БИҲИШТУ ҶАННАТОСО БОҒИ МАЙДОН ДАР САМАРҚАНД АСТ…

Биё, хуш, дилнишин,
ҷӯши баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ, лоларӯён дар Самарқанд аст,
Шакарлаб, моҳпайкар,
хушнигоҳон дар Самарқанд аст,
Адофаҳму сухансанҷи расоён дар Самарқанд аст.
Биҳишту ҷаннатосо
Боғи Майдон дар Самарқанд аст…
Дар ҳақиқат, Самарқанди латиф ва биҳиштмонанд на фақат бо обу ҳавои рӯҳафзо, адофаҳму сухансанҷони донишмандаш, балки бо боғҳои зебояш машҳури олам мебошад. Боғҳои хушманзари атрофи Самарқанд аз давраҳои қадим бо ҳусну латофати худ назаррабо буданд. Таърихчиёни Юнони қадим на танҳо мукарраму муқаддас будани ин шаҳри маҳфуза, иморату кӯшкҳо, мусаввараву муҷассамаҳо, оташкадаву гумбазҳои онро қаламдод намудаанд, балки деҳоти маъруф ва боғҳои сарсабзу серҳосили онро низ зикр кардаанд. Бино бар гуфтаҳои онҳо, гузаштагонамон дар бобати боғдорӣ ва боғсозӣ рисолаҳои махсус доштаанд ва ҳунари боғдориву ороиши боғ дар ин қадимшаҳр ба сатҳи баланд расида будааст.
Боғимайдони имрӯза ҳам аз ҷумлаи қадимтарин деҳоти атрофи Самарқанди бостонӣ аст, ки дар тӯли чандин асрҳо номи он дар таърихномаву рисолаҳои ҷуғрофӣ зикр ёфтааст. Олимони қадимшинос аз мавзеъҳои мутамаддини Самарқанди куҳан ба шумор рафтани Боғимайдон, аксар воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии ин қадимшаҳр бо ин деҳаи маъруф алоқаманд буданашро таъкид кардаанд.
Ба ҳамин маънӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди Кӯшониён (асрҳои 1–4 мелод) Самарқанд ва деҳоти гирду атрофи он обод ва инкишофёфта будааст. Самарқанд дар замонҳои қадим, то истилои араб ва баъд аз он, ҳамчунин дар асрҳои миёна дар Машриқзамин бо шукӯҳ, сатҳи баланди тамаддун ва боғоти шаҳдбор, боду ҳаво ва оби ширину зулолаш таваҷҷӯҳи аҳли илму адабро ба худ ҷалб мекард.
Дар асрҳои VII–VIII, ки дар он давр арабҳо ба Мовароуннаҳр истило доштанд, мардуми Боғимайдон – ин гӯшаи сабзу хуррами Самарқанд, мисли дигар деҳоти водии Зарафшон (аз сарҳади болоияш сар карда то поёнобаш) ҳама ба забони суғдӣ гап мезаданд. Биноан, имрӯз ҳам дар гуфтугӯи мардуми ин мавзеъ садҳо исми хоси маҳалҳо ва ҷӯйҳо, исмҳои ҷинс истифода мешаванд, ки боқимондаи забони суғдианд. Масалан, исми Мотуруд, ки ба шарофати номи Хоҷа Абӯмансури Мотурудӣ дар олами ислом шӯҳрат ёфтааст.
Воқеан, Мотуруд аз топонимҳои хеле қадимист. Бино ба хулосаи баъзе мутахассисон, ин калимаи суғдӣ маънои ҷӯйи морпеч (змеяобразное ручьё)-ро дорад. Дигарон андеша доранд, ки маънои он оби хира (сиёҳоб) мебошад. Дарёфти маънои дурусти Мотурудро ба суғдшиносон ҳавола намуда, меафзоем, ки ин ном ҳанӯз дар замони пеш аз Имом Абӯмансури Мотурудӣ (беш аз 1170 сол муқаддам) маълум будааст. Қаблан аз омадани арабҳо минтақае, ки дар ду тарафи наҳри Сиёб воқеъ буд (баъд аз Афшина ва Кӯҳак), то поёнобаш Мотуруд меномидаанд. Аз ин рӯ, метавон тахмин кард, ки номгузории деҳаи Мотуруд дар замонҳои хеле қадим бо рӯди Сиёб (Сиёҳоб)-и имрӯза алоқаманд мебошад. Зеро деҳаи Боғимайдони сарсабзу сероб дар соҳили ин рӯд воқеъ аст. Тахаллуси Имом Абӯмансур, ки Мотурудӣ мебошад, аз номи зодгоҳи ин бузургвор гирифта шудааст.
Дар замони салтанати сулолаи Сомониён (солҳои 875–999) минтақаи Мотуруд ба қисмҳое бо номҳои Работи Ғозиён, Афшина, Навбоғ, Бедмайдон бо масҷиди ҷомеъаш ва ҳам ба Мотуруд тақсим шудааст. Дар ин давра дар маҳалҳо боғдорӣ, зироати полизӣ дар қатори ҳунармандӣ ва косибӣ тараққӣ кардааст. Дар ин маврид Наҷмиддини Насафӣ дар «Ал-­Қанд» зикр кардааст, ки ин минтақа аз замонҳои қадим қисмати хеле сарсабзу ободи Самарқанд ба шумор мерафтааст.
Соли 1220 истилогарони муғул бо сарварии Чингизхон Самарқандро забт карданд. Истилогарон шаҳрро ба куллӣ хароб намуда, ба боғу токзорҳои сарсабзу хуррами он офат ҳам оварданд. Санъати боғу боғдории Боғимайдон ҳам дар қатори дигар деҳоти Самарқанд шикасти сахт дид. Устод Айнӣ ҳам дар натиҷаи тохтутоз ва истилои чингизиён ранги як харобазорро гирифтани кишварро таъкид намуда, «дар ҷои киштзорҳои ҳосилхез, боғҳои пурсамар ва ҷӯйҳои равон, даштҳои хушки бегиёҳ ва биёбонҳои регзор пайдо шуда буд; аз шаҳру деҳаҳо, аз мадрасаҳо ва аз кутубхонаҳо танҳо тӯдаҳои хокистар монда буд» навиштааст.
Дар аҳди темуриён (охири асри 14 ва асри 15) бошад, Самарқанд ва мавзеъҳои гирду атрофи он аз нав ободу зебо гардиданд. Шӯҳрати пешинаи боғҳои он барқарор шуд. Илму фанҳо, аз қабили риёзиёт, нуҷум инкишоф ёфта, истеҳсоли коғази самарқандӣ, матоъҳои абрешимӣ шӯҳрат ёфтанд, ки бо номи деҳаи Боғимайдон ҳам алоқаманданд. Дар бораи ҳусну латофати Самарқанд ва боғоти он Зайниддин Восифӣ (охирҳои асри ХV ва аввалҳои асри ХVI) дар «Бадоеъ-­ул вақоеъ» ном асари худ барҳақ чунин ёдоварӣ кардааст, ки ба Боғимайдон ҳам вобаста аст: «Бозорҳояш монанди рӯи арӯсон ороста ва дар вай аз ҳар тараф чун мӯи марғуладори дилбарон фитна бархоста. Меваҳои латифаш рӯҳафзо ва обҳои зулолаш чун оина чеҳранамо буд».

Бино бар маълумоти «Қандия»-и Наҷмиддини Насафӣ ва китобҳои дигари таърихӣ, хусусан «Зафарнома»-и Яздӣ ва «Тазаккуроти Темурӣ» (қисмати дигари «Тузукоти Темурӣ», ки ба шакли китоби алоҳида оид ба сохтмонҳо, ташкили боғу идгоҳҳо мураттаб шудааст), дар замони ҳукмронии Амир Темур дар минтақаҳои Навбоғ ва Бедмайдон ду боғ аз нав ороста мешавад, ки инҳо Боғи Баланд ва Боғи Майдон буданд. Ба ҷои масҷиди ҷомеи ин ҷо масҷиди нав месозанд, ки айвонаш 20 сутун дошт ва акси ин сутунҳо ба ҳавзи пеши айвон афтода, ба назар 40-то менамуд. Бинобар ин масҷид номи Чилсутунро гирифтааст. Чунин номро бо ҳавас ба қасре дар шаҳри Исфаҳони Эрон низ гузоштаанд, ки дар асл 20 сутун дошт.
Шоҳ ва шоир Заҳириддин Бобур дар «Бобурнома»-и худ (асри ХVI) аз хусуси боғҳои биҳиштсифати Улуғбек бо ифтихор навишта, Боғимайдон ва масҷиди Чилсутуни онро ин тавр тавсиф кардааст: «Дар доманаи пуштаи Кўҳак ҷониби ғарб боз боғе бино кардааст, ки ба Боғимайдон мавсуф. Дар мобайни ин боғ иморати олие сохтааст. Чилсутун гўянд, дуошёна, сутунҳояш ба тамом аз санг. Дар чор канори ин иморат мисли чор манор бурҷҳое бино кардаанд, ки роҳҳои болобароӣ аз ин чор бурҷ аст. Дар тамоми ҷойҳои дигараш сутунҳои сангӣ. Баъзеашро ба шакли морпеч сохтаанд. Чор тарафи ошёни болоӣ айвон буда, сутунҳояш аз санг. Мобайнаш хонаи чордара. Курсии иморатро ба тамом сангфарш кардаанд. Аз ин иморат ба сўйи доманаи пуштаи Кўҳак боз як боғчае бино кардааст, дар он як айвони бузурге сохтааст, дар дохили айвон як санги бузургеро тахт гузоштааст, ки дарозиаш тахминан чаҳордаҳ-­понздаҳ карӣ мебошад, бараш ҳафт-­ҳашт карӣ, ғафсиаш як карӣ. Чунин санги бузургро аз роҳи хеле дур овардаанд. Аз мобайнаш дарз рафтааст. Мегўянд, ки ин дарз баъди ин ҷо овардан шудааст. Дар ин боғча боз як хонаи чордара андохтааст, ки рўйкашаш ба тамом чинӣ. Чинихона мегўяндаш. Ба Хитой одам фиристода овардаанд» (минбаъд ҳам дар тарҷумаи мо).
Ба қавли Бобур, дар замони Султон Аҳмад мирзо ҳам, бек ва бекзодаҳо боғҳои серсоя ва боғчаҳо сохтаанд. Чунончи, ў менависад: «мисли чорбоғи Дарвеш Муҳаммад тархон чорбоғи босафою хушҳаво ва мадди назар кам бошад. Поёнтари Боғимайдон, болои баландие дар шафати сабзазори Кулба як чорбоғе андохтаанд, ки аз он тамоми ин марғзорро зери по мебинед. Дар чорбоғ ҳам заминҳоро зина-­зина бо тартиб дуруст карда, қатораҳои хуб сохтаанд ва сарву сафедорҳо шинондаанд, ки манзили хеле мумтозест. Айбаш он аст, ки оби калоне надорад».
Ин маълумот хонандаро бовар мекунонад, ки мавзеи Кулба низ аз қисмати сарсабзу ободи Самарқанд ба шумор рафта, мавқеаш маҳаллаҳои имрўзаи Қўрғонча, Азизон ва Мотурудро дар бар мегирад.
Бобур дар бораи дигар қисматҳои сарсабз ва ободу фараҳфизои Самарқанд ҳам маълумоти ҷолиби диққат дода, мавқеи ҷуғрофии онҳоро баён кардааст, ки бо Боғимайдону Обираҳмати он алоқаманд аст: «Яке аз марғзорҳои машҳур сабзазори Конигил аст. Аз шаҳри Самарқанд ба тарафи шарқ воқеъ, нимааш ба шимол мойил, як шаръӣ мебошад. Сиёҳоб, ки Обираҳмат ҳам гўяндаш, аз мобайни Конигил ҷорист, оби ҳафт-­ҳашт осиёро дорад. Атрофи ин об ба тамом обгир аст. Баъзеҳо гўянд, ки номи аслии ин марғзор Кони обгир будааст, вале дар китобҳои таърих ба тамом Конигил нависанд, сабзазори хеле хубест…»
Шоири маъруф Камолиддини Биноӣ (асрҳои 15–16) бошад, дар китобҳояш «Футўҳоти хонӣ» ва «Шайбонинома» дар порчаҳои манзум маконҳои хушманзареро мисли Боғи Баланд, Боғи Майдон, ҳавзаи (бассейн)-и Оби раҳмат, Кўҳак, Конигил, Ғотфар ва ғайраро васф намудааст. Афсўс, ки ин китобҳо нашр нашудаанд ва порчаҳои дигар аз ин китобҳо дар асари А. Мирзоев «Камолиддин Биноӣ» (Душанбе, соли 1957) оварда мешаванд. Ҳамчунин шоири зуллисонайн ва арбоби бузург Алишер Навоӣ дар ашъори худ манзараҳои дилнишини ин маҳал, ба хусус боду ҳавои Кўҳак, оби зарнисори Зарафшонро васф кардааст.
Дар асрҳои 16–17 дар натиҷаи ғоратгарию тохтутозҳои қабилаҳои бодиянишин – шайбониён, аштархониён Самарқанд ва деҳоти он аз нав ба харобот дучор мешавад. Бедодгарӣ ва гуруснагӣ ба авҷи худ мерасад. Бо ин ҳама тороҷгарӣ, ҷангу ҷидолҳо, ки боиси гуруснагиву қаҳтӣ мегардиданд, ҳаракати боғдорию боғсозии мардуми Боғимайдон ба тамом қатъ нагашт. Маҳз маҳсули дастони неъматофарини мардуми он буд, ки шўҳрати ангурҳои соҳибӣ, ҳусайнӣ ва шакарангураш дар осори бадеъ ҳам ифода ёфтанд.
Ҷангҳои шадиди байни қабилаҳои кўчӣ дар асри 18 ба авҷи худ расиданд. Дар натиҷаи ин аксари мардуми Самарқанд барои халосӣ аз зулму ситам ватанро тарк намуда, рў ба муҳоҷират оварданд, шаҳр холӣ шуда, ба қавле «ба дашт монанд гардид». Табиист, ки дар ин давраи тираву тор боғу боғдорӣ ҳам дар қатори касбу ҳунар, илму фарҳанг аз инкишоф монд.
Баъди шаҳри Самарқандро (2-юми майи соли 1868) ба тасарруфи худ даровардани Русияи подшоҳӣ ҳаёт андаке рў ба беҳбудӣ овард. Ҷангҳои байниқабилавӣ барҳам хўрданд. Дар қатори ҳунармандию бофандагӣ боғу боғсозӣ ҳам ривоҷ ёфт. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 заводҳои пиллаву шаробкашӣ ба кор шурўъ карданд, ки эҳтиёҷ ба боғҳо ва токзорҳои он афзуданд.
Ҳамин тариқ, аз даврони қадим дар тўли таърих мардуми Боғимайдон дор бобати инкишофи боғдориву боғсозӣ ҷидду ҷаҳд намудаанд. Боғҳои дилнишин бино кардаанд, ки дар ҳусну латофат аз боғҳои хушобу ҳавои Боғи Фирўза, Боғи Дилкушо, Боғи Биҳишт, Боғи Ҷаҳоннамо, Боғи Баланд ва дигарҳо монданӣ надоштанд.
Бино ба маълумоти «Қандия»-и Муҳаммад Абдулҷалили Самарқандӣ ва «Самария»-и Абўтоҳирхоҷаи Самарқандӣ дар сарҳади Боғи Баланду Боғи Майдон дар ҳамон ҷое, ки имрўз маҳаллаи Ҷўйи чуқур воқеъ аст, «Чаҳорбоғи Темур» мавҷуд будааст. Баъдҳо дар шафати масҷиди ин маҳал боқимондаи ҷасади Хоҷа Исҳоқи Валии Даҳбедиро аз оромгоҳаш, ки обхезӣ таҳдид мекард, овардаву дафн кардаанд ва оҳиста-­оҳиста масҷид ҳам ба номи ин бузургвор мусаммо шудааст.
Дар давраи баъдӣ номи минтақае, ки аз ин Чаҳорбоғ сар мешуду то маҳаллаи Алиобод дар ғарб тўл мекашид, Гулбоғ номидаанд ва онро ҳам Оби раҳмат («Мотирид»-и суғдӣ) шодоб мекардааст. Дар замони шўравӣ ин ҷоро колхоз ташкил карданду номашро Қизилбоғча гуфтанд. Аз Гулбоғи машҳур «боғча» монду ва баъдҳо дар ҳуҷҷатҳо номи яке аз маҳалҳои хурди ин минтақа «Қўрғонча»-ро ба тамоми минтақа гузоштанд. Номи Гулбоғ дар китоби «Ҳасан Халифа» низ омадааст. Ин шахс дар солҳои 1870 дар сохтани акведукҳо дар роҳи оҳан барои гузаронидани об ба қишлоқҳои даври подшоҳӣ маслиҳат ва ёрӣ додааст.
Ҳамин тавр, деҳаи Боғимайдон чун мавзеи кӯҳан аз китобҳои таърихӣ ҷойи муносиб гирифтааст. Имрўз ин деҳаи маъруф аз маҳаллаҳои Боғимайдон, Обираҳмат, Чилсутун, Тошлоқ, Қир, Хўҷа Дониёр таркиб ёфтааст, ки ҳар яке гузаштаи дуру наздикро соҳибанд. Дар ин маҳаллаҳо имрўз ёдгориҳои меъморӣ, мақбараву зиёратгоҳҳо низ боқӣ мондаанд.

Маълум аст, ки аз солҳои бистуми садаи ХХ сар карда мардуми Самарқанд ихтиёран, бо амри дил барои бунёдкорӣ ва обод кардани Тоҷикистон рў ба пойтахти ин ҷумҳурияти навбунёд – Душанбе ва дигар ноҳияҳои он ниҳоданд. Аз Боғимайдон ҳам бо роҳхат, вале аксар ихтиёран ба Душанбе рафта, он ҷо фидокорона меҳнат намуданд. Адиби маъруф Абдусалом Деҳотӣ, додари ў драматург Абдушукур Пирмуҳаммадзода, олими маъруф Тўрақул Зеҳнӣ ва ҳамсари ў муаллима Ҳамида Ҷалолова, духтаронаш Фарруха ва Фирўза Зеҳниева, нависандаи шинохта Болта Ортиқзода, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, саррежиссёри театр Шамсӣ Низомов, адабиётшинос Азизқул Ўрунов, санъатшинос Ҳазрат Сабоҳӣ, омўзгор ва корманди савдо Орзу Камолов аз ҷумлаи ҳамин гуна инсонҳои шарифи боғимайдонанд.
Фарзандони ҷасури Боғимайдон дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо Олмон ҷасорату корнамоӣ ҳам нишон додаанд. Дар қабристони деҳа бахшида ба ҷасорати ҷангии онҳо тахтасанги мӯҳташами ёдгорӣ гузошта шудааст.
Дар солҳои сиюм, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо Олмон ва баъдиҷангӣ Ҷӯрақул Иброҳимов, раисони хоҷагӣ Қорӣ Камол Салоҳиддинов, Мавлон Нуриддинов, раиси ҷамоаи деҳаи Боғибаланд Санобар Тўрақулова, журналист ва ходими ҳизбӣ Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, кормандони ҳизбу кумитаи иҷроияи ноҳияи Самарқанд Садриддин Аслиддинов, Ифтихор Раҳимов ва дигарон мансабҳои масъулро ба ўҳда доштанд.
Боғимайдон чун дигар деҳоту маҳаллоти қадимии Самарқанд ба олами илму ирфон, фарҳангу ҳунар ва адаб бузургони зиёдеро тақдим доштааст. Заҳмати олимони Боғимайдон дар инкишофи илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ низ калон аст. Ҷамол Мирсаидов, Марат Ҷамолов, Иброҳим Ғафуров, Ҷамол Орифов, Фотеҳ Сатторов, Ҷамол Ҷалолов, Рустам Ҳайитов, Раббим Эргашев, Убайдулло Эргашев ва дигарҳо бо ҷустуҷӯҳои илмии худ дар кишвар ва берун аз он шинохта шудаанд. Анъанаҳои адибон А, Деҳотӣ, Б. Ортиқзода минбаъд аз ҷониби суханварон Тошқул Азимзода, Толиб Махсумзода, Дилрабо Насимова ва дигарҳо идомаи худро ёфтанд.
Саҳми зиёиёни Боғимайдон дар инкишофи маорифи халқ ва таълиму тарбияи насли наврас низ шоистаи тақсин аст. Бисёрии фидоиёни ин соҳаи пуршараф Аълочии маорифи халқанд. Имрӯз мардуми деҳа номи Ҷумъа Садриддинзода, Қосим Ҳусенов, Қайюм Набиев, Наим Маҳмудов, Ҳасан Насриев, Ҳалим Сатторов, Муҳаммадӣ Рашидов, Эшонқул Наимов, Ҳамдам Аъламов, Аҳад Остонов, Фарҳод Зеҳниев, Амриддин Наҷмиддинов, Мӯҳтарама Пирмуҳаммедова, Анора Маҳмудова, Сайёра Турсунова, Субҳон Амриддинов ва дигарҳоро бо эҳтиром ба забон мегиранд.
Ҳунарпешаи театр, артисти хизматнишндодаи Ўзбекистон Бақо Тоҷиев, ходими хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи Ўзбекистон Раҳматилло Саидназаров, аълочиёни савдо Қаҳрамон Нуриддинов, Ҳамроқул Вафоев, сарвари шўъбаи мудофиаи ноҳияи Самарқанд Шўҳрат Раҳматов, журналисти шинохта ва дар айни замон раиси шаҳрвандони маҳаллаи Боғимайдон Тошпўлат Раҳматуллоев, омўзгорони фидоӣ Сангин Неъматов, Раъно Камолова, Ҳазратқул Очилов, Ҷӯрабек Эшонқулов, Аъзам Аъламов, Усмонқул Шакаров, Нигора Саидмуродова, Шоҳиста Улуғова, раисони маҳаллаҳо Набӣ Ҳалимов, Мирзомурод Саидмуродов, Шӯҳрат Қосимов, Толиб Тоҳиров, Оқил Ҷамолов, фаъолон Зайниддин Наҷмиддинов, Ҷўрамурод Мирзоев, тадбиркорон Алишер Мавлонов, Абдусалим Ҷалилов, Бахтиёр ва Ихтиёр Аслиддиновқо, Тилло Мавлонов, Раҳмат ва Бахтиёр Тўлабоевҳо, Мўнис Ҳалимов, Тоҳир Ашўров, лочинҳои (пилотҳои) дараҷаҳои гуногун Ҷалол Ҷамолов, Неъмат Раҳматуллоев ва дигарҳо аз фарзандони шинохтаи Боғимайдон буданд ва ҳастанд.
Ҳамин тавр, мардуми Боғимайдон баору номус буда, меҳнатдўст ва хайрхоҳанд. Дилашон ба бунёдкорӣ ва зебоипарастӣ майл дорад. Гузаштагони ин мардум барои шукуфоии ин маҳал саҳми муносиб гузоштаанд. Имрўз ҳам пайвандони онҳо дар пайравии аҷдоди худ Боғимайдони ҷоноҷонашонро мехоҳанд зеби Самарқанди латиф намоянд. Зеро Самарқанд – маскани илоҳист, шаҳрест, ки гузаштааш боиси ифтихор, имрўзааш саодатманд ва ояндааш абадист.

Абдусалом САМАДОВ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дотсент.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ