Ин масъала чашм пӯшида аз паҳлӯяш гузашта мерафтагӣ не!

Зарурати оддӣ
Баъди кор аз Майдони Кӯксарой гузашта, ба хона мерафтам. Рӯз бегоҳ мешуд. Ҳаво боронии намнок. Ҳамин вақт ҷавонмарде, ки бесаранҷом буд ва ба худ мепечид, ба сӯям омад.
– Мебахшед, ака, – баъди салому алейк шармидаву кебида пурсид ӯ, – шумо намедонед, ҳоҷатхона дар куҷо бошад?
Борҳо аз ин ҷойҳо гузашта бошам, ки дар куҷо будани халоҷои ҷамъиятиро ба ёд оварда натавонистам. Ҳар рӯз дар ҳамин ҷойҳо гардеду ин хел ҷойро надонед, айб аст. Аз шарм сурх шуда, чӣ гуфтанамро намедонистам.
– Бо коре ба ҳамин ҷо омада будам, – аз тангии заҳра каме хам шуда, боз гуфт ҷавонмард, – барои ин ба як ташкилот даромадани шудам, намонданд.
Ҳоҷати як инсонро, ки бароварда натавонистам, хиҷолатомез маслиҳат додам:
– Ҳо ба ана он меҳмонхонаи «Ишонч» равед, – меҳмонхонаро нишон дода гуфтам. – Шояд пулашро гирифта, иҷозат диҳанд.
Дар ин хел вазъиятҳо одам дар ҳолати ногуворе меафтад. Дар деҳу қишлоқҳо ҳалли ин хел муаммоҳо осон. Дар ҷойҳои сераҳолӣ ё маркази маҳаллаву масҷидҳо ҳоҷатхонаҳо ҳастанд. Одам бемалол ба он ҷо даромада, қазои ҳоҷати худро иҷро мекунад.
Нақли шахсе ба хотирам омад. Ӯ гуфта буд, ки боре кораш ба тарафҳои кӯчаи Ӯзбекистон афтодааст. Бо писарчааш пиёда мерафтаанд. Писарчааш ягон чизи баде хӯрда будааст, ки дарунрав шудааст. Зуд-­зуд қазои ҳоҷат кардан зарур мешудааст, дар сари роҳ ё байни биноҳо ҳоҷатхонае ба назар намерасидааст. Маҷбур ягон ҷойи саҳл хилватро ба ӯ нишон дода, «шин» мегуфтаасту худаш посбонӣ мекардааст. Охиру охирон маҷбур шуда гуфтааст, ки дар паси дарахт ё пушти девор «кор»-ашро кардан гирад.
Ин як зарурати оддии инсон бошаду барои он дар як шаҳри калон шароите муҳайё накунанд, хислати бад аст.
Ташна монем, ки баъзеҳо об намедиҳанд
Одаме, ки ба шаҳр омадааст, ҳангоми зарурат ҳоҷатхонаро наёбад, дар ҳар ҷой қазои ҳоҷат мекунад. Охир беморони касалиҳои простатит, дизентерия, шамолаи рӯдаҳо, соломониёз ва ғайра зуд-­зуд ба пешоб кардан ниёз доранд.
Мо барои ин масъала равшанӣ андохтан як пагоҳӣ дар саргаҳи Хиёбони университет ба чанд нафар хизматчиёни Департаменти ободонии шаҳри Самарқанд вохӯрдем. Оиди ин масъала пурсидан барои мо ногувор бошад, ҷавоб додан барои онҳо ногувортар буд. Бо вуҷуди он, бо як зани миёнсоле, ки худро ҳамчун Сурайё Нурмоноваи ҷомбоӣ шинос карду 8 сол боз дар ин ташкилот кор мекардааст, ба ду-­се саволи мо лӯнда карда, чунин ҷавоб дод:
– Бо ин хел ҳолатҳо бисёр рӯ ба рӯ мешавем, – гуфт ӯ. – Аксаран дар гулхона, паси дарахтҳо ё пушти девор ин «кор»-ро мекунанд. Мо маҷбур мешавем, ки ҳамон ҷойҳоро ҳам рӯфта, тоза кунем. Инро ман нишонаи бемаданиятӣ медонам. Дар Боғи палангон, рӯ ба рӯйи мактаби рақами 2, ҷойҳои хилвати он тараф ва паноҳгоҳи қади роҳ одам бо чунин ҳолат бисёр дучор мешавад. Меҳру оқибат дар байни мардум то рафт кам мешавад. Аз кори бисёр гоҳо ташна монда, аз хонадони ягон кас об пурсем, намедиҳанд. Чӣ ҷойи қазои ҳоҷат? Ташаккур ба бригадирамон, ки барои чунин кор ба мо дар ҳар ҷо-ҳар ҷо ҳоҷатхонаҳои хурд-­хурде сохта мондаанд. Ин чизи аз ҳама зарурӣ аст. Баъзан сайёҳон пурсанд, мо чӣ ҷавоб доданро надониста, шарм медорем.
Корҳо аз рӯйи ҳисобу китоб
Аз Боғи марказии истироҳатии ба номи Алишери Навоӣ баромада, чашмамон ба навиштаҷоти «Ҳоҷатхона»-и паҳлӯи кинотеатри Самарқанд афтод. Мо дар назди он бо раиси комиссияи назоратии кинотеатри «Самарқанд» Зокир Халилович Ҷӯраев вохӯрдем. Баъди баёни мақсад ӯ гуфт:
– Ҳозир кинотеатри мо дар таъмир аст. Дар ин ҷо азнавсозии пурра давом дорад. Ҳоҷатхона дар дарун ҳам ҳаст. Ин ҳоҷатхонаи берунаи ҷамоатӣ. Фаррош хизмат мерасонанд. Ба тозагиву озодагиаш нигоҳ мекунанд. Дар берун бошад, ки корҳо бо ҳисобу китоб. Аз рӯйи қонун аз даромади он андоз супорида мешавад.
Дар лавҳаи рӯи дар нархи халоҷо – 2000 сӯм навишта шуда буд. Мо пурсидем, ки ин нарх оё қимат нест? Хизматгорзан гуфт, ки аксарият ҳазорсӯмӣ медиҳанд, бепул медаромадагиҳо низ ҳастанд.
Ба ҳоҷатхона сар дароварда дидем. Дари даромад якто бошад. ки дар дарун ҷойи қазои ҳоҷати мардон ва занон алоҳида-­алоҳида будааст. Ҳоҷатхона нисбатан тозаву озода аст. Барои қазои ҳоҷати 5–6 кас дар як вақт имкон дорад.
Эҳтиёҷ қариб даҳ баробар зиёд
Масҷид хонаи Худост. Ба он ҳар кас бемалол даромада метавонад. Ба қазои ҳоҷат ё таҳорат гирифтан касе мамоният нишон намедиҳад. Бо ҳамин хел умедҳо мо роҳи масҷидро пеш гирифтем.
Масҷиди ҷомеи Руҳобод дар марказ ва ҷойи ба назар намоёни шаҳр воқеъ аст. Ин ҷо ҳам муаммои таҳоратхонаву ҳоҷатхона калон будааст. Зеро таҳоратхонаву ҳоҷатхонаи масҷид дар як гӯшаи бинои Иттиҳодияи «Ҳунарманд» ҷойгир аст. Деворҳояш заҳ задаанд. Ҳамагӣ барои 6 нафар пешбинӣ шудааст.
– Дар рӯзҳои намози ҷумъа ин ҷойҳо, – саҳни беруни масҷидро бо дастонаш нишон дода гуфт имом-­хатиби масҷид Тӯлқин Амиров. – Одамон пур мешаванд. Донишҷӯву устодони мактабҳои олӣ, ходимони бонкҳо ҳам меоянд. Гоҳо аз 5000 кас зиёд мешаванд. Дар рӯзҳои Иди Рамазону Қурбон шумораи намозхонҳо ду баробар зиёд мегарданд. Бинобар ҳамин, талабгарони таҳорат гирифтану қазои ҳоҷат кардан низ дучанд меафзояд. Одамон маҷбур дар навбат меистанд. Барои занон ҳам чунин ҷойҳо даркор. Масҷид камаш барои халоҷову таҳоратгирии 50 кас зарурат дорад. Норасоии ҷойи қазои ҳоҷату таҳорат боиси норозигии мардум ва сайёҳон шуда истодааст. Бинобар ҳамин, дар паҳлӯи масҷид рухсат диҳанд, ҷой ҷудо кунанд, зеризаминӣ бошад, ки худи ҳамин сол онро сохтан даркор аст.

Қоидаҳо ҳастанд, вале назорати онҳо аз паси панҷаанд
Мо ҳамроҳи ходимони Департаменти рушди сайёҳии вилоят, маркази саломатии ҷамоатӣ ва осоиштагии санитариву эпидемиологӣ ва телерадиокомпанияи вилоят вазъи чанд ҳоҷатхонаи ҷамъиятиро аз назар гузаронидем. Нархи даромади ҳоҷатхонаи Бозори мармар, ки ба корхонаи хусусии «Каримов Азиз» тааллуқ доштааст, 2000 сӯм буда, бо ин қиматӣ чиркин аст. Бӯйи бади пешобу ахлот одамро нороҳат мекард. Ба аҳволи берунаи ҳоҷатхонаи Боғи истироҳатии «Ёшлик» нигоҳ карда намешуд. Партовҳои зиёде ба назар мерасид. Ҳоҷатхонаи нуқтаи тақсимоти сӯзишвории маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Самарқанд ҳам ба талаботи ҳуҷҷати расмии «Қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ», ки 15-уми июли соли 2019 қабул шудааст, ҷавоб дода наметавонистанд. Мувофиқи талаботи гигиенӣ дар ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ бояд собун, коғази ҳоҷатхонагӣ, сачоқи электрикӣ ё дастпоки коғазӣ ва зарф барои партов бошад. Кабина низ ҳалқа барои овехтани либоси рӯй, раф барои гузоштани чизҳои шахсӣ, сабади партов барои коғаз, пахта ва дигар чизҳо дошта бошад. Ҳоҷатхонаҳои ҷамоатӣ доимо тоза карда истода шаванд. Тозакунӣ аз баровардани партов ва иваз кардани маводи истифодабарӣ, коғазҳои ҳоҷатхона, коғазҳои дастпоккунӣ, собуни моеъ, баллонҳои аэрозолӣ ва ғайра сар шавад. Баъди тоза кардан ба таври горизонталиву вертикалӣ дезинфексия бояд кард. Аз ҳама охир фарши ҳоҷатхона шуста шавад. Дар аксари ҳорҷатхонаҳо аз болои иҷрои ин қоидаҳо назорати қатъӣ ба назар намерасиданд.
Чаро дар шаҳри Самарқанд ҳоҷатхонаи бепул нест?
Ба тозагиву озодагӣ, аз ҷумла ба назорати ҳолатҳои санитариву гигиении мабразхонаҳо ходимони Маркази саломатии ҷамоатӣ ва осоиштагии санитариву эпидемиологии шаҳр вазифадоранд. Мо роҳи ин марказро пеш гирифтем. Дар ин ҷо бо ҷонишини саршифокори марказ Азизбек Аҳроров вохӯрдем. Вай гуфт:
– Аксарияти ҳоҷатхонаҳои шаҳр барои иҷрои қоидаҳои санитариву гигиенӣ шароитҳои зарурӣ доранд. Албатта, якто-­нимта камбудиҳо ҳам мавҷуданд. Инро инкор карда намешавад.
Дар фаъолияти мо ҳуҷҷати меъёрии «Қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии ҳоҷатхонаҳои ҷамоатӣ» амал мекунад. Мо аз рӯйи он назорат мебарем, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида чораву тадбирҳо меандешем. Ҳозир кори ҳоҷатхонаҳои ҷамоатӣ асосан ба зиммаи тадбиркорон вогузошта шудааст ва онҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Инчунин, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 21-уми сентябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои ривоҷ додани инфрасохтори сайёҳӣ ва роҳҳо» ташкили ҳоҷатхонаҳои ҷамоатӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ин чӣ хел? Аз тарафи ҳукумати мамлакатамон дар атрофи роҳҳои калон замин ҷудо карда шуд. Мувофиқи он тадбиркорон дар ин ҷо ҳоҷатхона сохта, дар паҳлӯи он ба сохтани объекти хизматрасонӣ иҷозат гирифтанд. Дар Ҷомбой, Булунғур ин гуна корҳо ташкил шудаанд. Боз як вазифаи дигар дар нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ ҳолати ҳоҷатхонаҳоро ба талаботи замон расонидан аст. Дар ин бобат ҳам, корҳои зиёде ба ҷо оварда мешаванд. Барои ташкили ҳоҷатхона пеш аз ҳама об ва системаи канализатсия зарур аст. Агар таъминоти об хуб ва кори системаи канализатсия дуруст ба роҳ монда шуда бошад, ин иҷрои яке талаботи асосии тозагиву гигиении ҳоҷатхонаҳо мешавад. Ҳоло дар даруни шаҳр системаи канализатсия вуҷуд дорад. Дар беруни шаҳр, ки канализатсия нест, чӣ кор мекунанд? Аввал кори чоҳи артезианиро ба роҳ мемонанд. Баъд барои ҷамъшавии обу ахлот контейнерҳо мегузоранд. Баъди пур шудани онҳо ба дигар ҷой кашониданашро ташкил менамоянд. Дар ҷойҳое, ки ҳоҷатхонаҳо дар худи замин чуқур кофта сохта шуданд, нигаҳдории ҳолати санитариву гигиении онҳо мушкил аст. Инчунин, одам, ки дар ҳоҷатхона мешинад, газҳои гуногун ва бӯйи баде, ки ба одам мешинад, нороҳатиҳо ба вуҷуд меорад. Ин ба муҳити атроф низ таъсир мерасонад.
Мувофиқи меъёрҳо дар тамоми нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ будани ҳоҷатхонаҳо шарт аст. Ҳоло 100 фоиз набошад, ки аз 90 фоиз зиёдтари нуқтаҳои хӯроки умумӣ ҳоҷатхона доранд.
Самарқандро, ки ба шаҳри сайёҳон табдил доданием, ҳозир аксарияти нуқтаҳи хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ барои баланд бардоштани бренди худ ба ин масъалаҳо ҳам эътибор медиҳанд. Ҳоҷатхонаҳоро ба талаботи замона мувофиқ мегардонанд. Ин натиҷаи талаботи замон ва пурзӯр шудани рақобатро нишон медиҳад.
Мо аз Азизбек Аҳроров оиди фаъолияти ҳоҷатхонаҳои калонтарини шаҳр ва мавҷудияти ягон халоҷои бепули ҷамоатӣ пурсон шудем. Ӯ чунин ҷавоб дод:
– Имрӯзҳо дар фирмаҳои хусусии «RLS» ва «Нодир», бозорҳои деҳқонии «Сиёб», «Дамариқ», «Роҳи оҳан», «Мармар», комплексҳои савдои «Мӯсо Хонкелди», «Роҳи абрешим», «Шодиёна» ва дигар ҷойҳои сераҳолӣ қариб 20 ҳоҷатхонаи ҷамоатӣ амал мекунанд. Инчунин, дар обидаҳои меъморӣ, зиёратгоҳҳо ва ғайра халоҷоҳо вуҷуд доранд. Ҳамаи онҳо бо об таъмин буда, ба системаи канализатсионӣ пайванданд. Ба шаҳр, ки сайёҳон бисёр меоянд ва минбаъд шаҳри сайёҳӣ мегардад, инро ба назар гирифта, дар ҳудуди он аз тарафи тадбиркорон сохтани 18 ҳоҷатхонаи ҷамоатӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале дар шаҳр ягон ҳоҷатхонаи ҷамоатии бепул вуҷуд надорад.
Иҷрои нишондодҳои қарор
Ба иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораву тадбирҳои ривоҷ додани инфрасохтори сайёҳӣ ва роҳҳо» Департаменти рушди сайёҳии вилоят вазифадор аст. Оиди дар ин гуна ҷойҳо сохтани ҳоҷатхонаҳо ба сармутахассиси ин ташкилот Муҳаммадҷон Усмонов муроҷиат кардем. Ӯ маълумоте ба мо дод. Яъне, дар қарор дар тамоми нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ мувофиқи талаботи санитариву гигиенӣ шарт будани ҳоҷатхонаҳо нишон дода шудааст. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарони ин гуна нуқтаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Дар натиҷаи ин гуна корҳо аз 483 нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ 70,8 фоизаш (342 адад) ба талаботи қарор ҷавоб медиҳанд. Порсол, 5–6-уми декабр ҳангоми ташрифи гурӯҳи кории ҷумҳуриятӣ ҳолати онҳо аз назар гузаронида шуда, ба нуқтаҳои беҳтарини таъминоти газ, гази метан ва бензини ноҳияҳои Пайариқ, Оқдарё, Ҷомбой ва ғайра сертификатҳо супурда шуданд. Дар нуқтаҳои таъминоти сӯзишворие, ки дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ бунёд карда шудаанд, барои шахсони имконияташон маҳдуд, бачаҳо ва модарон зали интизорӣ, зонаи Wi-­Fi, хонаҳои хӯрокхӯрӣ ва ғайра шароитҳои зарурӣ мавҷуданд ва онҳо ҳоло ба мусофирон ва сайёҳони хориҷиву маҳаллӣ хизмат мерасонанд.

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад…
Дар ҳаёт ҳар як муаммо ҳалли худро тақозо мекунад. Халоҷоҳо ҳам масъалаи оддӣ нест. Барои ҳалли масъалаи ҳоҷатхонаҳои ҷамоатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва нархи онҳо мо фикри баъзеҳоро фаҳмиданӣ шудем.
Одилҷон ФОЗИЛОВ,
тадбиркори маҳаллаи Маърифати шаҳри Самарқанд:

– Ҳоҷатхонаҳои бепул дар ҷойҳои серодам даркоранд. Онҳоро аз ҳисоби ҳомӣ ё буҷет созонанд, хеле хуб мешуд. Ҳозир ҳоҷатхонаи бепул нест. Пештар дар даруни бозорҳо буд. Чиркину ифлос. Аз даромаданатон пушаймон мешудед. Ба ҳамин масъала вобаста боз як муаммои дигаре пеш омадааст. Ҳар як ташкилот ё объекти дигар инфрасохтори худро дорад. Масалан, ресторан. Ба ҳоҷатхонааш даромада баромадан, барои одам муаммо не. Лекин он ресторан нархи хӯроку хизматрасониашро 5 маротиба зиёд мегираду бар замми ин, ба ҳоҷатхонааш даромадан ҳам пулакӣ аст. Ин аз рӯйи инсоф не. Ба ҳоҷатхонаи истгоҳ ё заправкаи мошинҳо дароеду пул гирад, ин нодуруст аст. Дар баъзе ҷойҳо истгоҳи махсуси мошинҳо нест, вале аз куҷое «барерчаҳо» пайдо мешаванду пул мечинанд. Ҳоҷатхонаҳои нуқтаҳои сӯзишворӣ бояд бепул бошанд.
Дар ҷойҳои серодам барои табақаи мардуми мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ ҳоҷатхонаҳои бепул бошад, нағз мешуд. Вале инро кӣ бо маблағ таъмин мекунад ва ё аз кадом ҳисоб сохта шаванд, ман намедонам. Лекин дар ҷойҳои сераҳолӣ ҳатман чунин ҳоҷатхонаҳои хурде, ки хама бемалол даромада тавонад, ташкил кардан лозим аст.
Алишер АЗИМОВ,
нафақахӯр, сокини шаҳри Самарқанд:

– Солҳои зиёд ман дар соҳаи бехатарии сайёҳӣ кор бурдаам. Дар Самарқанд, ки бисёр ёдгориҳои меъморӣ ҷойгиранд, сайёҳони хориҷа барои тамошои онҳо меоянд. Як мушкилот чандин солҳо боз ҷой дорад. Сайёҳон бисёр вақт дар охири тобистон ва тирамоҳ омада, ҷойҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳои Самарқандро пойи пиёда тамошову сайр мекунанд. Дар ин вақтҳо ҳаво аз ҳад гарм буда, онҳо аз офтоби моён мушкилӣ мекашанд. Барои ҳамин ҳам, ҳар яки онҳо дар даст бутали об доранд. Фикр кунед, агар одам бисёр об нӯшад, ба вай чӣ лозим? Ӯ бояд қазои ҳоҷат кунад. Аммо на танҳо дар атрофи ёдгориҳои Самарқанд, балки дар дигар ҷойҳо ҳоҷатхонаҳо нестанд. Агар бошад ҳам, кам ва бо пул даромадан лозим. Ва ҳол он ки сайёҳони хориҷӣ пули сӯм дар киста надоранд. Онҳо ҳамроҳ «карточка»-ашонро гирифта мегарданд. Дар ин вақтҳо онҳо маҷбур мешаванд, ки ягон паноҳгоҳе ёбанд. Аз ҳисоби буҷети шаҳр ҳоҷатхонаҳои бепул ташкил карда шаванд, аз ин шаҳри мо фақат бурд мекунад. Фикри ман, халоҷоҳо зиёд бошанд.
«Дар шаҳр биноҳои бисёрқабата бисёранд. Мардум тӯю азо доранд. Дар ин хел рӯзҳо, ки ба қазои ҳоҷат кардан зарурат пеш меояд, одамон чӣ кор кунанд?»
Мо бо ин савол ба ҷонишини раиси шӯъбаи шаҳрии «Нуронӣ»-и Садорати маҳалла ва дастгирии оилаи шаҳри Самарқанд Илҳом Мухторов муроҷиат кардем. Ӯ чунин ҷавоб дод:
– Агар ҳоким барои дар байни биноҳои бисёрқабата ба сохтани ҳоҷатхонаҳо қарор барорад, он гоҳ тадбиркорон ҳаракат мекунанд. Барои ду бар ду ё панҷ ба панҷ метр ҳоҷатхона сохтан то қарор набошад, тадбиркорон худсарона сохта наметавонанд. Лекин ин хел ҷойҳо даркоранд.
Муҳаббат инсонҳоро бо ҳам мепайвандад
Дар охири таҳқиқоти журналистӣ мо бо ҷонишини сардори идораи динии Ӯзбекистон дар Самарқанд Ёқубҷон Мансуров сӯҳбати муфассале оростем. Ӯ ба сӯҳбат чунин ҳусни ифтитоҳ бахшид:
– Аллоҳ таъоло инсонро мукаррам гардонда, дар сурати зебо халқ ва ба либос аз дигар махлуқот ҷудо кардааст. Бинобар ҳамин, қазои ҳоҷат ҳам, як эҳтиёҷи инсон ба шумор меравад. Инсон бо ин гуна амалҳо, ки бевосита рӯ ба рӯ мешавад, албатта аҳамияти онро донистанаш даркор аст. Ривояте мавҷуд мебошад: як кас мепурсад, ки дар дини ислом одоби салом, гаштан, хӯрдан, мондан ва ғайра ҳаст, оё қазои ҳоҷат ҳам одоб дорад. Ҷавоб медиҳанд, ки албатта, қазои ҳоҷат ҳам одоб дорад. Чӣ хел гуфта пурсад, 15–16 одоби қазои ҳоҷатро баён мекунад. Аввало, худи ҳоҷатхона дар як ҷойи хилваттар шуданаш, бо сарпӯш ва пойи чап ба ҳоҷатхона даромадан, ба қибла нигоҳ накардан, шиштан, гап назадан, бо пойи рост баромадан, даст шустан ва ғайраро баён мекунад.
Инсонҳои тақводор, азизу мукаррам истинҷо ҳам мекунанд.
– Ёқубҷонака, эътироф кунем, ки дар тамоми масҷидҳои вилоят ин гуна муаммоҳо ҳалли худро ёфтаанд. Дар ҳамаи онҳо ҳоҷатхона, таҳоратхонаҳо ҳастанд, ки мардум тозаву покиза шаванд. Лекин дар ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ…
– Фаҳмидам. Ман ҳоло танҳо аҳамияташро баён кардам. Мо ҳама мардуми мусулмон ҳастем. Аз падараҷдодҳо якчанд фазилатҳои хуб мерос мондаанд. Инҳо хешу табордорӣ, ҳаққи ҳамсоягарӣ, роҳсозӣ, аз ҳавлӣ роҳ додан даркор бошад, роҳ додан ва ғайра ҳоло аз байни ҷомеа бардошта шудааст. Ин як чизи оддӣ не, дар асл як муаммои калон аст. Боз яке аз он фазилатҳо қазои ҳоҷат аст. Аслан, ин мӯъмин ҳоҷати мӯъмини дигарро баровардан аст. Пештар мусофирхонаҳо буд, бепул таом медодаанд. Дар кӯчаҳо ҳамин хел ҳоҷатхонаҳо, таҳоратхонаҳо будаанд. Афсӯс, ки ҳоло ин хел амалҳои нек аз байни мардум гум шудааст. Вале дар зери ин амалҳо як ҳикмати ниҳоят калон, савоби калон ниҳон аст.
– Ҳозир бисёриҳо корҳои савобро ба пул мезананд?
– Ана ҳамин хел. Масалан, шумо дарди шикам бошеду доруи дарди сарро хӯред, бефоида аст. Дар ҷамъият ҳам бисёр инсонҳо кори савоб мекунем гуфта, ба корҳои нодуруст пулҳояшонро сарф мекунанд. Амалҳое, ки дар китоби одобу ахлоқ баён карда шудаанд, ба ҷо оранд, хуб аст. Савоби ҳоҷатхона сохтан ва дигар корҳои хайр ба худаш ва истифодабарандагони он ҳам мерасад. Ин зинати шаҳр, одоби шаҳр аст. Худои таъоло ба шаҳри мо назар кардааст. Гоҳо худи мо ҳам ба ин хел камбудиҳо гувоҳ мешавем, бисёр меҳмонҳо ҳам дар ин бора арз кардаанду мекунанд. Мо ба масҷидҳо ҳам таъин кардаем, ки дари ҳоҷатхонаҳоро маҳкам накунанд, аз он одамон, роҳгузарон истифода баранд. Бори вазнини касеро сабук кардан вазифаи ҳар як мусулмон аст. Агар ба ин масъала ба дараҷаи ҳукумат эътибор шавад, бисёр кори нағз мешавад.
– Шумо ҳамчун як самарқандӣ медонед, ки дар ҷойҳои серодами шаҳрамон ҳоҷатхонаҳо каманд ва ё онҳо ба назар намоён нестанд. Баъзеҳо аз беморӣ ё ноилоҷӣ ин «кор»-ро дар пушти девор, паси дарахт ё таги буттае ба ҷо меоранд…
– Дуруст. Баъзеҳо ба ин маҷбур мешаванд. Мо онҳоро айбдор карда наметавонем. Ин айби мо. Мо бояд барои онҳо шароит муҳайё намоем. Чунки зарурат ба корҳои маъзур рухсат медиҳад. Одам гурусна бошад, шариат каме хӯрдани гӯшти хукро раво мебинад. Пайғамбарамон мегӯянд, ки мӯъмин ҳамон вақт мӯъмине мегардад, ки ба бародараш муҳаббат монад. Муҳаббат инсонҳоро бо ҳам мепайвандад, нафрат – не. Албатта як кас ҳоҷати дигареро барорад, албатта вай ҳам, ба ӯ ягон хубие мекунад. Ҳеҷ набошад, дар ҳаққаш як дуое менамояд.
– Аз рӯйи маълумотҳо, дар шаҳр ягон ҳоҷатхонаи ҷамоатии бепул набудааст. Ҳоло нархи даромадашро 1000–2000 сӯм карда мондаанд. Ин ба одаме, ки дар як рӯз 3–4 бор қазои ҳоҷат карданаш зарур аст, гаронӣ намекунад?
– Ин масъала ду тараф дорад. Одамон ба қоида ё тартиб риоя намекунанд. Баъд маҷбур мешаванд, ки барои тозагиву озодагии ҳоҷатхона ягон коргаре гиранд. Ин кор, яъне ҳоҷатхонаи бепул ташкил кардан мумкин аст. Барои одамони пулдор ин ҳеҷ гап не.
– Дини мо ба покизагиву покизакорӣ ҳидоят мекунад. Аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи ҷамоатии хайриявии «Вақф» ин гуна корҳоро ба ҷо овардан мумкин нест?
– Дар таҷрибаи дунё ин хел корҳо иҷро карда мешаванд. Масалан, аз маблағи «Вақф» таҳоратхонаҳо месозанд. Дар мамлакати мо «Вақф» акнун зина ба зина ривоҷ меёбад. Албатта, ин таклифи шуморо ҳам мегӯем. Умуман, ин як муаммои калон ва долзарб, як масъалаи чашм пӯшида, аз паҳлӯяш гузашта мерафтагӣ нест. Ин муаммои ҷудоинопазири инсон аст. Ба ҳалли он Худо ба мо роҳ диҳаду насиб гардонад…

Дар баъзе мамлакатҳо ҳоҷатхонаро ончунон хушрӯву базеб ва дорои тамоми шароитҳо сохтаанд, ки ба ақл рост намеояд. Масалан, ҳоло ҳоҷатхонаи оинабанди ҷамъиятӣ дар кӯчаи кордонҳои маркази Лондон амал мекунад. Дар Миннеаполиси ИМА ҳоҷатхонаи ҷамоатии бошукӯҳе бунёд кардаанд, ки он аз халоҷо дида, бештар меҳмонхона ва ё музейро ба хотир меорад. Ҳукумати Норвегия ғами сайёҳонро хӯрда, дар хатти туристии хиёбонҳои табиӣ аз бетону шиша ҳоҷатхонаҳои зебое сохтаанд, ки ба ландшафти табиӣ мувофиқат менамояд. Дар дунё аз ҳама ҳоҷатхонаи ҷамъиятии калони зебо дар Хитой мебошад. Вай дар як вақт ба 2000 кас хизмат мерасонад. Ҳоҷатхонаи «экологӣ»-ро дар Бразилия ва «кайҳонӣ»-ро дар кӯчаи Сан-­Франсискои ИМА сохтаанд.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ