Дар мактабҳо корҳои маънавӣ-­маърифатӣ чӣ хел ба роҳ монда шудааст?

Рӯзи 26-уми май таҳти сарварии сардори Садорати таълими халқи вилояти Самарқанд Зебунисо Шодиева тавассути платформаи ZOOM оид ба беҳтар намудани муҳити маънавӣ дар мактабҳо, ташкили самарабахши фаъолияти тарғиботчиён оид ба масъалаҳои эҷодӣ ва фарҳангӣ, таъмини истироҳати пурмазмун ва ҷолиб барои хонандагон семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар он мудирони шӯъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии таълими халқ, мудирони шӯъбаҳои тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, тарғиботчиён доир ба масъалаҳои эҷодӣ ва фарҳангӣ иштирок карданд.

Дар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми марти соли равон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани сохтори корҳои маънавӣ-­маърифатӣ» таҳти рақами ҚП‑5040 дар ҳар як муассисаи таълими умумӣ вазифаи тарғиботчӣ доир ба масъалаҳои эҷодӣ-­фарҳангӣ ҷорӣ гардид.
Хӯш, вазифаи тарғиботчиён аз чӣ иборат аст? Онҳо бояд чӣ гуна чорабиниҳоро амалӣ намоянд? Мо маҳз бо ҳамин савол ба сардори Садорати таълими халқи вилоят Зебунисо Шодиева муроҷиат кардем.

19-уми январи соли равон дар таърихи навини Ӯзбекистон дар соҳаи такмилдиҳии корҳои маънавию маърифатӣ ва тарғиботи ғояи миллӣ дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайваст, – гуфт Зебунисо Нурмуҳаммадовна. – Сарвари давлатамон доир ба баланд бардоштани самарабахшӣ ва таъсирнокии корҳои маънавию маърифатӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги мутолиа, ривоҷ додани ҷараёнҳои таълими замонавӣ, чун ҳамнафас ва ҳамқадами замон тарбия кардани насли наврас машварати видеоселекторӣ гузаронида, дар назди мо – педагогҳо, умуман аҳли фарҳанг вазифаҳои таъхирнопазир гузоштанд. Дар асоси супориши раисҷумҳур Вазорати таълими халқӣ, Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар бораи дар мактабҳои миёна ҷорӣ кардани лавозими тарғиботчӣ оид ба масъалаи эҷодӣ – фарҳангӣ қарори муштаракро «Дар бораи дар амал ҷорӣ намудани вазифаи тарғиботчӣ доир ба масъалаҳои эҷодӣ-­фарҳангӣ дар муассисаҳои таълими умумӣ» имзо намуданд, ки аз 1-уми апрели соли равон дар амал мебошад.
– Зебунисо Нурмуҳаммадовна, ба ин вазифа киҳо қабул шуданд? Вазифаи асосии онҳо аз чӣ иборат аст?
– Номзадҳои асосӣ – шоир, нависанда ва журналистоне мебошанд, ки узви Иттиҳодияи эҷодии журналистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мебошанд. Инчунин, омӯзгорони фанни забон ва адабиёт, ки салоҳияти хуби эҷодӣ доранд, ба ин вазифа қабул карда мешаванд.
Вазифаи асосии онҳо хонандагони соҳибистеъдодро пайдо карда, ба фаъолияти эҷодии онҳо кӯмак намудан, бо иштироки шоиру нависандагон гузаронидани вохӯриҳои адабӣ, дар «Студияи театри ҷавонон» дар асоси асарҳои бадеии эҷодкорон ба саҳна гузоштани саҳначаҳо, афзун сохтани меҳру муҳаббати хонандагон ба мутолиаи китоб ва дар ин замина дар дили насли наврас пурзӯр намудани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, садоқат ба истиқлол, гиромидошти арзиш ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
– Рӯзи 25-уми май дар ҳамаи мактабҳо «занги охир» садо дод…
– Воқеан, соли ҷорӣ 50647 нафар хонандагон мактабҳои ҳамагониро хатм карданд. Онҳо пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ, ба имтиҳонҳои муассисаҳои таълими олӣ тайёрӣ мебинанд. Мо барои пурмазмун ташкил кардани таътили тобистонаи хонандагони синфҳои поёнӣ низ чораҳо меандешем. Ҳоло дар доманакӯҳҳои Зарафшон – деҳаҳои хушҳавои Оҳалик, Миронқули ноҳияи Самарқанд ва дигар ноҳияҳо истироҳатгоҳи мактаббачагон ташкил шуд. Инчунин, дар ҳар як ноҳия ва шаҳри Самарқанд майдончаи сиҳатмандгардонӣ амал мекунад. Ин маънои онро дорад, ки барои тарғиботчиёни маънавияту фарҳанг майдони эҷодиёт фарох аст.
Хубии кор дар он аст, ки акнун фарзандону наберагони мо вақти пурқимати худро беҳуда нагузаронида, бо эҷодиёт, мутолиаи китобҳо, саёҳат ба оғӯши табиат, вохӯрӣ бо аҳли қалам мегузаронанд. Умед дорем, ки тарғибгарон дар пешравии корҳои маънавию маърифатӣ саҳми арзанда гузошта, барои баланд бардоштани сатҳи маънавияти насли наврас, чун инсони комил ба камол расидани онҳо хизмат мекунанд.

Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ