Бо ускунаҳои газ эҳтиёткорона муносибат кунед!

Соли 2020 дар вилоятамон 27 ҳолати нохуши вобаста бо бӯйи газ ва таркиши омехтаи газу ҳаво (21 ҳолат) қайд гардид. Дар моҳҳои гузаштаи соли ҷорӣ 3-то чунин ҳодисаи нохуш содир гашта, дар натиҷа 9 нафар шаҳрванд вафот карда, 3 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳолатҳои нохуш асосан аз беэҳтиётии шаҳрвандон ба ускунаҳои газ содир мегардад…
Дар анҷумани матбуотие, ки дар Хонаи матбуоти вилоят таҳти мавзӯи «Корҳое, ки бо мақсади пешгирии вазъиятҳои фавқулоддае, ки эҳтимоли дар байни аҳолӣ рух додан доранд, аз ҷумла ҳодисаҳои нохуши вобаста бо заҳролудшавӣ аз бӯйи газ ва таркиши омехтаи газу ҳаво» дар ин бора сухан рафт. Тадбир бо ташаббуси Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят ташкил гардида, дар он журналист ва блогерҳо иштирок карданд.
Ҷонишини сарвари Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят Умед Аҳроров ва ходими «Ҳудудгаз Самарқанд» Ҳасан Дониёров роҷеъ ба пешгирии ҳолатҳои таркиш аз гази табиӣ ва моеъ, ҳодисаҳои нохуше, ки соли гузашта ва моҳҳои сипаришудаи соли ҷорӣ рух додаанд, татбиқи корҳои профилактикӣ ва ғайра маълумот доданд.
Зикр гардид, ки бобати муҳофизати саломатии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои ногувор чун заҳролудшавӣ аз газ, оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда, бехавфии сӯхтор чорабиниҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Мутаассифона, аз сабаби беэътибории шаҳрвандон ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз бӯйи газ содир мегардад. Масалан, 28-уми марти соли ҷорӣ дар хонадони сокини маҳаллаи Мақсуд Шайхзодаи шаҳри Самарқанд бо сабаби нодуруст истифода бурдан аз печи гармидиҳӣ ҳолати нохуш содир гашта, 4 нафар аъзои хонадон вафот карда, 1 нафар ҷароҳат бардоштааст.
Бино ба маълумотҳо дар чоряки аввал кормандони садорат дар 322410 хонадон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ