Машғулоти хонандагони мактаб дар размоишгоҳи Сазаған

Бо мақсади таъмини иҷрои баённомаи ҷамъомади рӯзи 20-уми ноябри соли 2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, хонандаҳои синфҳои 11-и мактабҳои таълими умумиро соле як маротиба барои машқҳои ҳарбӣ ба размоишгоҳ (полигони ҳарбӣ) мебаранд. Мақсад аз он ташаккули рӯҳияи ватанпарварӣ дар ҷавонон аст. Соли ҷорӣ ин тадбир бори аввал бо ҳамкории гарнизони Округи марказии ҳарбӣ дар Самарқанд баргузор шуд.
Имсол хонандагони 16 мактаби шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки кумитаҳои ҳарбӣ онҳоро ба сарпарастӣ гирифтаанд, ба размоишгоҳи «Сазаған»-и ноҳияи Нуробод омаданд. Бо мақсади босамар гузаронидани машғулоти амалии хонандагон дар размоишгоҳ 7 нуқтаи омӯзишӣ ташкил гардидааст. Дар ҳар як нуқтае сарбозе масъул мебошад.
Хонандаҳо дар давоми рӯз бо техникаҳои ҳарбӣ аз қабили пулемёт, миномёт, танк ва ғайра ошно шуданд ва аз ҳарбиён дар бораи онҳо маълумот гирифтанд. Ҳамчунин онҳо истифодаи автомати АК‑74, гранатаи дастӣ ва ғайраро машқ карданд.
Дар поёни тадбир хонандагон гурӯҳ-­гурӯҳ саф оростанд. Ҷавононе, ки дар машқҳо натиҷаҳои беҳтарин нишон дод, соҳиби тӯҳфаҳо шуданд.
Машғулотҳо мувофоқи банди 21-и қарори махсуси Девони Вазирони Ӯзбекистон «Дар бораи низоми тартиби ташкили омодагии ибтидоӣ ба даъвати ҳарбӣ» ташкил гардид.
– Имрӯз мо бачаҳои синфҳои 11-уми мактабҳоро бо асбобҳое, ки моддаҳои таркандаро безарар мегардонад, шинос кардем, – гуфт мутахассиси моддаҳои таркандаро безарар кунандаи қисми ҳарбӣ Анвар Қаҳҳоров.
Шавкатҷон Ҷӯрақулов, хонандаи синфи 11 «Б»-и мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Самарқанд гуфт:
– Дар 3 синфи 11-уми мактабамон 41 нафар писарбача таҳсил доранд. Субҳи имрӯз мо 36 нафар хонанда бо омӯзгори фанни «Омодагии ибтидоӣ ба даъвати ҳарбӣ» Ҷӯрабек Ҳоҷиев ба ин ҷо омадем. Дар давоми сол муаллимамон ба мо дар бораи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ таълим доданд. Имрӯз мо бо чашми худ техникаҳои ҳарбиро тамошо кардем. Ҳарбиён дар бораи техникаҳои зиёд ба мо маълумот доданд. Бо автоматҳои ҳақиқӣ ба масофаи 200 метр тир паррондем, ки ба ман писанд омад. Дар ошхонаи размоишгоҳ хӯроки болаззат хӯрдем. Ҷамоаи оркестри Маркази маънавият ва маърифати гарнизони Округи марказии ҳарбии Самарқанд барои мо мусиқӣ навохт. Хеле хурсандам, ки ба Сазаған омадам. Ба ташкилотчиён миннатдории худро изҳор мекунам.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ