ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ


Финдиқи замин, арахис (Arachis hy-pogac) гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш борик, сершохи сабз ва серпашмак, ба монанди палак месабзад. Баргаш мураккаби пармонанд (аз 2 ҷуфт баргчаҳо иборат), хӯшагулаш 5-7-гула, шукуфааш зард ё норинҷӣ, ғилофакмевааш 1-5-тухма (дарозиаш 1-3 см), мағзаш лӯнда ё дарозрӯя, гулобӣ ё гулобии ҷигарранг, моҳи май гул, июл — октябр мева мекунад.
Чормағзи заминӣ — яке аз зироатҳои пурқиммати равғандор мебошад. Таркиби мағзи он тақрибан 60% равған ва 35% сафеда дорад. Равғанаш дар истеҳсолот барои тайёр кардани консерваҳо, маргарин, собунпазӣ ва дар соҳаи тиб васеъ истифода бурда мешавад. Баъди гирифтани равған дар таркиби кунҷораи вай то 45% сафедаҳо ва 8% равған боқӣ мемонад. Кунҷораи чормағзи заминиро дар тайёр кардани консерваҳо, ҳалвоҳо ва дигар маҳсулоти қаннодӣ истифода мебаранд. Дони онро бе коркард ҳам истеъмол кардан мумкин аст. Баргу пояашро барои хӯроки чорво истифода мебаранд. Аз чормағзи заминӣ аз 1,5 то 4,0 тн аз як гектар ҳосили дон гирифтан мумкин аст. Баргу пояи чормағзи заминӣ серсафеда буда, аз ҷиҳати серғизоӣ ба хошоки себарга ва юнучқа баробар аст. Чормағзи заминӣ хокро аз моддаҳои нитрогендор бой мегардонад.
Дар асоси матолиби интернет таҳия шуд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ