«МУЛКИ ДИЛРО БО МУҲАББАТ САБЗУ ХУРРАМ КАРДААМ…»

Аҳли сухан ва ҳаводорони каломи бадеъ Нормурод Каримзодаро ба сифати «эҷодкори ҳассосу меҳрофарин», «шоири соҳибназар», «шоири муҳаббатшиор», «сиришташ ҳамзоди самимият» хуб мешиносанд ва эҳтиромаш менамоянд. Яъне, ба гуфти шоир Ҷаъфар Муҳаммад имрӯз хам «сиришти шоириаш аз чеҳраи нурониаш ҳувайдо». Зеро ӯ дар таҷрибаи беш аз сисолаи шоириаш бо маҷмӯаҳои шеърии «Меҳрнома», «Авроқи дил», «Насими фараҳбахш», маснавии «Оби раҳмат», «Дурахши маъно» дар пешрафти назми тоҷикзабони Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳми муносиб гузошта, имрӯз ҳам бо тамоми накҳату таровати эҷодаш дар олами пурҷилои шеър самимиву муҳаббатангез қаламфарсоӣ менамояд. Ин аст, ки аз дилу дидаи хонандаҳо рӯзафзун маъво гирифта, ватанхоҳӣ, поктинатӣ, олиҳимматӣ, дилбариву дилнавозӣ, дасткушодиву дилфарохӣ барин сифатҳои ҳамидаи мардумиро тараннум мекунад.
Гуфтан ҷоиз, ки дар гулбоғи назми тоҷикзабони кишвар баъзе шоироне ҳам ҳастанд, ки шахсияташон аз шеърашон фарсахҳо дур, ашъорашон белатофату бенамак. Яъне, шеърашон дигару одамияташон дигар. Аммо шеъри Каримзода ин тавр нест. Он, бешак, бозгӯи «самимияти фавқулодда шаффофи» (Ҷаъфар Муҳаммад) муаллифаш мебошад.
Доираи мавзӯоти ашъори Нормурод Каримзода фарох, мухталифу мутанаввеъ аст. Мавзӯи асосии ашъораш тараннуми эҳсоси ишқу муҳаббати инсонӣ, васфи Ватан, шук­ронаи Истиқлол, бузургдоши меҳру қадршиносӣ, ибрози афкору андешаи фалсафӣ дар боби зиндагӣ, бузургдошти забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон, меҳру қадршиносӣ мебошад. Ин мавзӯотро ӯ дар ғазалу маснавӣ, чаҳорпора ва рубоиву дубайтиҳои хеш бо хушбиниву самимият дарку таъбир менамояд. Чунончи, дар ашъораш тавсифи меҳру муҳаббати беинтиҳо нисбати обу гили Самарқанд ва мардуми поктинати он, васфи шаҳру деҳот ва гӯшаву канорҳои сабзу хуррами Ватани азиз, ситойиши тинҷиву осоиштагӣ, дӯстиву бародарӣ ва фарохдилии мардуми он ҷойгоҳи баланд дорад.
Шоир вақте дар бораи Ватан, Самарқанди биҳиштосову латиф сухан мегӯяд, «аз вусъати завқу сурур» дар вуҷуди хеш намеғунҷад, ишқи поки онро «ба мағзи ҷону дил ҷо дода», синаро «аз эҳсосу туғёни ғурур» саршор месозад. Бо таманнои сарбаландӣ мегӯяд: «Бе Ватан маънӣ надорад зиндагӣ!». Чунин шеърҳо дар эҷодиёти ӯ зиёданд: «Нони Самарқанд», «Деҳқони Самарқанд», «Бартар аз тахти Сулаймон бувад», «Ба Самарқанд», «Ватан дар дил», «Ватаннома» ва ҳоказо. Ба ин маънӣ, ӯ дар шеъри «Эй Самарқанди азиз…» бо ифтихор мегӯяд.:
Ай Самарқанди дилам, кошонаи меҳру вафо,
Дар барат чун Оби Раҳмат турфа заҳмат мекашам.
Аз Зарафшон қуввату нерӯ бигирам чун дуъо,
Аз Сиёбу Оби Машҳад, Мӯлиёнат дилхушам…

Тибқи биниши шоир, Самарқанд ошёни ҷовидони шеъру фарҳанг аст. Ӯ дар чунин ашъор бо меҳру самимият хонандаро ба меҳанпарастӣ даъват менамояд ва бо фахр мегӯяд: «Ватанро файз мебахшад нишоту бахту озодӣ!» Ё бо овози баланд месарояд: «Аз вуҷудат, Ватанам, накҳати имон ояд!»
Шоир дар ашъори ватанхоҳиаш шукронаи тинҷиву осоиштагӣ, неъматҳои фаровони кишвар мекунад, аз файзу назокати он меболад. Чунончи, дар шеъри «Суруди Истиқлол» гуфтааст:
Шукри ҳар як нафаси тоза, ки давронам дод,
Шукри озодии кишвар, ки ба тан ҷон ояд.

Дар шеърҳои шоир бузургдошти забони модарӣ ва фарҳанги ниёгон низ ҷойгоҳи муносиб дорад. Ин аст, ки ӯ ҳастӣ, обрӯву эътибори худро аз онҳо медонаду муттакои орзуву нияҳои некашро аз лафзи модар мешуморад:
Иқтидору ифтихори ман забони модарӣ,
Обрӯву эътибори ман забони модарӣ.
Эҳтиромам бар лисони халқи олам кам наяст,
Аз ниёгон ёдгори ман забони модарӣ…

Шоир овони баччагиро «оғози кашфи қисмати инсонӣ» дониста, лаҳзаҳои ширин ва фаромӯшнопазири онро бо меҳри Ватан тавъам медонаду бо самимият онро ин тавр тараннум мекунад:
Хокбозиҳо маро пайваст бо марзи Ватан,
Бо ниёзу аҳду паймон, меҳри халқу нангу ном.
Асптозиҳо фароҳам кард майдон, ҷони ман,
Дарсҳои оббозӣ додам аз дарё паём…

Ҳамин тавр, Номурод Каримзода табъи равони шеъргӯӣ дорад. Шеъраш содаву самимӣ. Гӯё таровишҳои дили бобои Рӯдакиро дар сабки латифи хуросонӣ ба ёд меорад. Яъне, тору пуди ашъораш аз меҳру самимият, равонӣ танида шудааст. Худи шоир ҳам дар ин хусус ишора кардааст:
Манам як ҷузъи ин олам, ниёям Ҳазрати Одам,
Ба қавле як худододам, ки ин ҳам лутфи яздон аст.

Ишқияҳои шоир низ ҳамин тавр рӯҳнавозу ҷонофаринанд. Қаҳрамони лирикии ин навъи ашъораш аз дасти Ишқ «як сина оҳ» дораду аз «ҷоми доғу ҳасрат» сармаст аст. Вай аз панди «ҳар дил набувад хонаи ободи муҳаббат» натиҷа гирифтааст. Ошиқи ростгӯю меҳрубонӣ, дилбастаи ҳусну латофат ва хираду фаросати оламзеби маҳбубаи хеш аст. Биноан, таровишҳои дили худро ба маҳбубаи хирадпешааш бо самимият чунин арз мекунад:
Бо ҳусни расо ақлу хирад кардӣ парешон,
Дар баҳри латофат, нигар, аъло гуҳаре ҳаст.
Дар боби хирад аҳли ҷаҳон дар ҳаваси туст,
Аз ин ҳама эъҷози ту бар ҷон асаре ҳаст.

Ба қавли шоир, «боғи дилро сабзу хуррам дошт бояд аз азал». Ин аст, ки ин андеша дар шеъри «Дидори дӯст» ин зайл ифодаи шоиронаи худро ёфтааст:
Дар рӯзгори ошиқ ишқ изтиробу дардест,
Аз баҳри булҳавасҳо айш асту комронист.

Ҳамин тавр, дарду ормонҳои шоир дар ҷодаи ишқу ошиқӣ самимиву гӯшнавозанд. «Ман»-и қаҳрамони лирикиаш дар «як чаман ишқу ғазалҳояш турфа гулҳои амал дорад» ва дилаш хуноб аз неши ҳиҷрон гаштааст, санги ҳасрат дар бағал дорад. Баски олам моломоли сӯзу соз аст, ӯ низ дардҳои бемаҳал дорад: «дардҳоям ҷой дорад мағз андар мағзи ишқ».
Дар ишқияҳои шоир маҳбубаи оқила ошиқро гоҳ бо нигоҳи меҳрбораш дилшод менамояду гоҳ ҳамчу оташ дар фироқаш бирён. Гоҳо нозҳояш ба ӯ илҳоми нав мебахшад, гоҳ қаҳраш меҳру гоҳе зулм бар ҷонаш мекунад. Гарчанд умри ин ошиқ дар доми ишқ бигзашт, аммо бо ифтихор мегӯяд:
Аз ҷафояш гоҳ мегирям чу абри навбаҳор,
Гоҳ ҳифзи нангу номаш марди майдонам кунад.

Дар ашъори шоир як даста ғазалҳои самимиятборе ҳастанд, ки дар тазмини мисраъву байтҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Қассоби Кошонӣ, Калими Кошонӣ, Фахриддин Ироқӣ, Муҳаммад Иқбол ва шоирони ҳамзамонаш Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Ҷаъфар Муҳаммад, Паймон ва дигарҳо гуфта шудаанд. Чун ин навъ ашъор ниёзи пайравии шоистаро мехоҳад, бояд шеър ҳам ҳамсанги ашъори тазминшаванда бошад. Ба вуҷуди ин миёни тазминҳои шоир баъзе байтҳо бори маънӣ кашида, чун оташпора дар ғазалиёташ нурпошӣ карда, онҳоро зебу зинат додаанд. Чунончи, дар тазмини байти Қассоби Кошонӣ омадааст:
Аз теғи аҷал ҷои амон нест касеро,
Ман куштаи он теғ, ки мижгони ту дорад.

Дар тазмини Соиби Табрезӣ бошад, шоир андешаҳои ин шоири нуктадону соҳибадоро ин тавр афзудааст, ки ҷавҳари каломи бадеъ будани маъниро бори дигар ёдрас менамояд:
Дар сухан ҳушёр шав чун нестӣ аз аҳли ҷаҳл,
Аҳли дилро то насозад ин забон аз ҳам ҷудо.

Шеършиносон бар он ақидаанд, ки сабаби дилбастагии хонандагон бештар ба шахсияту шеъри шоир дар одамияту абадияти сухани ӯст. Яъне шеъри шоирро фитрату нерӯи ибратбахш ва дилошнояш зебу зинат медиҳанд. Зеро ба гуфти Каримзода:
Орифонро ҳамтабори ошиқон донистаам,
Аҳли дил ёбад сафо аз сӯҳбати риндонае.
Мекунам сайру сафар дар мулки сабзи ёдҳо,
Чун надорам майли ёд аз одати бегонае.

Ҳамин тавр, қаҳрамони лирикии шоир ҳамқадаму ҳамнафаси мост. Ӯ дар ин дунёи ноором мардона қадам мегузорад, бар вазъи ҳоли замона бо чашми дил назар мекунад. Ӯ дар шебу фарози умр бедарду беандӯҳ нест, дар дил ормонҳои зиёд дорад. Аммо ташнаи меҳру навозиш аст. Ба ин маънӣ, чунин ашъор шахсияти шоирро боз ҳам ба хонанда ошнотару наздиктар кардаанд:
Ниҳол аз обу гил, меҳру навозиш пурсамар гардад,
Аҷаб нашъу нумӯ дар табъу ашъору забон дорам.

Ӯ боварии комил дорад, ки «васли ёрон ибтидову интиҳои дилхушист» ва «зиштхӯён мешаванд аз фикри ботил хору зор». Биноан, дар роҳи ҳақ «неку бадро бо нигоҳи дил» мебинад. Бисёр мехоҳад, ки «ҳаёт аз ишқу аз имон баҳори гулфишон бодо».
Ба қавли устод Лоиқ: «Шоирӣ ҳавас нест, балки кор, меҳнат, азоб ва ҷустуҷӯи на ҳамеша комбахш аст». Дар шеър бояд «рӯҳи имрӯз, нафаси замон ва замониён» дарҷ гардад. Шоир, ки халлоқу офаридгор аст, бояд бо афсуни сухан ба ҷисми мурда ҷон ато кунаду дар рагҳои хушки ӯ хуни гарм ҷорӣ ва ба ҳикмат мушкилоти гетӣ ҳал намояд.Ба ҳамин маънӣ мегӯянд, ки шоири асил бояд мутафаккир ҳам бошад. Яъне тавассути ақлу фаросат, нури дониш ҳастӣ, рӯйдоди оламро таъбиру тамиз карда тавонад.
Дар ашъори Нормурод Каримзода ҳам баъзан ҷанбаи таҳлилию таҳқиқӣ ва ба таври хеш маърифат кардани зиндагӣ ба назар мерасад. Шоир саъю кӯшиш менамояд, ки шеъраш дарди имрӯзро бихӯрад. Чунин биниш гоҳо амиқрафти решаҳои иҷтимоию фалсафии шеъри ӯро таъмин ҳам кардааст. Қаҳрамони лирикии шоир, ки дар ин дунёи пуртазод чун фарди росткору дилҷӯй, поктинати рӯзгордида аз нешу нӯши замона дар изтироб аст, мисли Ҳофизи қудсӣ аз айёми пуршару шӯр бо андешаву мулоҳизоти оқилона ба дарду ормонҳои дили хеш ин тавр посух гирифтанӣ мешавад:
Чашм во кун, чархи гардун то ба кай дар қасди мост,
Оламе бе шӯру ғавғо, берун аз озор ку?..

Шоир дар шеъри «Дӯст ояд…» аз хусуси шеъри хуб ва масъулияти шоир дар ин рӯзгори шӯрангез ибрози андеша карда, мондагор будани шеъри волоро ин тавр таъкид мекунад, ки бо равониву содагӣ як навъ шеваи шеъргӯии устод Турсунзодаро ба ёд меорад:
Шеъри хуб ҳам ошнову раҳнамои одам аст,
Дардҳоро марҳам асту ормони олам аст.
Ёдгор аз Рӯдакӣ, Хайём, Лоиқ, Мулҳам аст,
Ҳар куҷо, ки шеър бошад, меҳр бошад, ҳам кам аст…

Ашъори Нормурод Каримзода махзани андешаҳо дар боби зиндагӣ, ишқу муҳаббат, одаму одамгарӣ, аз ҷумла дӯстиву бародарӣ, меҳру садоқат ва амсоли ин аст. Баъзан онҳо ҳикматомезу насиҳатосо садо дода, чун маърифати зиндагӣ ба мушоҳида мерасанд.
Мегӯянд, ки забони шеър забони ақлу дил аст. Аз ин ҷост, ки шоир бояд аз пеши худ сабку салиқа, забони олами эҳсосот ва афкори худро бисозад. Ба ин маънӣ табиист, ки дар шеъри Нормурод Каримзода ҳам баъзан мисли шеъри дигар ҳамқаламонаш расоии эҳсосу афкор, мантиқи фасеҳу равшан, забону ҳусни баён намерасанд, вале аз ин арзиши маънавӣ ва бадеии ашъораш кам намегардад.
Одатан умри шеъри воло ва шоири асилро дароз мегӯянд. Яъне онҳо дер вақт дар дилу ёдҳо фурӯзон мемонанд. Имрӯз шоири мо ба синни камолоти 70 қадам гузошта бошад ҳам, ҳанӯз бо саъю кӯшиши ҷавонмардона шеъри дилнишину гӯшнавоз мегӯяд. Шеъри самимиву рӯҳфизо. Аз ин рӯ, ҳоло решаи дарахти умру эҷодаш дар об аст. Бигзор ин дарахт ҳамеша пурсамар бошаду баҳри маърифати мардум ҳамеша камарбаста. Зеро чи тавре худаш дар шеъри «Маҷрои зиндагӣ» мегӯяд:
Ҳар куҷову ҳар замон бо шеъри воло зиндаам,
Бо умеди безаволиҳои дунё зиндаам..
Таманно дорем, ки солиёни дароз шеъри Нормурод Каримзода дар бӯстони адабиёти тоҷикии кишвар озодона болу пар занаду ба дилҳо амиқтар роҳ ёбад ва роҳбалади маънипарвари зиндагии мардуми бунёдкори мо бошад.

Абдусалом САМАДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, академики Академияи фанҳои «Тӯрон»
.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ