Хайр мактаб, салом оянда!

Рӯзи 25-уми май, дар анҷоми ҳар соли хониш дар тамоми мактабҳои ҳамагонии кишвар тадбирҳои «Занги охир» гузаронида мешаванд. Соли ҷорӣ Вазорати таълими халқӣ дар мактабҳо бо риояи қатъӣ ба қоидаҳои карантин барои гузаронидани ин чорабинӣ иҷозат дод.
Рӯзи гузашта дар мактабҳои вилоятамон низ тадбирҳои «Занги охир» бошукӯҳ таҷлил гардид. Роҳбарони секторҳо, сарварони корхонаву ташкилотҳои вилоят дар ин тадбирҳо иштирок карда, бо хатмкунанда ва хонандагон сӯҳбатҳо оростанд.
Аз ҷумла, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар тадбири «Занги охир»-и мактаби таълими умумии рақами 32-и ноҳияи Оқдарё ширкат намуда, хатмкунандагонро табрик кард. Орзуву умедҳои писару духтарон, мақсадҳои ояндаи онҳоро шунид.
Ҳокими вилоят ба хатмкунандагон масъалаҳои дар паёми табрикии Президенти мамлакат овардашударо, алоҳида ёдрас намуда, дар бораи ислоҳотҳое, ки дар сохтори таълими кишвар амалӣ мегарданд, ҳарф зад. Ба сухан баромадагон хатмкунандагонро табрик карда, ба онҳо роҳи сафед ва дар ҷодаи таҳсил комёбиҳо таманно намуданд.
– Дар соли хониши имсола, 50647 нафар хонандаи синфи ёздаҳум мактабҳои ҳамагониро хатм карда, ба ҳаёти мустақил қадам мегузоранд, – гуфт сарвари Садорати таълими халқи вилоят З. Шодиева. – Боиси эътироф аст, ки 571 нафари онҳо мактабро бо медали тилло, 71 нафарашон бо медали нуқра хатм мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, қариб 50 нафар хатмкунандаи мактабҳои вилоят пеш аз муддат ба як қатор муассисаҳои таълими олии бонуфузи мамлакатамон ва кишварҳои ИМА, Хитой, Россия, Япония, Англия дохил шуданд. Танҳо аз шаҳри Самарқанд хатмкунандаҳои мактаби таълими умумии рақами 50 Назира Давронӣ, мактаби рақами 24 Парвиз Субҳонқулов, мактаби давлатии ихтисосонидашудаи рақами 51 Шаҳринабону Ҷангирова ва мактаби рақами 35-и шаҳр Муродбек Абдурашидов грантҳои донишгоҳҳои хориҷиро ба даст оварда, донишҷӯи ин муассисаҳо гардиданд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон низ чунин ҷавонони боистеъдод кам нестанд. Аз дастовардҳои онҳо ҳамаи мо мефахрем. Имсол Сарвари давлат ба хатмкунандагон паёми табрикӣ фиристод, ки ин ҷавононро рӯҳ ва нерӯи тоза бахшида, онҳоро барои фатҳи марраҳои нав водор месозад.
Дар идомаи тадбир ба як гурӯҳ омӯзгорон ва хонандагони пешқадами мактаб ташаккурнома ва тӯҳфаҳои қиматбаҳои ҳокимияти вилоят ва Садорати таълими халқи вилоят супорида шуд. Инчунин, ба китобхонаи мактаб 300 номгӯй китоби бадеӣ тӯҳфа карданд.

Хизмати матбуоти
Садорати таълими халқи вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ