Кластери пахта чӣ афзалият дорад?

Кластерҳои пахта-­бофандагӣ ва истеҳсоли он дар давраи пахтарасонӣ дар ҳолати ҷалбкунии технологияҳои пешсафи инноватсионии замонавӣ ҳосилдории пахтаро ба 10 сентнер зиёд мекунад. Аз соли 2020 сар карда, дар мамлакатамон расондани ашёи хоми пахта пурра дар сохтори кластер амалӣ мегардад. Афзалияти кластери пахта бебаҳост…
Рӯзи 27-уми май рӯноманигорони вилоят ба ноҳияи Нарпай сафар карданд. Онҳо нахуст бо фаъолияти ширкати «Мароқанд сифат» ошно шуданд, пахтазори кластерро низ аз назар гузаронданд ва диданд, ки чӣ тавр обёрии чакрагӣ дар ин ҷо ба роҳ монда шудааст.
Ойбек Нурқувватов, иқтисоддони «Мароқанд сифат» гуфт:
– Ҷамъияти мо соли 2020 таъсис ёфт. Мо бо усули кластер пахтапарварӣ мекунем ва дар коргоҳи махсуси мо аз он ресмон истеҳсол мешавад. Сипас, дар озмоишгоҳи замонавӣ сифати онро месанҷем. Дар як коргоҳи алоҳида тухмии пахта парвариш мешавад. Ҳамчунин, мо равғани босифати пахта ба номи «Эпикрим» истеҳсол мекунем.
Майдони умумии ҷамъият беш аз 1600 гектарро ташкил мекунад. Дар 700 гектар замин пахта парвариш мешавад. Обёриро бо усули чакрагӣ анҷом медиҳем, ки асбобу ускунаи онро аз Туркия овардем. Мо, ҳамчунин боғи интенсивӣ дорем, ки ҳосили онро ба оилаҳои камтаъмин пешкаш мекунем. Дар ширкати мо, асосан шаҳрвандони муҳтоҷ ба кор қабул мешаванд. Коргарон бо хӯроки бепули нисфирӯзӣ таъмин шудаанд. Мақсад дорем, ки соли оянда чорвопарвариро низ ба роҳ андозем.
Рӯзноманигорон дар маросими оғози сохтусози 4 бинои истиқоматии панҷошёна дар ноҳия низ иштирок карданд. Соли оянда дар ин биноҳои истиқоматӣ 80 оила, аз ҷумла 8 оилае, ки ба манзил эҳтиёҷ доранд, зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар ин рӯз намояндагони воситаҳои ахбор аз меҳмонхонаи «HOTEL ZIRABULOQ SERVIS», бемористони хусусии «ELNUR», ки чанде пеш дар маркази ноҳия қад афрохтанд, дидан карданд.
«HOTEL ZIRABULOQ SERVIS» дар муддати 6 сол сохта шуда, арзиши он 6 миллиард сӯм мебошад. Меҳмонхонаи сеошёна, ки дорои тамоми шароитҳои зарурӣ аст, метавонад якбора ба 20 нафар хидматрасонӣ кунад. Масъулон мехоҳанд дар оянда меҳмонхонаҳои хурди арзон низ бунёд кунанд.
Барои бунёди бемористони хусусии «ELNUR», ки дар асоси шарикии давлативу хусусӣ сохта шудааст, 4,7 миллиард сӯм сарф шуд. Аз ҷумла, тадбиркор 3 миллиард сӯм сарф кард ва 1,7 миллиард сӯм аз «Микрокредитбанк» қарз гирифт. Бемористон шӯъбаҳои «УЗИ», «Кардиология», «Гинекология» ва ғайра дорад.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ