ба ҷӯй бар нагардад, Макарҷон. Фикри аруси дигаре кун… Як дари баставу сад дари боз. Ох, магар хобӣ, биё қайчӣ зан! Чӣ истодаӣ?
– Ох, чӣ шудааст! – тасаллояш медиҳад Эраст Иванич. – Бас кун! Инро бибин, оҳу воҳаш таврест, ки мегӯйӣ, занак бошад! Ту сари мана сарришта кун, баъд ҳарчи дилат хоҳад, гиря кардан гир. Гир қайчиро!
– Наметавонам! – мегӯяд ӯ. – Дастам намеравад, маҷолам нест! Чӣ бадбахтам ман! Ва Анна ҳам бадбахт аст! Мо ҳамдигарро дӯст медоштем, паймон баста будем бо ҳам, ин ҷоҳилону ҷабборонанд, ки моро аз ҳам ҷудо кардаанд. Эраст Иванич, лутфан, аз ин ҷо берун! Ман тоқати дидори шуморо надорам.

– Тамом кун, Макарҷон, нимкоракоратро. Нисфи сарам нотарошида.
Эраст Иванич сухане нагуфта, ғурфаро тарк мекунад ва то ҳоло ҳам ниме аз мӯйи сараш дарозу ниме ҳам кӯтоҳ. Ӯ пул додану мӯйи сар гиририфтанро як харҷу исрофкории беҳуда мешуморад ва умедвор аст, ки мӯйҳои ними сари тарошидааш ҳам замоне рушд карда, расо мешаванд. Дар ҷашни арусии духтараш низ бо ҳамин сурату сумот айш кард.

Антон Чехов
1883

Э

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ