«Tik Tok»: қадаме ҷониби таназзули маънавӣ

«Аз сабаби «Tik Tok» як хонанда вафот кард ва дигаре ба шифохона афтод…»
Видеои «Tik Tok» боиси вайроншавии оилаи ҷавон гардид…
«Нисбат ба шахсоне, ки марди мастро дар дарахт баста, видео ҳодисаро дар «Tik Tok» ҷойгир карданд, чора дида шуд…»
«Тиктокчиёне, ки дар либоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ «тамошо» нишон доданд, дастгир шуданд…»
Мутаассифона, ҳоло дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашрияҳои чопӣ хабару гузоришҳое, ки чунин сарлавҳа доранд ва аз фаъолияти тиктокчиён ҳикоя мекунанд, беш аз пеш ба назар мерасанд. Вақте ки онҳоро пайгирӣ мекунем, аён мегардад, ки аксари ҳодисаю воқеаҳо бо мақсади ҷамъоварии «лайк» ва зиёд кардани адади обуначиён дар «Tik Tok» амалӣ гардидаанд. Афсӯс, ки гоҳо ин «худнамоӣ» ва «тамошо»-ҳо бо оқибатҳои ғамовар ва табъхиракунандаро анҷом меёбанд.
Дар ҳамин маврид савол пайдо мешавад: «Tik Tok» худ чӣ гуна шабака аст? Он дар куҷо пайдо шуд? Аз ин шабака асосан киҳо истифода мебаранд? Сабаби пойбанд гардидани ҷавонон ба «Tik Tok» дар чист?

60 фоизи корбарон – ҷавонон

Вақте бо мақсади ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан ба интернет муроҷиат кардем, миллионҳо маълумот ва суратҳои гуногунро пешкаш намуд. Бино ба маълумоти яке аз шабакаҳо «Tik Tok» аз калимаи англисӣ гирифта шуда, маънои «бо суруд ҷунбондани даҳон»-ро дорад. Платформаи махсуси мазкур барои таҳия ва паҳн кардани видеоҳои кӯтоҳмуддат мутобиқ карда шудааст. Он бори аввал моҳи сентябри соли 2016 аз тарафи узви ширкати «Byte Dance»–и Хитой Чжан Йиминг дар шабакаи иҷтимоии «Доуин» ҷойгир карда шудааст. Таъсисдиҳандагон соли 2018 замимаи машҳури musical.ly-­ро харида, ширкати ягонаи «Tik Tok»-ро созмон доданд. Ҳоло ваколатхонаҳои «Tik Tok» дар шаҳрҳои Лос-­Анҷелес, Ню-­Йорк, Лондон, Париж, Москва, Берлин, Дубай, Мумбай, Ҷакарта, Сеул ва Токио фаъолият доранд.
Вақте ба маълумотҳои статистикӣ рӯ овардем, аён гардид, ки аз «Tik Tok» дар беш аз 170 кишвари ҷаҳон истифода мебаранд ва айни замон шумораи корбарони он аз 1,5 миллиард нафар афзудааст. Қисми асосӣ, яъне 60 дарсади корбарони онро ҷавонони синнашон аз 16 то 25-сола ташкил мекунад. 40 фоизи истифодабарандагон ашхоси синнашон аз 25 боло мебошад.
Ҳоло фаъолияти «Tik Tok» бо 75 забони ҷаҳон ба роҳ монда шуда, дар кишвари мо низ миллионҳо нафар шаҳрвандон дар ин шабака саҳифаи худро доранд. Ҳатто адади тиктокчиёни ботаҷриба, ки аз он даромади муайян ба даст меоранд, афзудааст.

Давлатҳое, ки истифодаи «Tik Tok» манъ аст

Бино ба маълумот, дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон бо мақсади ҳифзи шуури аҳолӣ, бахусус, ҷавонон аз таъсири манфии «Tik Tok» чораҳо андешида шудаанд. Ба маъное, мубориза бар муқобили истифодаи «Tik Tok» оғоз гардида, дар ин самт аз усулҳои гуногуни самарабахш истифода мебаранд. Масалан, дар Ҳиндустон аз моҳи июни соли 2020 истифодаи 58 намуди замима, аз ҷумла, «Tik Tok» манъ гардид. Бино ба маълумоти ҳукумати Ҳиндустон сабаби манъи истифодаи шабака дар он аст, ки он ба «амнияти минтақавии мамлакат» таҳдид мекунад.
Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон низ истифодаи «Tik Tok» манъ гардидааст.
Охирҳои моҳи декабри соли 2019 ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои дуздидани маълумотҳои шахсии корбарони илова аз тарафи низомиён, барои хизматчиёни армияи ИМА истифодаи «Tik Tok»-ро манъ кард.
Дар кишвари мо барои истифодаи «Tik Tok» ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ доир ба меъёрҳои истифода аз шабакаҳо, ҳолатҳое, ки ғайриқонунӣ ҳисоб мешаванд, маълумотҳо оварда шудаанд.

Паҳн кардани маълумотҳои шахсӣ ҷавобгарӣ дорад

Аз 1-уми октябри соли 2019 Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи маълумотҳо доир ба шахс» мавриди амал қарор дорад. Тибқи қонуне, ки бо ташаббуси Маркази давлатии фардисозии назди Девони Вазирон 14-уми январи соли 2021 қабул шудааст, ба ин санад моддаи 27–1 илова карда шуд. Мувофиқи ин тағйирот аз 16-уми апрели соли ҷорӣ дар мамлакатамон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Facebook, Telegram, Instagram, Tik Tok, Twitter ва интернет-­сервисҳо аз қабили Google, Mail.ru, Яндекс талаб карда мешавад, ки маълумотҳои шахсии шаҳрвандони Ӯзбекистонро бояд дар серверҳое, ки дар Ӯзбекистон ҷойгиранд, нигоҳ доранд. Фаъолияти шабака ва иловаҳое, ки ин талабро иҷро намекунанд, дар ҳудуди Ӯзбекистон манъ карда мешавад.
Ҳоло дар мамлакати мо нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё худ тавассути илова ва торномаҳои гуногун ҳуқуқ ва манфиатҳои дигаронро зери по мекунанд, маълумотҳои шахсии онҳоро паҳн месозанд ва ба ҳуқуқшиканӣ роҳ медиҳанд, дар чорчӯби қонун чора дида мешавад. Новобаста аз ин, адади чунин ҳуқуқшиканӣ ва рафторҳои авбошона то рафт меафзояд. Ҳиссаи муайяни чунин ҳуқуқшиканӣ бо «Tik Tok» низ вобастагӣ дорад.

Паёмадҳои нохуш

Имрӯзҳо мо дар интернет ё рӯзномаву маҷаллаҳо, ё ки шабакаҳои телевизион дар бораи оқибатҳои манфии «Tik Tok», таъсири он ба мафкураи насли наврас мақолаҳои таҳлиливу танқидиро мехонем ва паёмадҳои нохуши онро дар ҳаёти атрофиён мушоҳида мекунем. Масалан, чанде пеш дар Самарқанд ҳодисаи гӯшношуниде рух дод. Ду нафар ҷавони самарқандӣ бо мақсади дар саҳифаи «Tik Tok»-и худ ҷамъ овардани «лайк» худро аз бом партофтаанд.
«Ман ва дӯстам дар «Tik Tok» саҳифаи худро кушодем. Бо мақсади зиёд кардани муштариёни саҳифа болои бом баромада, худро партофтем. Дӯстам ҳоло дар шифохона аст ва шифокорон мегӯянд, ки ӯ дар оянда ба по нахестанаш ҳам мумкин, – гуфт яке аз ҷавононе, ки худро аз бом партофт» менависад манбаъ.
Боз як рафтори «ҳайратовар»-е, ки боиси сарусадои зиёд гардид, дар зери қатора хобида, худро ба навор гирифтани ҷавонмарде мебошад. Шояд ин «қаҳрамонӣ»-ро бо мақсади ҷамъоварии ҳазорон «лайк» иҷро карда бошад, аммо ин амал ҷиҳати дигаре дорад: наход қадри ҷони одам баробари арзиши чанд «лайк» бошад?
Аз ин мисолҳо аён мегардад, ки таъсири манфии «Tik Tok» ба мафкураи ҷавонон афзудааст ва раванди заҳролудсозии маънавияти онҳо оғоз шудааст. Аллакай он ба ҳар як хонадон роҳ ёфта, чунон босуръат реша медавонад, ки пойбандҳояш на рӯз ба рӯз, балки соат ба соат меафзоянд.
Мо хостем роҷеъ ба омори ҳуқуқшиканиҳо, ки бевосита дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Tik Tok» рӯй додаанд, аз Садорати корҳои дохилии вилоят маълумот бигирем. Аммо хизмати матбуоти садорат маълум кард, ки ҳоло аз рӯйи чунин ҳуқуқшиканиҳо маълумотҳои статистикӣ роҳандозӣ нашудааст. Дар бораи ҳуқуқшиканӣ ва қонуншиканиҳои умумӣ метавонанд маълумот диҳанд, аммо оиди ҳуқуқшиканиҳо дар шабакаҳо маълумоти алоҳида вуҷуд надорад. Афсӯс…

Таҳдиди мафкуравӣ

Ҳоло бемории сироятии коронавирус саломатии аксари мардуми ҷаҳонро зери хатар гузоштааст. «Пандемияи «Tik Tok» бошад, таҳдид ба мафкура, маънавият ва худшиносиву худогоҳии миллии мо мебошад. Тавре таъкид намудем, қисми асосии корбарони «Tik Tok» ҷавонон мебошанд. Ҷавононе, ки синнашон дар атрофи 15–20 аст. Бино ба андешаи равоншиносон айнан ҳамин синну сол даври ташаккули шахсият мебошад. Дар ҳамин син одам худро чун шахс мешиносад ва ояндаи хешро муқаррар месозад. Савол: аз ҷавононе, ки даври ташаккулёбии худро дар олами шабакаҳо, бахусус, Facebook, Telegram, Instagram, Tik Tok, Twitter мегузаронанд, пагоҳ чӣ гуна инсонҳо ба камол мерасанд? Онҳое, ки имрӯз барои ҷамъоварии «лайк» ва ба даст овардани маблағ, ба тақдир ва ояндаи худ бефарқ ҳастанд ва ҳатто ба ҷони хеш раҳм намекунанд, оё пагоҳ ба тақдир ва ояндаи Ватан дилсӯзӣ карда метавонанд?
Набояд фаромӯш кард, ки хурӯҷи мафкуравӣ ва маънавӣ на танҳо ҳаёти инсонро, балки корбарии давлат ва ҷамъиятро низ метавонад тағйир диҳад. Ба маъное аз роҳи рост берун созад. Чунин хурӯҷҳо аввал дар сирати одам ҷой мегиранд. Оҳиста-­оҳиста шуурро зери итоат медароранд. Сипас, ба атрофиён таъсир мегузаронанд. Зина ба зина доираи таъсироти онҳо васеъ мешавад. Ниҳоят мушкили як нафар ба мушкили ҷомеа табдил меёбад. Дар мисоли «Tik Tok» гирем, имрӯз он дар доираи ҷамъият доман паҳн мекунад ва саривақтӣ пешгирӣ кардани он масъалаи муҳим мебошад, ки ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мост.

Огоҳ бояд шуд!

Воқеан, як нафар бо навори кӯтоҳмуддати худ, ки ҳамагӣ 15 сонияро фаро мегирад, метавонад ҳаёти чандин шахсро куллан тағйир диҳад. Афкори онҳоро дар мавриди ин ё он масъала дигар созад.
Чанде пеш дар телефони як дӯстам саҳифаи «Tik Tok»-и нафареро аз назар гузарондам. Баробари тамошои наворҳо, гиребон доштам. Ба чашмам боварам намеомад. Ҷавони қадбаланди қавипайкар, ки кӯҳро занад, талқон мешавад, дар тан либоси занона пӯшида, чашму лабонашро оро дода буд ва чун занҳо ишваю ноз мекард. Ин ҳолро дида, шарм доштам. Аҷибтар аз ҳама он буд, ки нисбат ба дигар наворҳои саҳифа, ки чанде дар доираи одоб буданд, ин навор бештар «лайк» гирифта буд. Саволе ба миён меояд: ҷавон бо ин амали худ чӣ кор карданро мехоҳад? Мақсад аз навор чист? Чаро аксари бинандагонро маҳз ҳамин навор писанд омадааст? Афсӯс, ки ба ин савол дарёфт кардани ҷавоб мушкил аст. Ҳатто «муаллифон»-и наворҳо низ дар ин маврид фикри амиқ гуфта наметавонанд ва аксари онҳо назари худро чунин хулоса менамоянд: мо наворро бо мақсади ҷамъоварии лайк, зиёд кардани муштариён ва ба даст овардани маблағи бедардимиён иҷро кардем!

Чӣ бояд кард?

Наметавон ин ҳама рафторҳои берун аз доираи ахлоқу одоб, ғайр аз ин ба менталитети мо бегонаро нодида гирифт. Чунки ин бепарвоӣ ва беэътиборӣ оқибатҳои нохуш дорад. Агар ҳозир бепарво бошем, пагоҳ насли аз маънавияту маърифат фарсахҳо дур ба камол хоҳад расид, ки худшиносӣ надорад, шахсияти хешро эҳтиром намекунад. Ва аз шахсе, ки худро эҳтиром намекунад, чӣ тавр метавон эҳтироми атрофиён, гиромидошти арзишҳои миллӣ, пос доштани шаъну шарафи Ватанро талаб кард. Бинобар ин, дар ин самт андешидани чораҳои қатъӣ талаби замон аст.
Албатта дар ҳудуди кишвар комилан манъ кардани истифодаи «Tik Tok» амали начандон дуруст мебошад. Аммо дар ҳама кор нигоҳ доштани меъёр муҳим аст. Ба фаъолияти тиктокчиёне, ки наворҳои босифату муфидовари дорои характери тарбиявӣ, ахлоқӣ, мотиватсионӣ мегиранд ва ин видеоҳо одамро ба фикр кардан, мулоҳиза намудан водор месозанд, ҳеҷ кас муқобил нест. Аммо аксари корбарони илова наворҳоеро мегузоранд, ки на мазмун доранду на мантиқ. Дар аксари онҳо қадри бузурги инсон зери по гардида, беҳаёӣ, беориятӣ, зишткорӣ тарғиб карда мешаванд ва касро ба рафторҳои нодуруст ҳидоят мекунанду барои саломатӣ низ хатарноканд.
Моро зарур аст, ки сабабҳои асосии ба миён омадани чунин муаммоҳоро омӯзем ва бо онҳо мубориза барем. Ҷавононеро, ки ба ин варта афтодаанд, берун кашида, ба онҳо роҳи дурустро нишон диҳем. Чунки пас аз заҳролуд гардидани шуур, вайрон шудани тарбия, гум кардани худшиносӣ ва аз даст рафтани ғуруру номус, дубора тарбия кардан ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудан хеле мушкил мешавад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба насли ҷавон тартиби истифодаи телефони мобилиро омӯзем. Ин амалро аз овони таҳсил дар мактаб ба роҳ монем, боз беҳтар аст. Ғайр аз ин, дар ин самт ба зиммаи волидон гузоштани вазифаҳои амиқ низ натиҷаовар хоҳад шуд. Инчунин, нисбат ба онҳое, ки дар «Tik Tok» ғояҳои вайронкор, беҳаёӣ ва бешармиро тарғиб мекунанд, бадрафториро талқин меамоянд, чораҳои қатъӣ андешидан амри зарурист. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем шуури одамонро, бахусус, насли наврасро аз хавфу хатари «Tik Tok» ва дигар таъсирҳои манфӣ ҳифз кунем. Онҳоро чун инсонҳои заковатманду соҳибхирад тарбия намоем то ояндаамон беҳтар аз имрӯз бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ