ДАРАХТОН РОСТ МЕМИРАНД

Ҳар гоҳе бо Акбар Пирӯзӣ рӯ ба рӯ биёем, медидем, ки банди андешаҳои худ қадам мезанад. Шояд дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мисраъҳои тоза ба ёдаш мерасиданд. Ва ё ӯ қофия ё ташбеҳи обнарасидае меҷуст:
Ман хатою ҳарфи сахти дӯстон бахшидаам,
Бешумор озори хори бӯстон бахшидаам…
Ҷустуҷӯ кардам раҳи меҳру муҳаббат бар диле,
Нописандии дили номеҳрубон бахшидаам…
Бо касе ҳамроҳ бошад, гарму ҷӯшон сӯҳбат менамояд. Бештар ба фаҳмондан мекӯшад. Вай маслиҳатгари хубе буд. Ба ёру дӯстон ва эҷодкорон идеяҳои ғайриоддӣ ва манфиатноки аҳли ҷомеа медод.
Акбар Пирӯзӣ (12.09.1947–31.07.2015) дар гузари Ашӯрмуҳаммади шаҳри Самарқанд ба дунё омада буд. Вай дар оилае ба воя расида буд, ки илму дониш ва китоб дар ҷойи аввал меистод. Падараш Аҳтам Қосимов ва модараш Истад Қосимова барои се нафар писарон тамоми шароитҳои хонишу илмомӯзиро муҳайё сохта буданд. Дар тарбияву парвариши онҳо модаркалони модариаш Ҳурматой Қобилова, ки зани илмдӯсту бомаърифат буда, асарҳои классиконро бемалол мехонд, саҳми калон гузошт. Тухми илму донишро дар дили наберагон кошт. Бинобар ҳамин, солҳои мактабхонӣ аввалин шеърҳои Акбар Пирӯзӣ (Қосимов) дар рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона рӯйи чопро диданд.
Акбар Пирӯзӣ пас аз хатми мактаби рақами 3-и шаҳр шомили шӯъбаи забони англисии факултети филологияи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид.
Баъди хатми он солҳои 1970–1978 роҳбалад – тарҷумони шӯъбаи самарқандии идораи «Интурист», солҳои 1978–1984 ҷонишини директори идораи сайёҳии Самарқанд, аз соли 1984 то соли 1990 сармутахассиси Ҷамъияти вилоятии «Дониш» шуд. Аз соли 1990 дар рӯзномаҳои «Овози Самарқанд» ва «Самарқанд» кор кард. Тамоми ин солҳо эҷод мекард ва маҳорати шоирии худро сайқал медод. Баробари навиштани шеърҳои дилнишин, дар тарҷумаи асарҳои дигар шоиру нависандагон қувваи худро месанҷид. Асарҳои Эркин Воҳидов, Ойдиннисо, Фармон Тошевро аз ӯзбекӣ, шеърҳои Ирина Алексеевнаро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷима кард. Аз забони англисӣ тарҷимаи шеърҳои Перси Биш Шелли (шоири англис), Роберт Бёрнс (шоири шотландӣ), Ҳенри Лонгфелло (шоири амрикоӣ) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Устод Акбар Пирӯзӣ муаллифи китобҳои «Тӯфони дил», «Чашмаҳои меҳрубонӣ», «Чамани меҳр» буд. Аз сафарҳояш ба Ҳиндустон, Булғористон, Миср, Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Литва, Эстония, Россия, Эрон, Британияи Кабир ва ғайра бо таассуротҳои бузург бармегашт.
Акбар Пирӯзӣ падари 4 нафар фарзанд ва бобои 14 нафар набера шуда буд.
Инак, 6 сол мешавад, ки устод Акбар Пирӯзӣ ҳамроҳи мо нест. Мо чанд нафар бо мақсади ёдоварӣ ва шод гардондани рӯҳи покаш ба қарибӣ меҳмони хонадони ӯ шудем. Аҳли хонадон ва фарзанду набераҳо моро самимона пешвоз гирифтанд. Хонаи кориаш чӣ хеле ки буд, ҳамон тавр ба назарамон намуд.
Духтари калонии устод Акбар Пирӯзӣ муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 22-и шаҳр Мунаввара Қосимова нақл кард, ки падараш на танҳо дар тарбияи худи ӯ, балки дар парваришу ба воя расонидани фарзандон ҳам саҳми беандоза дошт. Ба туфайли маслиҳату раҳнамоии ӯ ду нафар соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Содиқҷон факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро тамом карда, ҳоло муаллимӣ кунад, Парвиз омӯзгори фанни таърихи мактаби таҳсилоти умумии рақами 9-и шаҳр аст. Зарурате пеш ояд, гид – тарҷумонӣ ҳам мекунад. Давлатҷон ҳам донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷӣ мебошад. Ду нафар аз пайи бобо мераванд.
Муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 17-и ноҳияи Самарқанд Ирода Қосимова ҳангоми ёдоварии падар худро дошта натавонист. Буғзи дил гулӯгираш карда гирист. Шояд ин мисраъҳои шеъри падараш, ки аз ёд медонисту зуд-­зуд ба забон меовард, ба хотираш расиданд:
Кай меравем аз олам? Аз мо касе надонад,
Он мешавад саҳаргаҳ, шаб ё? Касе надонад.
Айёми хандаи гул ё нолаи хазонҳо,
Ҳангоми барфрезӣ? Асло касе надонад…
Умри дурӯзаи мо чун нур меравад тунд,
Имрӯз мо ҳаёту фардо ҳама таҳи хок.
Некӣ агар наояд аз дасти мо ба мардум,
Бошем зинда, ёрон, бо рӯҳу бо дили пок.
Вазъи муаллимаро фаҳмида, хоҳиш кардем, ки фикру мулоҳизаҳояшро навишта диҳад. Инак, ёдномаи Ирода Қосимова:
«Падарам дар байни дӯстони худ ҳамчун шоири меҳрофарин, накӯхислат, инсони асил шинохта шуда буданд. Шеър­ҳояшон ба мавзӯъҳои некӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан ва тананнуми инсонҳои асил бахшида шудаанд.
Суханҳои фарзандон ва шогирдонро бо диққат шунида, мулоҳиза карда, маслиҳатҳо медоданд. Талабаҳои эҷодкорро дастгирӣ мекарданд ва роҳу равиши шеърнависиро меомӯзонданд.
Набераҳояшонро ҳар рӯз ба хониши иловагӣ бурда, то тамом шудани дарс интизор мешуданд. Ҷойҳои таърихии шаҳрамонро тамошо мекунониданд ва дар бораи ҳар кадоми онҳо муфассал маълумот медоданд.
Барои хурсандии аҳли оила ҳамеша кӯшиш мекарданд, мехостанд, ки фарзанду набераҳояшон одамони ба ҷамъият муносиб шаванд.
Хотираҳоямро тагу рӯ карда, боз ба ёд меорам, ки дар ҳафтсолагӣ бо ҳамроҳи падар ба мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳр рафта будем. Падарам маро бо муаллимаи худ Вафоева шинос карда гуфтанд, ки шумо ба ман навиштану хонданро ёд дода будед, акнун фарзандамро ба назди шумо овардам.
Муаллима хеле хурсанд шуда буданд.
Баъд аз тамом кардани мактаб, ҳамроҳ ҳуҷҷатҳоро ба факултети филологияи тоҷики ДДС супорида будем. Ба ҷойи кор ҳам рӯзи аввал маро падарам раҳнамоӣ карда буданд.
Боре ман ба падарам дар бораи тарҷумонӣ саволе дода будам. Яъне чӣ хел омӯхтаанд? Падарам ҷавоб доданд, ки муаллим дар университет лексия хонад, ман онро якбора тарҷума карда менавиштам.
Ин хел маҳоратро дар ҳеҷ кас надидаам. Падарам якчанд забонро омӯхта буданд ва пурра медонистанд.
Мо 30-юми июли соли 2015 бо фарзандон ба аёдати падар раф­тем. Сӯҳбат кардем. Он рӯз падарам хеле хушчақчақ буданд. Ин сӯҳбати падарам ва дидорбинии охирини мо будааст… Фардои он рӯз, диле, ки саршори меҳр, саршори хислатҳои нек буд, аз задан боз монд. «Сактаи дил»: Чунин буд, хулосаи шифокорон.
Ҳар гоҳ шогирдон, дӯстон ё ҳамкорони падарамро бинам, гӯё падарамро зинда мепиндорам.
Ҳамеша дар дили мо – фарзандону пайвандон, дар дили набераҳо падарам зинда ҳастанд».
Набераи калонии Акбар Пирӯзӣ – Парвиз Самеъҷонов муаллим бошад, ки гоҳо гид-­тарҷимонӣ мекунад. Ӯ оиди бобояш чунин гуфт:
– Бобоям қариб 40 сол тарҷумонӣ кардаанд. Забони англисиро мукаммал медонистанд. Ба нафақа баромада бошанд, ки шавқи забономӯзиашон баланд буд. Бекор нанишаста, ба омӯхтани забони ибронӣ машғул мешуданд. Ба кори тарҷимонӣ бо як иштиёқи баланд мерафтанд. Ман ин гапҳоро беҳуда нагуфта истодаам. Вақти ҳамроҳ рафтан ҳатто инро ҳис мекардам. Тарҷумаи он кас хушку холӣ не, ба назарам, образноку бадеӣ буд. Ба сайёҳони хориҷӣ бо як эҳтироми беандоза дар бораи таърихи Самарқанд, арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои мардуми мо бо ҷӯшу хурӯш нақл мекарданд.
Роҳбалад-­тарҷимонӣ кори осон нест. Барои ин донишу малака доштан зарур. Боз камтар психолог шудан лозим аст, ки сайёҳ чӣ мехоҳад. Барои омӯхтани асрори тарҷимонии бобоям ба ман солҳо даркор аст. Ман ҳам тарҷимонӣ мекунам, вале аз афташ, мисли бобоям шуда наметавонам.
Бобоям шеърҳоро ҳам тарҷима мекарданд. Мегуфтанд, ки аз ҳама асосиаш мисли ҳамон халқ забонро ҳис кардан аст. Ҳар сайёҳе, ки меҳмони Самарқанд мешуд ва ба ӯ бобоям роҳбаладӣ мекарданд, ба фикрам, як умр Самарқандро фаромӯш намекард. Ҳамаи он чизҳое, ки мо омӯхтаем, асосгузораш бобоям – Акбар Пирӯзӣ мебошанд. Одам бояд соҳиби ҳар касбе шавад, онро рӯякӣ не, бояд бо тамоми дилу ҷонаш ҳис намояд. Ман то ҳол чанд фоизи тарҷимонии бобоямро аз худ кардаам, намедонам. Ин дар гено ҳаст ва хоҳед-нахоҳед ба рӯ зада мебарояд. Ман дар ягон ташкилоти сайёҳӣ кор намекунам. Агар ҷеғ зананд, меравам. Дар ин хел мавридҳо мехоҳам дар бораи шаҳрамон, қадриятҳо, расму оинҳои хуби миллиамон нақлкунам, асосиаш ба онҳо дуруст фаҳмонида диҳам, ки сайёҳ баҳра барад, одам худро сабук ҳис мекунад, хурсанд мешавад.
Ман набераи калонии бобоям ба ҳисоб меравам. Баъди хонадор шудан фарзанддор нашуда, аллакай номаш тайёр буд. Худо писар дод. Акбарҷон ном гузоштем, яъне ҷони Акбар – бобоям.
Соли 2016 китоби нисбаттан мукаммали Акбар Пирӯзӣ бо номи «Чамани меҳр» аз чоп баромад. Дар таҳияи он Озод Ҳамидзода ба аҳли оилаи шоир кӯмак расонид. Ӯ ҳангоми меҳмонӣ дар хонаводаи шоир чунин ибрози ақида кард:
– Дона то бар хок наафтад,
кай ба боло сар кашад,
Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.
Вақте ки кас бо шоири шинохтатарини ҳавзаи адабии Самарқанд дар асри ХХ, яке аз саромадони шоирони ҷавон, мутарҷим устод Акбар Пирӯзӣ рӯ ба рӯ мешуд, ҳамин байти шоир ба хотир меомад. Вақте ки аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд Акбар Пирӯзӣ мегузаштанд, касе устодро бо фуки осмонбӯс ё сарбаландӣ намедид. Доимо сари хам доштанд. Дар фитраташон шеър як чизи олӣ буд. Маънавият, фарҳанг дар ҷойи аввал қарор дошт.
Имрӯз дар Самарқанд, дар байни аҳли эҷод, махсусан ҷавонон дар хонаҳои худ гули наврӯзӣ доранд. Гули наврӯзие, ки устод аз аввали баҳор ҳамчун пайғомрасони фасли гул ба шогирдони худ тӯҳфа намудаанд. Имрӯзҳо хонадонҳои моро наврӯзгулҳои устод Акбар Пирӯзӣ зеб медиҳанд ва моро бо баҳори нав муборакбодӣ мегӯяд. Он китобҳое, ки ҳоло мо дар рафҳои хонадони устод мебинем, ин ҳатто аз сад як ҳисса бошанд. Вақте ки устод баъзе китобҳои худро ду-­сенусхагӣ медиданд, ҳатман ба мо тӯҳфа мекарданд. Мо аз китобҳои дар хона доштаи устод низ баҳраҳо бурдаем.
Шеъри асил дар дили поку соф мерӯяд. Акбар Пирӯзӣ, ки як шахси асил, як шахси некном буданд, аз худ як мероси мондагор гузоштанд.
Як рӯз пеш мо намедонистем, ки устод Акбар Пирӯзӣ ин дунёро абадулабад тарк мекунанд. Вале афсӯс, ҳамин хел шуд. Шоир мегӯяд:
Дарахтон рост мемиранд
Чаман бар ҷост мемиранд.
Чунон нохост мемиранд,
Ки мо нодида мемонем.
Журналист ва нависандаи нозукбаёни мо Ҳамза Ҷӯра хотираҳояшро дар бораи Акбар Пирӯзӣ чунин баён кард:
– Соли 1991 нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоири тавонои тоҷик Акбар Пирӯзӣ бо номи «Тӯфони дил» рӯйи чопро дид:
Шеъри ман туғёни дил,
Шеъри ман тӯфони дил.
Дар раҳи бахту шараф,
Шӯълаи тобони дил.
Ҳамин дили бузурги Акбар Пирӯзӣ субҳи содиқи 31-уми июли соли 2015 аз таппиш бозмонд.
Ӯ шоире буд, ки мудом бо ғаму ташвиш ва шодию хурсандии халқу миллаташ мезист. Суғдиёнро, Авесторо, Ориёниҳоро, Зардуштро пеши назар меовард. Саҳифаҳои таърихи куҳанро варақ мезад. Нигаред, Акбар Пирӯзӣ хоки азизи Самарқандро чӣ гуна пеши назар меорад:
Эй нишони ҷовидони Суғдиён,
Эй сафои дидаи Испитамен.
Эй суруди дилнавози Рӯдакӣ
Эй Самарқанд, чашмаи сад достон.
Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Гулназар дар бораи навиштаҳои ин шоири самарқандӣ «Шеъри Акбар Пирӯзӣ зодаи обу хоки Самарқанд аст. Он шеър аз обу ранги манораҳо ҷома ба бар дорад, аз накҳати боғу растаҳои шаҳри бостонӣ атри гиребон дорад, аз таъриху орзуву омоли мардуми ҳамдиёр роҳ дар камар дорад», гуфта буд.
Шодравон шоири маҳбуби мо имрӯз дар қайди ҳаёт набошад ҳам аммо номаш бо шеърҳои пурмӯҳтавои худ ва чуноне, ки дар шеъри «Дил»-и худ меоварад, боқӣ мемонад:.
Гарчӣ рӯзе дил шавад хомӯш мисли гулшане,
Масканашро баъди худ ҳам гарму тобон мекунад.
Мо барои зиёрати хокҷойи устод Акбар Пирузӣ ба қабристони Хоҷа Абдуи Дарун омадем. Ҳоҷӣ Шукруллохон Вализода дар ҳаққи хуфтагони ин мазор, аз ҷумла Акбар Пирӯзӣ дуои фотеҳа хонд ва ёдовар шуд:
– Ман, ки чандон фаъол нестам, аз анҷуману сӯҳбатҳои адабии олимону шоирон ва аҳли қалам дур будам. Аз ин рӯ, аксарияти онҳоро намешинох­там ва бебаҳра мондаам. Аз он ҷумла, бо шоири баркамол, тарҷимони моҳир Акбар Пирӯзӣ боре дар ҳавлиашон ва чанд маротиба дар маъракаю роҳҳо вохӯрда, каму беш ҳамсӯҳбат шудаам. Бо вуҷуди кам вохӯрданамон симо, рафтор, гуфтор ва хулқи аълои ин марди оқил сабаби ба якдигар меҳр мондану дӯстӣ пайдо кардани мо шуд.
Ман аз чашмаҳои равони эҷоди ин шахс бархурдор мегаштам ва ғизои маънавӣ мегирифтам. Чун китобашон аз нашр баромад, дастрас намуда, хонда ба он кас боз меҳрам зиёда гардид. Мавзӯъ ва ифодаҳо дилписанд, ҷумлаҳо хоно ва ба хурду калон фаҳмо буд. Барои тафсилоти ҳаёти кӯтоҳу пурсамари дӯсти мо – Акбар Пирӯзӣ китобҳо навиштан мумкин. Умед дорем, ки дар оянда ин корҳо ҳам амалӣ мегарданд.
Дар охир ҳамсари устод Матлуба Қосимова рӯзи вопасини ҳаёти Акбар Пирӯзиро ба забон овард:
– Мо якҷоя 49 сол зиндагонӣ кардем. Худо раҳмат кунад, шавҳарам доимо ғами фарзанду набераҳоро мехӯрданд, ояндаашонро фикр мекарданд. Аз ҳаёт наменолиданд. Ҳар корро бо маслиҳат ба ҷо меовардем. Бо маслиҳат тӯйи фарзандону набераҳоро гузаронидем. Гоҳо аз кор ё ягон ҷо асабонӣ шуда оянд, гап намезадем. Аз байн 15–20 дақиқа гузарад, боз мисли пештара мешуданд. Рӯзҳои сахт низ ба сарамон омад. Соли 2011 хонаву ҷоямон сӯхт. Ба ҳамааш тоқат кардем. Ҳаёт гузарон будааст. Рӯзи охирини ҳаёташон ҳам ҳамааш мисли рӯзҳои дигар буд. Фардояш як набераамон барои ба мактаби олӣ дохил шудан имтиҳон дошт. Субҳи 31-уми июл аз хоб хеста, дасту рӯ шустанд. Чой фармуданду барои каме дамгирӣ ба хона даромаданд. Дастархон партофта, чой дам кардам. Ҳамон аз он кас дарак нашуд. Ба хона даромада бинам, якпаҳлӯ – як дасташонро зери рӯяшон монда, беозор ҷон додаанд. Баъд фаҳмем як сол пеш мо бехабар он кас инсулт гирифта, ба пой гузаронида будаанд…

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ