Намак — фоида ва зарари у


Намак — ин чизест, ки барои лазиз гардонидан ба ғайр аз шириниҳо ба таомҳо меандозанд ё мепошанд, дар об гудохта мегардад. Мизоҷи намаки талх дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст.
Мегӯянд, ки ин намак барои одамони сардмизоҷ ва ҳазми таом, барои дафъ кардани гаронии меъда фоида дорад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, оруғ меоварад, бодҳоро дафъ мекунад. Ба одамони гарммизоҷ барои гурда ва хичак зарарнок аст, исҳол меоварад. Давои ин зарарҳояш бо равғани тозаи гов ва бо равғани буз истеъмол кардан аст.
Мизоҷи намаки таом дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Намак чӣ қадар талхтар бошад, мизоҷаш ҳамон қадар гармтар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: Хусусиятҳои умумии ҳамаи намакҳо: балғам, савдо ва сафроро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои часпакро нест менамояд, гиреҳҳои баданро мекушояд, дар меъда ҳазм ёфтани таомро таъмин мекунад, вайрон шудани таомро манъ месозад, иштиҳо меоварад, ранги рухсорро некӯ мегардонад, хислати бади ғизоҳои сардмизоҷро ислоҳ мекунад, мазаи таомҳоро некӯ ва форам мегардонад.
Намаки сафеди софи шаффофро бо сирко сиришта бимоланд, ширинча ва шукуфаи пӯст ва бо сабир (алоэ) сиришта бимоланд, назлаҳоро дафъ мекунад.
Ин гуна намакро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, шилпуқӣ, гули чашм ва пардаи дудмонанди ба чашм афтодаро дафъ мекунад, чашмро равшан мегардонад.
Ин намакро бо марворид даромехта бимоланд, чирки дандонро нест мекунад.
Намакобро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва баъд аз кандани дандон рафтани хуни онро қатъ менамояд. Хусусан намаки сӯхта дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро дар сирко ҳал карда, он сиркоро дар даҳан гардонанд, ҳамин гуна таъсирро дорад.
Намаки софи барроқ ва намаки нефтиро, ки сиёҳранг аст ва навъҳои дигари инро бихӯранд, балғами часпакро аз узвҳои даруни сина меканад. Намаки нефтиро бо асал ва сирко даромехта бихӯранд, дарди гулӯ ва варами забончаи ҳалқро шифо мебахшад.
Намаки нефтиро хӯрда қай кунанд, барои исҳоли хунин бағоят фоида мебахшад. Инро бо сиканҷабин (сиркоасал) даромехта бихӯранд, меъдаро аз чизҳои зарарнок ва зиёдатӣ пок мегардонад.
Ҳар як навъи намакро бихӯранд, балғам, савдо ва зардобро бо исҳол дафъ мекӯнад, рутубатҳои часпакро хориҷ менамояд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, иллати дар меъда ҳазм наёфта хориҷ шудани таомро ба ислоҳ меоварад, вайрон шудани таомро дар меъда манъ мекунад, иштиҳоро бармеангезад, рӯдаҳоро шустушӯ медиҳад ва барои аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан дафъ кардани моддаи савдо мадад мерасонад, бадҳазмии таомро нест ва пайдо шудани иллати махавро манъ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ