МАСЪУЛИЯТИ ИҶРОИ ВАЗИФАҲО МЕАФЗОЯД

Дирӯз сессияи сиюдуюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Ба он раиси Шӯро, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов сарварӣ кард.

Баҳои асосӣ ба фаъолияти боҷхона

Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби гузарондани сессияро тасдиқ карданд. Сипас, онҳо ҳисоботи сардори Садорати боҷхонаи вилоят Я. Мирзораҳимовро роҷеъ ба корҳое, ки барои зиёд кардани салоҳияти содиротии вилоят, маҳаллигардонии истеҳсоли маҳсулот ва муносиб (оптималӣ) кардани воридот амалӣ карда мешаванд, шуниданд.
Вай пеш аз оғози ҳисоботи худ дар бораи нишондиҳандаҳои корҳои асосие, ки садорати боҷхона дар даври гузаштаи соли ҷорӣ иҷро кард, маълумот дод. Маълум шуд, ки ба садорати боҷхона дар чор моҳи соли равон 554,9 млрд. сӯм пардохтҳои боҷхонавӣ супурдаанд, ки ин нисбати соли 2020 (дар чор моҳ – 294,3 млрд. сӯм) ба 260,6 млрд. сӯм ё ки 88,6 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин даври соли 2021 ба 483-то иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои маҳсулоте, ки аз хориҷа меоранд, бар асоси талаботи қонунмандӣ 325,6 млрд. сӯмина имтиёзҳои пардохтҳои боҷхонавӣ дода шуданд.
Я. Мирзораҳимов, инчунин, дар бораи кушода шудани равуои воситаҳои автонақлиётӣ дар нуқтаи боҷхонаи сарҳадии «Ҷартеппа», барқарор гардидани парвозҳои баъзе авиарейсҳо дар Аэропорти байналхалқии «Самарқанд» хабар дод, ки аз сабаби пандемия маҳдуд шуда буданд. Ин ба кам шудани хароҷоти содироткунандагоне, ки барои кашондани маҳсулот сарф мешуд, мусоидат мекунад.
Дар чор моҳи соли 2021 дар вилоят дар самти мубориза бар зидди «Иқтисодиёти пӯшида» ҳамагӣ 231-то (дар ҳамин даври соли 2020–221-то) ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ муайян гардида, 9 млрд. 327 млн сӯмина маҳсулот боздошта шуд. Инчунин, аз рӯйи ин ҳолатҳо 21,5 млрд. (2,4 млрд.) сӯм пардохтҳои иловагии боҷхонавиро ҳисоб карданд.
Дар давоми амалиётҳои зудамал дар 11-то ҳолат 14 килову 458 грамм воситаҳои гиёҳвандӣ боздош­та шуданд. Дар 14-то ҳолат бошад, ба истеъмол дохил гардидани 288,1 млн. сӯмина маҳсулоти бесифат, доруҳои контрафакт ва иловаҳои фаъоли биологиро пешгирӣ намуданд.
Бар асоси нақшаи кор дар соли 2021 муаммо ва пешниҳодҳои беш аз 80 нафар тадбиркорро дар ҷояш омӯхта, дар асоси ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ ёрӣ додаанд.
Ҳамкорӣ бо тадбиркорон, андешидани чораҳо барои саривақтӣ омӯхтану ҳал кардани муаммоҳои онҳо ба баҳои асосии фаъолияти садорати боҷхона замина мешаванд. Дар даври гузаштаи соли равон субъектҳои тадбиркорӣ ягон маротиба ҳам аз фаъолияти ходимони садорат шикоят накардаанд, ки натиҷаи кори хуби онҳо аст.
Дар ҳисобот дар бораи фаъолияти боҷхоначиён дар ноҳияҳои Ҷомбой, ки онҳо вобаста шудаанд, ёрии он ба боксчиёни вилоят, инчунин пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳдошти салоҳияти содиротии вилоят, оптималӣ кардани воридот, дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ва ташаккули захираи асъор низ ҳарф зада шуд.

Масъулони маҳаллаҳои тоифаи «сурх» ва «зард»

Ҳисоботи ҷонишини сардори Садорати корҳои дохилии вилоят – сардори шӯъбаи профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ А. Ҳалимов «Дар бораи пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо дар чоряки якуми соли 2021» буд. Қайд гардид, ки дар давоми се моҳ дар вилоят бо ташкилотҳои ҳамкор роҷеъ ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ як қатор тадбирҳои профилактикӣ баргузор гардидаанд. Дар натиҷа, дар ин давр аз 1105 маҳаллаи вилоят дар 828-тои он (75,3 фоиз) ҷиноят содир нашуд. Дар 26-тояш, шумораи ҷиноятҳо кам шуда, дар 61-тоаш шумораи ҷиноятҳо дар ҳоли барқарор буданд. Мутаассифона, дар 185-тои онҳо (16,8 фоиз) ҷиноятҳо афзуданд.
Баъди дар идораҳои корҳои дохилӣ ба роҳ мондани фаъолияти ходимони зане, ки бо зан ва духтарон кор мебаранд, дар ин самт натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда мешаванд. Аз ҷумла, барои пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳое, ки занҳо содир мекунанд, ё ки нисбати онҳо содир карда мешаванд, дар даври гузаштаи соли равон бо 17410 нафар зан корҳои профилактикӣ гузаронда шуданд ва ба онҳо ёрии иҷтимоӣ расонданд. Ҳоло дар вилоят аз 22-юми май тадбири махсуси зудамали профилактикии «Моҳонаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» гузаронда мешавад, ки он низ ба кам шудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мусоидат хоҳад кард.
Бо қароре, ки роҷеъ ба ин масъалаи рӯзномаи сессия қабул гардид, ба маҳаллаҳои ба тоифаи «сурх» ва «зард» дохилшаванда вобаста кардани сардор ва ҷонишинҳои сардори идораҳои корҳои дохилӣ муайян шуданд, ки он низ ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст.

Соле, ки ҳаёти ҷавононро тағйир медиҳад

– Соли 2021 «Соли дастгирии ҷавонон ва мус­таҳкамсозии саломатии аҳолӣ» ном гирифтааст. Президентамон дар панҷ моҳи гузаштаи соли 2021 дар ҳар ҷое, ки бо ҷавонон вомехӯрад, ҳамеша пешниҳод ва ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ мекунад, – гуфт сардори Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон Ҳ. Тӯхтаев дар ахбори худ роҷеъ ба муаммоҳои рӯзмарраву норасоиҳо ва ҳалли онҳо, ки дар соҳаҳои бо фаъолияти ҷавонон вобаста рӯй медиҳанд.
– Дар вохӯриҳое, ки дар даври гузаштаи соли 2021 бо ҷавонон гузарондем, онҳо ҳамагӣ 1524-то муаммо ва масъалаҳои гуногунро баён карданд. Иҷрои 1294-тои онҳо пурра амалӣ гардид ва 230-тои онҳо дар ҷараёни иҷро мебошанд. Бояд гуфт, ки дар ин давр якҷоя бо масъулони хизмати бехавфии давлатӣ дар 16-то шаҳру ноҳияҳои вилоят 1478 маротиба бо ҷавонон ба тарзи маҳаллабайъ вохӯрдем.
Инчунин, корҳое қайд гардиданд, ки барои дастгирии ҷавонон ва хуб ташкил кардани вақти холии онҳо, ёрӣ ба ҷавононе, ки ба рӯйхати «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд ва бар асоси барномаҳои ҷавонону якҷоя бо идораҳои ҳамкор амалӣ мегарданд.


Дар сессия, инчунин, масъалаҳое чун ахбори раиси комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар бораи корҳое, ки дар вилоят доир ба «Дафтари занон» амалӣ мегарданд, дар бораи тақдимномаи прокуратураи вилоят аз 18-уми майи соли 2021 таҳти рақами 18–21, ташкил кардани минтақаҳои хурди саноатӣ ва дигар баррасӣ ва нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ