ГУЛЧИНИ ХАБАРҲО

БАХШИДА БА ИНТИХОБОТ
Дар коллеҷи педагогии ноҳияи Оқдарё бахшида ба интихоботи президентии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон хониши номзадҳои раиси комиссияи интихоботии участкаи ноҳиявӣ, ҷонишинони раис ва котибҳо семинари хонишӣ ва тренинг гузаронида шуд. Дар оғози семинар ҳокими ноҳия Н.Сулаймонов, маслиҳатчии ҳокими вилоят оиди кор бо ҷамоатчигӣ Х.Назаров ва иштироки роҳбарони секторҳо доир ба корҳои семинар, мақсаду мароми он маълумот дода, дар ҷараёни хониш ба муваффақиятҳо ноил гардидани онҳо боварӣ изҳор карданд.
Ба иштирокдорони семинар-тренинг тренерҳои аз республика вобастакардашуда И.Умаров, Д. Музаффаров, О.Худоёров, З. Қувондиқовҳо оид ба интихобот донишҳои ҳуқуқӣ ва маълумотҳои зурурӣ доданд.
Дар рафти тадбир ба иштирокчиён маводҳои иловагӣ низ тақсим карда шуданд.
850 МИЛЛИОН СӮМ БА ТАЪМИРИ МАҲАЛЛАҲО
Барои таъмиру азнавсозии маркази ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои Сиёбча, Ҳофизи Шерозӣ, Дӯстлик, Сарбадорҳо, Иброҳимхӯҷа, Регистон, Ширин, Халифа Иброҳим, Баҳор, Маъорифат, Ипак йӯли ва Меҳнат аз ҳисоби қисми зиёдкардашудаи буҷетӣ маҳаллии вилоят ва шаҳр 850 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд.
Имрӯзҳо дар ин маркази маҳаллаҳо корҳои таъмириву азнавсозӣ идома доранд.
МУРОҶИАТҲО ОМӮХТА ШУДАНД
Роҳбари сектори якум, ҳокими ноҳияи Нарпай Шерзод Раҳмонов бо мақсади ҳалли муаммоҳои мардуми маҳаллаи Мустаҳқиллик мунтазам кор мебарад. Ҳокими ноҳия бо масъулони ҳокимият бо фаъолони маҳалла, бо шахсоне, ки дар “Дафтари ҷавнон”, “Дафтари занон” ва “Дафҷтари оҳанин” дохил карда шуда буданд, вохӯрда, муаммоҳои онҳоро омӯхт.
Инчунин, ҳокими ноҳия бо аҳволи ногироёни ҳудуд шинос шуда, муроҷиатҳои онҳоро шунид.
Хуллас, дар ин самт корҳо оғоз ёфтанд. Тамоми мутасаддиён дар давоми се рӯз хонадаон ба хонадон гашта, муаммоҳои азиятдиҳандаи шаҳрвандонро аниқ мекунанд. Аксарияти муаммоҳо дар ҷояш ҳал шаванд, масъалаҳои муҳлатталаб ба рӯйхат гирифта шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таъмири роҳҳо, оби ошомиданӣ, таъминоти қувваи барқ ва ғайра пешниҳод гардиданд. Барои ҳалли онҳо ба роҳбарони ташкилоту массисаҳои дахлдор супоришҳо дода шуданд.
ҒОЛИБОН МУКОФОТОНИДА ШУДАНД
Дар ноҳияи Самарқанд зинаи ноҳиявии “Ташаббус — 2021” гузаронида шуд. Дар он ташаббускорони соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, фермерӣ ва соҳаҳои дигар иштирок карданд. Баъди ҷамъбасти озмун ғолибони аниқ ва тақдиронида шуданд.
Ҳокими ноҳия ва дигар масъулон ба ғолибони самтҳои “Тадбиркори аз ҳама беҳтарини сол”, “Фермери аз ҳама беҳтарин сол”,”Ҳунарманди аз ҳама беҳтарин и сол”, “Тадбиркори аз ҳама ҷавони беҳтарини сол”, ”Маҳсулоти аз ҳама беҳтарин сол” ва ғайра диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
ТАЙЁРӢ БА ДАРАВ
Дар ноҳияи Ургут имсмол 391 хоҷагии фермерӣ ба ғаллакорӣ машғуланд.Масоҳати ғаллазори онҳо ба 3040 гектар доман паҳн кардааст. Соли ҷорӣ нақшаи шартномавии онҳо истӣеҳсоли 8565 тонна дон мебошад Аз он 7565 тоннааш ҳамчун маҳсулот ва 1000 тонааш барои тухмӣ асӣт.
Соли ҷорӣ бо мақсади ташкили ҷамъоварии беталафу сифатнок аз таркиби 150 нафар масъулон 14 отряд таъсис дода мешавад. Барои дарави ғалла комбайнҳо пурра тайёр карда шуданд. Ба ҳар як отряд 5 мошини боркаш вобаста карда мешаванд.
Дар ҷамъомаде, ки дирӯз саҳарӣ баргузор гардид, ба масъалаи дарави ғалла бахшида шуд. Дар он тамоми корҳо аниқ ва вазифаҳо муайян карда шуд. Ин гуна таёрӣ имкон медиҳад, ки мавсими ғалладаравӣ бо суръат ва сифати баланд гузаронида хоҳад шуд.


Аз рӯйи хабарҳои хизмати ахбори ҳокимияти ноҳияҳои вилоят таҳияи Б. ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ