Масъалаҳои зуллисонайнӣ дар тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ

Тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ яке аз манбаъҳои муҳими ибтидои асри XX ба ҳисоб меравад. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ашъори шоирони зуллисонайн низ дарҷ гардидааст.
«Намунаи адабиёти тоҷик» аввалин асари калони адабиётшиносии Садриддин Айнӣ мебошад, ки байни 15 март – 12 октябри соли 1925 навишта шуда, соли 1926 дар Москва ба табъ расидааст. Он бо муқаддимаи Абулқосим Лоҳутӣ бо номи «Садриддин Айнӣ» ва «Сарсухан»-и мураттиб – Садриддин Айнӣ шурӯъ шуда, аз 3 қисм иборат мебошад. Қисми 1-ум солҳои 912/913–1785/86-ро дар бар мегирад ва дар он аз Рӯдакӣ то Сайидои Насафӣ 80 адиб бо тартиби хронологӣ дохил шудаанд. Қисми 2-юм солҳои 1785/86–1924/25-ро дар бар гирифта, дар он намунаи осори 132 адиб фароҳам омадааст. Муаллиф намунаҳои адабиеро, ки то вақти таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба равияи анъанаҳои адабиёти гузашта эҷод шудаанд, дар ҳамин қисм ҷой додааст. Тартиби ин қисм мувофиқи алифбои арабист. Дар қисми 3-юм асарҳое, ки мавзӯи нав дошта, пас аз Инқилоби 1905 ва Инқилоби Октябр ба майдон омадаанд, дохил шудаанд. Садриддин Айнӣ дар ин қисм аз эҷодиёти 11 адиб намунаҳо оварда, дар бораи як қатор газетаву журналҳо низ маълумот медиҳад. Ин қисм боз ба ду ҳисса: якум – солҳои 1905–1917 ва дуюм – солҳои 1917–25 ҷудо мешавад. Вобаста ба сабабҳои объективӣ ва ҳудуди чуғрофӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» танҳо адибоне, ки дар Мовароуннаҳр ва Туркистон умр ба cap бурдаанд ё ки ба ин ҷойҳо муносибате доштаанд, дохил гардидаанд.
«Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз тазкираҳое ба шумор меравад, ки баъди таълиф муаллифаш ба танқидҳои зиёде дучор омадааст. Аммо ӯ ба ин зиддиятҳо нигоҳ накарда, адабиёти тоҷикро ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Чунки матлаби таълиф ҳам ҳамин буд.
Бояд қайд кард, ки таҳия ва нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ҳодисаи хотирмон буд. Садриддин Айнӣ бо таълифи ин асар на танҳо мавҷудияти миллати тоҷикро исбот кард, балки нишон дод, ки халқи тоҷик ва адабиёти он аз замонҳои қадим ибтидо гирифта, то замони мо омада расидааст. Устод дар тазкираи худ қариб 100 нафар адиби Самарқандро номбар намуда, аз эҷодашон намунаҳо овардааст. Бештарини онҳо зуллисонайн буда, ҳамчун худи устод Айнӣ барои адабиёти халқҳои тоҷик ва ӯзбек баробар хизмат кардаанд.
Садриддин Айнӣ дар осмони илму маърифати халқҳои Осиёи Марказӣ аз рахшандатарин ситораҳост. Ин шахси бузург дар баробари асос гузоштан ба адабиёти муосири тоҷик, яке аз поягузорони адабиёти ўзбек низ мебошад.
Ӯ дар қатори дигар бузургони адабиёти тоҷик яке аз аввалинҳо шуда, ҳаёту эҷодиёт ва мероси гаронбаҳои Алишер Навоиро омӯхта, барои дар оянда тадқиқ намудани он имкон фароҳам овард. Ҷойи зикр аст, ки мавсуф доир ба Алишери Навоӣ як идда корҳои тадқиқотӣ ва матншиносиро анҷом дода будааст.
Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» – и худ аз ашъори тоҷикии Алишер Навоӣ чанде намунаҳо овардааст, ки яке аз онҳо чунин мебошад:
«Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст,
Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.
Тухми расвоӣ диҳад бар донаи тасбеҳи зарқ,
Оре, оре, дона ҷинси хешро боровар аст…»

Дар китобе, ки оиди панду андарзҳои мутафаккирон мебошад, дар бораи Алишер Навоӣ чунин гуфта шудааст: «Фаъолияти эҷодии Алишер Навоӣ аз синни 10–12 солагӣ оғоз ёфт. Дар 15-солагӣ ӯро ҳамчун шоири зуллисонайн мешинохтанд. Вай ба забони ӯзбекӣ бо тахаллуси «Навоӣ» ва ба забони форсии тоҷикӣ бо тахаллуси «Фонӣ» шеър менавишт».
Ҷустуҷўҳои илмии Айнӣ нисбати адабиёти ўзбек бори аввал дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ба назар мерасад. Ў дар «Намунаи адабиёти тоҷик» оиди ҳаёт ва эҷодиёти Акмали Хӯҷандӣ, Гулшанӣ, Нодира, Машраб ва дигарон маълумотҳои муҳими илмиву таърихиро зикр намудааст. Аз ҷумла, навиштаҳои Айнӣ дар бораи адиби зуллисонайни адабиёти ўзбек, яке аз шоирони машҳури асри ХVII Бобораҳим Машраб ҷолиби диққат аст: «Исмаш Бобораҳим аст. Дар соли 1123 ҳиҷрӣ дар Қундуз ба фатвои уламо ва ҳукми Маҳмудбии Қатаған шаҳид шуд. Аз умарои муътабари Субҳонқулихон ва Муқимхон аст. Аз маҷмӯаи Абдӯлмуталлибхоҷаи Фаҳмӣ, ки дар соли 1177 таълиф шудааст:
Баландиҳо зи хоки фақр шуд кошонаи моро,
Фалак қолин зи реги дашт баста хонаи моро.
Гули хуршед пиндорад саҳарҳо зоҳид аз мастӣ,
Кафи сайёри афлоки хуми майхонаи моро.
Гумон созад ҳарам чун шуълаи имони худ, Машраб,
Ғубори хоки роҳи роҳиби бутхонаи моро».

Айнӣ дар тазкирааш девони туркӣ доштани Бобораҳим Машрабро зикр намудааст ва аз ашъори тоҷикии ӯ намуна овардааст, ки шоири зуллисонайн будани Машрабро исбот менамояд.
Муҳиммияти дигари ҷустуҷўҳои олимонаи устод Айнӣ нисбати ин шоир дар он аст, ки ў бо чунин қадами ҳақбинона ва ҷасоратмандонааш баъзе ғалатфикриву дуруштшиносии Машрабро дар солҳои бистуми асри ХХ аз байн бардошт. Устод дар навиштаҳои хеш аз шахсияти асили Машраби Намангонӣ сухан ронда, фикрҳое дар бораи ҳаёту эҷодиёти ў баён намуд, ки боиси ибрати машрабшиносони минбаъда гардид. Соли 1936 адабиётшиноси маъруфи ўзбек Иззат Султон дар як мақолаи ба Машраб бахшидаи худ ҳамин нуктаро таъкид карда буд.
Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» устод Садриддин Айнӣ бо истинод ба маҷмўаи дастнавис ва «Радоиф-­ул-­ашъор»-и Мўҳтарами Бухороӣ ду ғазали Амир Умархонро овардааст ва маълумоти мушаххас ва дақиқро ба қалам додааст: «Амир Умархон илова бар он ки мураббии шуаро ва фузало буд, аз шуарои намоёни давраи охир ба шумор мерафт». Ин андешаи устод Садриддин Айнӣ ба он далолат мекунад, ки дар мавриди мақоми Амир Умархон дар густариши адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми садаи ХIХ таваҷҷўҳ намоем. Дар идома омадааст: «… Амир Умархон дар сиюпанҷсолагӣ вафот кард. Дар ин умри кўтоҳ бо вуҷуди касрати ашғоли ҳукуматдорӣ дар олами адаб бисёр кор кард. Шеъри туркӣ, ки баъд аз амир Алишер дар Туркистон ривоҷе надошт, дар аҳди ин амир дувумбора курсибандӣ дид. Дар форсӣ низ қудратнамоӣ кард. Девони туркию форсияш мавҷуд аст».
Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» – и худ Сад­риддин Айнӣ оиди яке аз барҷастатарин маорифпарварони фидокори тоҷик дар оғози садаи XX Саид Аҳмадхоҷаи Аҷзӣ, ки ҳаёти аҷиби пур аз воқеаҳои ибратомӯзе аз сар гузаронидааст, чунин нуқтаро зикр кардааст: «Аз осори Сиддиқии Аҷзӣ «Айнуладаб» ашъори туркист, лекин дар охираш чанд порчаи форсӣ илова шудааст».
Ин кўшишу заҳматҳои Айнӣ дар мамлакати мо муносиб қадр карда шудаанд. Ў ҳамчун ходими хизматнишондодаи улуми Ҷумҳурии Ўзбекистон, узви фахрии Академияи Фанҳои Ўзбекистон эътироф гардидааст. Зиёда аз ин ў сазовори ордени «Буюк хизматлари учун» мебошад. Ба ғайр аз ин, дар китобҳои дарсии мактабҳои олӣ ва дар энсиклопедияи миллии Ўзбекистон оиди шахсияту эҷодиёти Айнӣ ва бузургиву накўномии ў ҳарфҳои ботааммуқ гуфта шудааст. Ин хизматҳои ҷамъиятию илмии устод Садриддин Айнӣ аҳамияти пурарзише дорад, ки инкор намудани он номумкин аст. Фаъолияти адабии ин адиби фарзона як мактаби бузургест, ки тадқиқу таҳлили он бар дӯши адабиётшиносону адабпарварони имрӯз вогузошта мешавад.
Устод Садриддин Айнӣ нисбат ба фарҳангу тамаддуни халқҳои тоҷику ўзбек назари ҳақбинона доштааст ва арзишҳои бузурги маънавӣ, инчунин меҳру муҳаббати дўстиву бародарии ин ду халқро эъзоз мекардааст.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки Садриддин Айнӣ дар тазкираи худ шоирони зуллисонайнро зикр намуда, бо ин кори худ аз як ҷиҳат дӯстиву бародарии халқҳоро мустаҳкам намудааст

Парвизҷон АҲМАДҶОНОВ,
магистранти Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ