Маблағҳои барномаҳои рушди иҷтимоӣ чӣ хел сарф мешаванд?

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҷонишини раиси Садорати молияи вилоят Юнус Бобоназаров нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Бобоназаров дар ин нишаст дар бораи маблағҳое, ки дар чорчӯби барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Самарқанд ҷудо гардидаанд, маълумот дод.
Ӯ гуфт, ки бо мақсади пайваста идома додани иҷрои барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», рушди инфрасохтори роҳ ва ҳамлу нақл, соҳаи муҳандисӣ-коммуникатсионӣ, соҳаи иҷтимоии ҳудудҳо ва беҳбудии шароити сатҳи зиндагонии аҳолӣ қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ барои иҷрои барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» қабул гардиданд. Бар асоси ин қарор соли 2021 дар 853 объект корҳои сохтмонӣ, таъмир ва боз амалӣ мегарданд. Барои ин мақсад ҷудо кардани 2 триллиону 230 миллиард сӯм маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар 28 деҳа ва 4 маҳаллаи вилоят корҳои ободонӣ амалӣ мегарданд, ки барои иҷрои он 298,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо мешавад. Аз ҷумла, аз буҷаи ҷумҳуриятӣ 114,2 миллиард сӯм, аз буҷаи маҳаллӣ 114,2 миллиард сӯм, аз ҳисоби корхонаҳои соҳавӣ 12,6 миллиард сӯм, аз ҳисоби аҳолӣ ва тадбиркорон 40,7 миллиард сӯм, аз ҳисоби ҳомиён 4,7 миллиард сӯм ва аз ҳисоби кредит 12,1 миллиард сӯм равона мегардад.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ