Дар Хатлон нахустин форуми байниминтақавии тоҷику ӯзбек барпо мегардад


Рӯзи 9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар – маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон нахустин форуми байниминтақавии тоҷику ӯзбек баргузор мегардад. Дар ин бора Азия-Плюс ба нақл аз манбае дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Дар форум намояндагони ҳукуматҳои ду кишвар, ҳокимони вилоятҳо ва тадбиркорони кишварҳои ҳамсоя низ иштирок хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки дар форум лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, созишномаҳои ҳамкорӣ ва ғайра баррасӣ мегардад.
Намояндагони Ӯзбекистон аз минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” ва “Панҷ” боздид хоҳанд кард.
Мақсад аз баргузории чунин форумҳо ба 1 миллиард доллар расондани ҳаҷми гардиши молӣ дар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекисон мебошад.
Нашр манбаси бундай форумларнинг ўтказилиши яқин келажакда ўзбек-тожик товар айирбошлаш ҳажмини 1 миллиард долларга етказиш бўйича белгиланган вазифани бажаришга имкон яратишига ишонч билдирди.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ