Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон рафт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт.
Дар доираи музокироти сатҳи олӣ муҳокимаи масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бинобар барномаи ташриф баргузор намудани чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе – маросими пазироии расмӣ, мулоқот дар доираи танг ва ҷамъомад дар ҳайати васеъ, маросими онлайни кушодани объектҳои иҷтимоӣ, ба имзо расондани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба пешбинӣ гаштааст.
Ғайр аз ин, роҳбарони давлатҳо дар чорабиниҳои муштараки маданӣ дар пойтахти Тоҷикистон иштирок карда, бо намояндагони ҷамъият мулоқот намуда, аз якчанд объекти саноатӣ дар вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.
Дар поёни чорабиниҳо ба имзо расондани беш аз 30 ҳуҷҷат, ки муҳимтарин соҳаҳои ҳамкории муфиди тарафайни байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро мегиранд, дар назар дошта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ