Дар бораи даъвати сессияи сиюсеюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум

Бар асоси моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:

Сессияи сиюсеюми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум соати 4-уми июни соли 2021, 9:00 даъват карда шавад.

Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
– ҳисоботи сарвари Садорати ҳудудии вилоятии Кумитаи давлатии алоқа, иттилоот ва технологияҳои комуникатсионии Ӯзбекис­тон Д. Хӯҷамбердиев аз рӯйи корҳое, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 5-уми октябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои тасдиқ ва татбиқи босамари стратегияи «Ӯзбекистони рақамӣ‑2030» таҳти рақами ФП‑6079 амалӣ мегарданд;
– ҳисоботи ҳокими ноҳияи Иштихон Ш. Неъматов дар бораи иҷрои барномаи чораҳои амалӣ роҷеъ ба беҳсозии вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мувофиқи нишондиҳандаҳои рейтинги баҳогузории сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ;
– ҳисоботи сарвари Садорати ветеринария ва рушди чорводории вилоят Э. Тошмуродов роҷеъ ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 3-юми феврали соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатии иҷрои Стратегияи ҳаракатҳо роҷеъ ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон дар солҳои 2017–2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» таҳти рақами ФП‑6155 (банди 129);
– масъалаҳои дигар.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
№107-Қ 28-уми майи соли 2021.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ