Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки замини давлатро фурӯшад!

Ҷамъомади навбатии комиссияи байниидоравии мубориза ба зидди коррупсияи вилоят дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳияи Самарқанд баргузор гардид. Дар он ҳокими вилоят Э. Турдимов, роҳбарони секторҳо, ходимони масъули идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони халқ ва фермерҳо иштирок карданд.
Ҳокими вилоят дар рафти ҷамъомад таъкид кард, ки ҳолатҳои коррупсионии бо хариду фурӯши ғайриқонунии замин вобаста кам намешаванд. Бинобар ин, ҳама аз фикрҳое, ки дар ҷамъомади селектории ба қариби зери роҳбарии Президентамон гузаронда баён карда шуданд, хулосаҳои дахлдор бароранд, аз ин рӯ қоидаи «Қонун устувор ва ҷазо муқаррар аст» қатъӣ мешавад. «Қаҳрамонӣ»-ҳои фермерони самарқандӣ роҷеъ ба фурӯши замин, ки ба қарибӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида, сабаби нафрати халқ шуданд, бояд барои ҳама сабақ шаванд.
– Замин – мулки давлат, мо аз он муваққатан истифода мебарем. Ҳеҷ кас, на ҳокимҳо, на фермер ва на соҳибкороне, ки муваққатан соҳиби замин мебошанд, ба фурӯхтани ғайриқонунӣ ва тасарруф кардани замин ҳақ надоранд. Инро набояд фаромӯш кард, – гуфт Э. Турдимов. – Замин ҳамаамонро хӯронда мепӯшонад, имрӯзу фардоямон бо замин вобаста аст. Бинобар ин, ибораи «Замин-Модар» пайдо шудааст. Агарчи ҳақиқати талх аст, вале бояд дарк кунем, ки фурӯхтани замин баробари фурӯхтани модар мебошад.
Инчунин, дар ҷамъомад сардори Садорати вилоятии Хизмати амнияти давлатӣ ва прокурори вилоят ба сухан баромада, бо мисолҳои мушаххас ҳамаро ба огоҳӣ даъват карданд.
Дар анҷоми ҷамъомад ба мутасаддиёни масъул супориш дода шуд, ки то 1-уми июл ҳамаи майдонҳои замини ноҳияро аз инвентаризатсия гузаронда, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии заминро муайян карда, онҳоро барҳам диҳанд. Депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи ноҳия ин фикрҳоро дастгирӣ карда, баён намуданд, ки барои иҷрои ҷараёни мазкур ёрии амалӣ медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ