ДЕВОН БИНАВИШТУ НА АЁН КАРД…

Дар Самарқанд шоире ҳаст. Шоире, ки дилаш танҳо бо ишқи Ватан метапад. Мазмуни зиндагӣ барои вай танҳо ҳамин диёри офтобӣ, ҳамин замини ҷаннатмакон, ҳамин меҳани азиз мебошад. Вақте ки бо вай сӯҳбат мекунед, пай мебарад, ки дигарон мазмуни муқаддас будани Ватанро дар он сатҳ то ҳанӯз дарк накардаанд. Ӯ барои фурӯзон намудани шамъи хотираи ватанпарвароне, ки дар роҳи дифоъи хоки муқаддаси кишвар ҷон фидо кардаанд, ҳамеша кӯшиш мекунад. Ӯ мехоҳад ҳар як насли наврас таърихи корнамоиҳое, ки онҳо анҷом додаанд, хонаду донаду пайравӣ кунад. Хусусан, дар шеъре чунин мегӯяд:
Қасам бар Самарқанди ҷонам, қасам,
Ки фарзанди содиқу мардаш манам!
Наҷӯед азизон, дигар гӯри ман,
Намирам зи ишқи Ватан ҳеҷ ман…

Дар ҳақиқат, ӯ фарзанди содиқу марди Самарқанд аст. Хонанда вақте ки ин мисраъҳоро мехонад, онро ба Ҳабиб Юсуфӣ нисбат медиҳад. На… Ин маҳсули қалами шоири тавонои самарқандӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд – Баҳодури Убайдуллоҳ (Раҳмонов) аст, ки бахшида ба 105-солагии шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ навиштааст.
Баҳодури Убайдуллоҳ аз овони мактабхонӣ ба шеърнависӣ шурӯъ кардааст. Ҳар як шеъри тозаэҷодаш аз назари падари нуктасанҷу донишманди ӯ шодравон Убайдуллоҳ Раҳмонов мегу­зашт. Падари шоир мехост, ки ӯ танҳо ҳақиқатро нависад, ростгӯй бошад. Аз ин рӯ, дар ҳар як мисраи ашъори шоир фақат ҳақиқат муҷассам аст.
Яке аз маҷмӯаҳои шеърии шоир – «Ватани бахт» соли 2019 интишор гардида, ба зудӣ аз ҷевони китобхонҳо ҷой гирифт. Зеро, навиштаҳои ӯ монанди шеърҳои Лоиқ, ки мавсуф дилбастаи ин шоир аст, бо забони сода эҷод шудаанд. Хонандагон ҳангоми мутоила ба мушкиле рӯ ба рӯ намеоянд ва барои худ олами наверо пайдо мекунанд. Баъзан хонанда аз шоир шеърҳои ошиқона мехонад ва гоҳо шеърҳои аз андешаҳои фалсафӣ лабрези шоирро хонда, ғарқи хаёл мегардад. Дар шеъри «Зиндагонӣ ҳам ғанимат» мо метавонем аз мисраъҳои орифонаи Баҳодури Убайдуллоҳ баҳраманд шавем:
Саҳаргаҳ ханда резад аз лаби гул,
Бирақсад шохи гул амсоли кокул.
Дар ин дунёи бегаҳсурати кулл,
Наҳори зиндагонӣ ҳам ғанимат.

Дар ин шеър шоир тасвири зебоеро рӯйи коғаз оварда, аввали умри одамиро ба саҳаргоҳи пуртароват монанд мекунаду дар ниҳоят, ғанимат будани рӯзу шабҳои зиндагониро таъкид менамояд. Аз машаққатҳои ҳаёти пасту баланд ҳарф мезанад. Ё дар шеъри «Ба савдогарони одам» шоир хислатҳои бади одамҳои имрӯзаро бо маҳорат фош мекунад ва ишора менамояд, ки чунин хислатҳои зишт умри тӯлонӣ надоранд. Дар байти охарин шоир боз нафрати худро нисбат ба хоинони Ватан изҳор менамояд:
Дар хок монад бекафан фарди хиёнаткори халқ,
Савдогарони беватан, меҳанфурӯшӣ то куҷо?
Дар баробари ин гуна шеърҳои оташину сӯзон, саршор аз меҳри меҳану халқи азим, дар дафтари шеърҳои шоир ошиқонаҳо ҳам пайдо мешаванд. Баҳодури Убайдуллоҳ дар ҳаёти худ шиоре дорад, ки ҳама чиз бояд бо ҳукми ақл бошад. Мисли шоирони дигар сархушӣ аз май, ё девонагиҳои барзиёд надорад. Дар ошиқӣ низ ба иродаи шуури инсонӣ такя мекунад, ки ин дар шоирони гузаштаву муосири мо кам ба назар мерасад. Дар шеъри «Моҳ хандад» шоир мегӯяд:
Моҳ хандид аз паси девори ту,
Гӯиё пай бурда буд аз аҳди ман.
То насиби ман шавад дидори ту,
Ақлу дил овораву бегона тан.

Баҳодури Убайдуллоҳ на танҳо бо навиштани шеърҳои суннатӣ, балки дар эҷоди шеърҳои нимоӣ низ маҳорат дорад. Шоир ҳофизаи хубе дорад. Мусоҳиб бо ӯ дар кадом мавзӯъ сӯҳбат кунад, як байти обдор ё аз Ҳофиз, ё аз Ҳилолӣ, ё аз Лоиқ, ё аз Симини Беҳбаҳонӣ ва ё дигари бузургон пешкаш менамояд, ки ин боиси рушди маънавии тафаккури ҳамсӯҳбаташ мегардад.
Дар маҷмӯаи «Ватани бахт» ғазалҳои шоир таҳти унвони «Девони дил», рубоӣ ва дубайтиҳояш бо номи «Шоҳроҳи Хайём» ҷойгир шудааст. Ва ҳар як рубоии шоир дар худ ҳақиқати зиндагиро инъикос менамояд. Ин далели он аст:
Бо ном ба даҳр омада бе ном равем,
Аз пеши ҳама пухтасарон хом равем.
Авзои ҷаҳон бигуфта бо байте ду,
Сармаст зи бода ҳамчу Хайём равем.

Ё ки:
Қонуни ҳаёт аст: ҷавон пир шавад,
Ин умри азиз бигзарад, охир шавад.
Имрӯз ғанимат бишумар ҳар нафасе,
Фардо чу шавад, хок шавӣ, дер шавад.

Мавзӯъҳои ғазалҳои шоир низ аз тасвирҳои рангоранг ва маъниҳои зебо лаболаб аст. Чунки ҳар мисраи ӯ ба таври хос садо медиҳад, зеро аз қалби поки самимии як нафар дӯстдори Ватан, фидоии роҳи ободиву фаровонии меҳан берун таровидааст.
Он шоири девона, ки аз ҳусни дилошӯб
Девон бинавишту на аён кард, манам, ман.

Баҳодури Убайдуллоҳ имрӯзҳо ба даҳҳо шоирони навқалам устод аст. Ҳеҷ гоҳ аз онҳо маслиҳатҳои муфиди худро дареғ намедорад. Ба ҳар яки онҳо то қадри имкон роҳнамоӣ мекунад.
Мо – ҳаводорони назм аз шоири самарқандӣ ҳамеша шеър­ҳои тозаву тар интизорем. Инчунин, хоҳони афзудани сафи маҷмӯаҳои «Чашмаи ишқ», «Фарҳанги падар» ва «Ватани бахт»-и ӯ ҳастем.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ