Ягон масъала аз эътибор дур намонд!

Рӯзи 4-уми июни соли равон сессияи сиву сеюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э. Турдимов сарварӣ кард. Намояндагони халқ аввал котиб, сипас рӯзнома, тартиби кор ва регламенти сессияро тасдиқ карданд.
Муваффақиятҳо назаррасанд, вале…
Ҳисоботи ҳокимияти ноҳияи Иштихон Ш. Неъматов дар бораи иҷрои барномаи чораҳои амалӣ роҷеъ ба беҳсозии вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мувофиқи нишондиҳандаҳои рейтинги баҳогузории сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар рӯзномаи сессия масъалаи баррасӣ гардидаи аввалин буд.
– Дар ҷамъбасти соли 2020 ноҳияи мо мувофиқи нишондиҳандаҳои рейтингии инкишофи иҷтимоиву иқтисодии худ ба ҳисоби минтақаи «зард» дохил карда шуд, – гуфт Ш. Неъматов. – Мо аз ин натиҷа хулоса бароварда, дар соли 2020 ва чоряки якуми соли 2021 ба натиҷаҳои асосии зерин муваффақ шудем:
– иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи соли 2020
– ҳаҷми истеҳсолоти корхонаи саноатӣ 352,2 млрд сӯм, суръати афзоиш 121,1 фоиз ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,4 мл.н сӯмро;
– ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2,9 трлн. сӯм, суръати афзоиш 100,9 фоиз ва ба ҳар сари аҳолӣ 11,5 млн. сӯмро;
– ҳаҷми хизматҳо 469,6 млрд. сӯм, суръати афзоиш 101,0 фоиз ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,8 млн. сӯмро;
– гардиши чаканаи маҳсулот 676,9 млрд. сӯм, суръати афзоиш 101,5 фоиз ва ба ҳар сари аҳолӣ 2,6 млн. сӯмро;
– ҳаҷми содирот 7,4 млн доллари ИМА, ба ҳар сари аҳолӣ 41,2 доллари ИМА‑ро ташкил карданд.
Иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи барои чоряки якуми соли 2021 муайяншуда ва афзоиши он нисбати чоряки якуми соли 2020:
– ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 145,6 млрд. сӯм (106,7 %);
– хоҷагии қишлоқ 305,2 млрд. сӯм (101,2 %)
– хизматҳо 152,7 млрд. сӯм (105,1 %);
– гардиши чаканаи маҳсулот 131,6 мдрд. сӯм (106,9 %).
Дар ноҳияи Иштихон нақшаҳои семоҳа роҷеъ ба ривоҷдиҳии соҳибкорӣ, ҷудо кардани кредитҳои бонк ба субъектҳои тадбиркорӣ, инчунин соҳибкорони оилавӣ ва тадбиркорони зан ва ривоҷдиҳии ҳунармандӣ, иҷрои барномаи шуғл ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ва иҷрои барномаи ривоҷдиҳии иҷтимоиву иқтисодӣ иҷро гардиданд.
Дар соли 2020 нишондиҳандаҳои пешбинишудаи иҷрои буҷет ба 78,4 млрд. сӯм иҷро гардида, ба таври иловагӣ 6,0 млрд. сӯм пардохта шудаанд.
Дар ҷамъбасти чоряки якуми соли 2021 дар натиҷаи амалӣ кардани 122 лоиҳаи 251,0 млрд. сӯмина 803 ҷойи нави корӣ ташкил гардида, суръати афзоиш 117 фоизро ташкил кард.
Дар ноҳия барои беҳдошти тарзи зиндагии шаҳрвандоне, ки ба рӯйхати дафтарҳо дохил карда шудаанд, дар доираи ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» оилаҳои мӯҳтоҷ ва эҳтиёҷмандро хона ба хона гашта омӯхтанд. Дар натиҷа аз 2955-то оилаи камбизоат то охири сол 2153 оила (72,9 фоиз) соҳиби манбаи даромади доимӣ шуда, аз рӯйхати дафтарҳо бароварда шуданд.
Дар ноҳия дар соҳаи сохтмон ва ободонӣ низ чанд тадбир, аз ҷумла сохтмони 2-то мактаби таълими умумӣ, 1 муассисаи таълими томактабӣ, 1 объекти тандурустӣ ва 2-то роҷеъ ба мустаҳкам кардани соҳил ва таъмири роҳҳои дохилӣ, 2 бинои 4-қабатаи 48 хонагӣ амалӣ карда шуданд. Чунин корҳо то охири соли 2021 низ давом хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, дар соли 2021 30 фоиз зиёд кардани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи барномаи «Қишлоқи обод» барои нав кардани қиёфаи меъморӣ ва обод кардани ҳудудҳо 2-то деҳа интихоб гардид. Ғайр аз ин, дар натиҷаи баҳодиҳӣ ба мавзеъҳо дар ноҳия 5 деҳаи вазъияташ душвор муайян шуд. Бинобар ин, дар онҳо барои беҳдошти муҳити иҷтимоӣ-­маънавӣ дидани чораҳоро ба нақша гирифтанд.
Баъди ҳисоботи ҳокими ноҳияи Иштихон ба муҳокимаи сессия маълумоти гурӯҳи депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз Ҳизби халқӣ-­демократии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 2–3-юми июни соли равон дар бораи ҳолати инкишофи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Иштихон тайёр кардаанд, пешниҳод гардид. Дар он аз рӯйи секторҳо баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ баён карда шуданд.
Баробари ҳамин сарвари гурӯҳи корӣ депутат Б. Насриев аз номи гурӯҳ чанд пешниҳодро роҷеъ ба ин муаммоҳо баён кард, ки ба пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодии маҳаллаҳо, сектор ва умуман ноҳия нигаронида шудааст. Чунин тарзи ташкили кор дар оянда низ идома дода шавад, танҳо ба манфиати кор асту бас.
То охири сол ба ҳамаи мактабҳо интернет васл мешавад
Дар сессия намояндаҳои халқ ҳисоботи сарвари Садорати ҳудудии вилоятии Кумитаи давлатии алоқа, иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионии Ӯзбекистон Д. Хӯҷамбердиевро аз рӯйи корҳое, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 5-уми октябри соли 2020 «Дар бораи чораҳои тасдиқ ва татбиқи босамари стратегияи «Ӯзбекис­тони рақамӣ‑2030» таҳти рақами ФП‑6079 амалӣ мегарданд, шуниданд.
Дар қароре, ки баъди шунидани ҳисобот қабул гардид, ба зиммаи садорати мазкур ва филиали ШС «Узтелеком» дар Самарқанд (Н. Эшназаров) вазифаи то анҷоми сол васл кардани тамоми мактабҳои таълими умумӣ ва то 1-уми августи соли равон ҳамаи ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳаллаи вилоят ба шабакаҳои интернетии суръаташон баланд вогузошта шуданд.
Аз кластерҳои агросаноатӣ то сохтори кори хонадонбайъ
Аз ҳисоботи сарвари Садорати ветеринария ва рушди чорводории вилоят Э. Тошмуродов роҷеъ ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 3-юми феврали соли 2021 «Дар бораи Барномаи давлатии иҷрои Стратегияи ҳаракатҳо роҷеъ ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017–2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» таҳти рақами ФП‑6155 (банди 129) маълум гардид, ки дар соли 2021 ба ҳар сари аҳолӣ 49,5 кг. (меъёр 42,8 кг.) гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 348 кг. (меъёр 311 кг.) ширу маҳсулоти ширӣ ва 350 (меъёр 208) дона тухм истеҳсол карда мешавад.
Дар соли 2021 дар вилоят дар соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асалпарварӣ 128 лоиҳаро амалӣ мекунанд. То ҳол 87 лоиҳаи арзиши умумиаш 249 млрд сӯмина амалӣ гардида, 353 ҷои нави корӣ ташкил карда шудааст.
Ғайр аз ин дар ноҳияи Булунғур кластери агросаноати ҶММ «Samarkand KZT milk kompany» ташкил карда мешавад. Ин корхона, аз ҷумла маҷмӯи бӯрдоқипарварии барои 5 ҳазору 400 сар пешбинишудаи арзиши умумиаш 130 миллиард сӯминаро месозад ва дар натиҷа 300 ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.
Дар маҳаллаҳо барои боз ҳам ривоҷ додани соҳа сохтори кори хонадонбайъ роҳандозӣ карда мешавад.
Барои ташкили кластерҳо дар самти бӯрдоқипарварӣ ва истеҳсоли шир 25 млн. евро сармоягузории хориҷӣ ҷалб карда хоҳад шуд.
Натиҷаҳои интихобот ва истифода аз манбаъҳои иловагии буҷет
Дар сессия намояндагони халқ ахбори раиси комиссияи вилоятии интихобот С. Нуриевро дар бораи натиҷаҳои интихобот, ки 30-юми майи соли равон ба ҷойи холишудаи депутатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронда шуд, ба ҳисоб гирифта, аз ҳавзаи интихоботии Чархин‑44 депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихоб шудани намояндаи Ҳаракати соҳибкорон ва тадбиркорон – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон Урдашева Азиза Бекмататовнаро бо як овоз эътироф карданд.
Намояндагони халқ, инчунин масъалаи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоятро баррасӣ карда, бо мақсади аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ кардани оилаҳое, ки ба рӯйхати «дафтари оҳанин»-и ноҳияи Нуробод дохил карда шудаанд, харидани асбобу ускунаҳо ва барои қисми оилаҳои ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи ноҳияи Қӯшработро ба паррандапарварӣ ҷалб кардан ба онҳо харидани ҷиҳозҳои инкубатор қарор қабул карданд.
Бояд гуфт, ки намояндагони халқ дар рафти сессия ҳеҷ як масъалаи рӯзномаро аз эътибор дур нагузоштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ