КУЛОЛИ АКАДЕМИК, Ё КИ ШОГИРДИ КЕНҶА

Чунин номидани мақолаи зерин кори тасодуф нест. Он маънии дақиқ дорад. Самарқандиён ва мардуми санъатдӯсти ҷумҳуриву берун аз он номи Усто Умар Ҷӯрақуловро нағз медонанд. Усто Умар Ҷӯрақулов бо санъати нодири кулолии худ ба тамоми гӯшаҳои дунё машҳуру маълум гаштааст. Мо самарқандиён бо ин ном ифтихор кунем меарзад. Усто Умар Ҷӯрақулов касби аҷдодиро ба хубӣ омӯхт. Авлодони онҳо низ бо ин касб машғул буданд. Баробари ин, Усто Умар бисёр шогирдони боистеъдод тарбият кард, ки онҳо ва шогирдони онҳо ҳунари кулолиро бо шавқу завқи ба худ хос то ҳол давом медиҳанд. Усто Умар Ҷӯрақулов мактаби нави кулолиро ба вуҷуд оварда, ба пойдор мондани ин ҳунар ҳиссаи беназири худро гузошт. Шогирдони усто А.Мухторов, М.Носиров, Х.Ҳақбердиев, Ҳ.Шарофов ва шогирди кенҷа Шариф Азимов имрӯзҳо устоёни номӣ гашта, шогирдони зиёд тарбия намуданд ва менамоянд. Онҳо бо ифтихор анъанаи неки аҷдодонро давом медиҳанд. Мо дар сарлавҳа «шогирди кенҷа» гуфтем. Зеро сухан оиди шогирди кенҷаи Усто Умар — Шариф Азимов меравад. Бо мамнуният гуфта метавонем, ки ин усто ҳунари кулолӣ, номи устоди номдорашро баландтар бардошт ва мебардорад. Бояд гуфт, ки кулолгарӣ ё ба ибораи дигар сафолгарӣ аз қадимтарин ҳунарҳои нафиса буда, таърихи он ба ҳазорсолаҳо мепайвандад. Зеро то ҳол дар натиҷаи кофтукови археологӣ аз харобаҳои Афросиёб порчаҳои кӯза ё худ дигар ашёи кулолӣ ёфт мешаванд. Боз як далели бостонӣ будани ин ҳунарро аз ғазалиёт ва маъхазҳои таърихӣ дидан мумкин аст. Дар васфи кулолону кори савоби онҳо шоирон шеърҳо навиштаанд. Шоири машҳури машриқзамин Умари Хайём дар бораи коргаҳи кӯзагар чунин мегӯяд:
Бар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ҳар як ба забони ҳол бо ман гуфтанд:
“Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!”
Ҳангоме, ки дар устохонаи академик Шариф Азимов чӣ гуна чарх давондани кулолро мебинед ва бо дастони сеҳрофарини хеш кӯза сохтанашро шоҳид мешавед, хоҳу нохоҳ ин ҷараён эътибори шуморо ба худ мекашад. Дар ниҳод саволе пайдо мешавад, ки ин устои моҳир кулолиро чӣ хел омӯхт ва дар ин ҳунари заҳматталаб кӣ ӯро устод буд?
− Ба соҳаи кулолӣ омадани ман таърихи аҷиб дорад, — гуфт Шариф Азимов. — Дар синфи болоии мактаби миёна таҳсил мегирифтам. Рӯзе рафиқам − набераи духтарии Усто Умар ба ман гуфт, ки бобо ба устохонаи кулолӣ даъват кард. Зуд розӣ шудам. Чунки дар дил орзуи ҳунарманд шуданро мепарваридам. Ин воқеа соли 1970 рух дода буд. Мо бо ҳам ба устохонаи Усто Умар Ҷӯрақулов омадем. Он кас моро хеле хурсанд пешвоз гирифтанд ва ба омӯзонидани касби кулолӣ шурӯъ намуданд. Медонед, шогирдӣ кори хеле пурмашаққат аст. Овони ҷавонӣ буд. Хун ҷӯш мезад. Мехостем ба кӯча баромада, бозӣ кунем, тӯб занем, ҳамроҳи дӯстон сӯҳбат ороем. Аз ин сабаб, корро тез – тез ва чала иҷро карда, аз устохона хориҷ мешудем. Устобобо аз ин чиз хеле диққат шуда: «Агар хоҳед, ки усто шавед, кӯшиш ва ғайрати омӯзиш кунед», − гуфта коҳиш дода буданд. Бо гузашти айём касби кулолӣ ва муҳаббати он дар дилам ҷо гирифт. Дар аввал асосан дар асоси қолаб ашёи гуногун месох­тем. Устобобо ба ман сохтани ҳар гуна бозичаҳо, корҳои сайқалдиҳиро меомӯзониданд. Сонитар, баъди хатми мактаб, ба омӯзишгоҳи озуқаворӣ дохил шудам. Аз чӣ бошад, ба ин касб ҳеҷ меҳр монда натавонистам. Баъди хатми бахши аввали омӯзишгоҳ ба сафи армия сафарбар карданд. Баъди хизмат аҳд кардам, ки ҳатман касби кулолиро меомӯзам ва усто мешавам.
Аз сафи армия баргашта, рӯзе ба устохона омадам. Устобобо маро ба оғӯш кашида, хушҳол пешвоз гирифтанд ва ман дар он дам бо тамоми ҳастӣ эҳсос намудам, ки ин касб қисмати ман аст.
Орзу доштам, ки тезтар ба чарх шинам ва кӯза созам. Аз устобобо рустӣ ба паси чарх менишас­там, вале корам ҳеҷ табъи дил намешуд. Рӯзе устобобо маро пеши худ даъват намуда, «Кани Шарифбой, ба чарх гузаред», − гуфтанд. Ҳоло он ҳама эҳсосотеро, ки дар ин маврид аз дил гузарондам, бо сухан ифода карда наметавонам.

Оре, ҳамон вақт Шариф Азимов ба майдони ҳунармандӣ қадам ниҳод. Усто Умар Ҷӯрақулов марде буд хеле сахтгир. Ҳангоми вайрон кардани шакли кӯза ё дигар ашёи кулолӣ онро ба замин зада мешикаст ва аз нав сохтани онро талаб мекард. Шариф аз нав сари чарх менишаст.
Ҳамон солҳо дар хаёти усто фоҷиаи калон рух дода, писарашон Муҳаммадҷон вафот кард. Усто Умар аз доғи фарзанд бисёр ғамгин ва озурда гардида, пойбанди андӯҳ шуданд.
− Рӯзи Наврӯз буд, − ба хотир меоварад Шарифака. − 21-уми марти соли 1973. Марги беамон Усто Умар Ҷӯрақуловро аз байни мо бурд. Вафоти устод дар баробари аҳли санъат, маро низ сахт андӯҳгин кард. Ба худ қавл додам, ки касби устодро то дами охирини умр давом медиҳам ва то ҳол мекӯшам ба қавли худ содиқ бимонам.
Кулолон ҳам ба табақаҳо ҷудо мешаванд: косагарон, кӯзагарон, бозичасозҳо, табақсозон ва ғайра. Дар байни онҳо кӯзагарон мавқеи хоса доранду кӯзасозӣ яке аз намудҳои мураккабтарини ҳунари кулолӣ ба ҳисоб меравад. Усто Шариф Азимов ин ҳамаро дидаву дониста, кӯзагариро интихоб намуд ва хато накард. Имрӯзҳо ӯ яке аз ҳунармандони боистеъдодтарини мактаби кулолии Самарқанд мебошад.
− Шариф устои хеле боистеъдод аст, — гуфт дӯсти наздики усто Шариф — Ҷӯрахон Маллахӯҷаев. — Кӯзаҳои ӯ бо ҷозиба ва мукаммалии сохти худ фарқ мекунанд. Дар хотир дорам, ки рӯзе меҳмони хориҷие ба Иттиҳодияи эҷодии «Усто» омада буд. Вақте ки маҳсули ҳунари Шарифро аз назар мегузаронид, ба ӯ кӯзае хеле хуш омад ва ихтиёри харид кардан намуд. Шариф муайян кардани нархи онро ба худи меҳмон ҳавола намуд. Меҳмони санъатдӯст бо қаноатмандии зиёд 700 доллари амрикоиро дод ва гуфт, ки кӯза асари бебаҳо аст ва арзиши гарон дорад. Боз як рӯйдоде, ки устои моҳир будани Шариф Азимовро нишон медиҳад, ба усто пешниҳод гардидани сохтани кӯзаи махсус барои Президенти собиқи Франсия Миттеран мебошад. Ӯ чаҳор шабу рӯз ин асари худро эҷод карда, ба мақсад расид. Кӯза бо маҳорати баланди кулолӣ сохта шуда, тӯҳфаи арзандае буд.
Дар аввали солҳои 1980 Шариф Азимов як қатор асарҳои кулолӣ офарид, ки диққату эътибори самарқандиён ва санъатдӯстони хориҷиро ба худ ҷалб намуд.
Шариф Азимов узви Иттиҳодияи эҷодии мусаввирони собиқ Иттифоқи Советӣ мебошад, ки дар гузашта ба ин чиз ноил гаштан кори хеле мушкил буд. Бо асарҳои кулолии худ дар намоишгоҳҳое, ки дар Люксембург, Ҳиндустон, Канада, Франсия ва дигар давлатҳои хориҷӣ гузаронида шудаанд, иштирок намуд. Асарҳояш ба феҳристи санъати ҳунармандии халқҳои ҷаҳон низ ворид карда шудаанд.
− Рӯзе намояндаи як мамлакати Араб дар Франсия Мисе Бадриддин ба ман таклиф кард, ки дар Ватанаш устохона кушоям, − ёдовар мешавад усто. − Ман розӣ шудам. Вале коғазбозиҳои бисёр имконияти ба хориҷа баромаданро надоданд.
15 сол аст, ки Шариф Азимов дар намоишгоҳҳои вилоятӣ, ҷумҳурӣ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва байналхалқӣ иштирок менамояд. Асарҳои ӯ дар музейи халқҳои Шарқи Москва, Музейи давлатии этнографии Санкт – Петербург, Музейи давлатии санъати Ӯзбекистон дар Тошканд ва дар Музейи ба номи Акмал Икромови Самарқанд ҷой гирифтаанд. Имрӯзҳо бо Шариф Азимов бародараш Фозил ҳам бо муҳаббати калон касби кулолиро ривоҷ медиҳад ва яке аз шогирдони ӯ ба ҳисоб меравад.
Боиси хурсандист, ки ин устои моҳир унвони академики Академияи рассомони Ӯзбекистонро дорад. Орзуи усто Шариф Азимов эҳёи дубора ва пеш бурдани фаъолияти мактаби кулолӣ дар Самарқанд ва аз нав зинда кардани номи устоди бузургаш мебошад. Мехоҳад устохонаи Усто Умар Ҷӯрақуловро аз нав ташкил карда, нуфузи мактаби кулолии Самарқандро ба дараҷаи ҷаҳонӣ бардорад.

Беҳрӯз МАЪРУФӢ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ