Ба чемпионат бидуни виза рафтан мумкин аст


Баъди рӯзҳои башумор дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия ҳам, аз рӯйи футбол бозиҳои Чемпионати Аврупо оғоз мегардад. Аз сабаби сар кашидани Дублин аз гузаронидани турнирҳо дар шаҳри соҳили Нива вохӯриҳои зиёд гузаронида мешавад.
Сардиректори Кумитаи ташкилии россиягии турнир А.Сорокин маълумот дод, ки ҳамаи 7 вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Газпром Арена” баргузор мегардад. Варзишгоҳи мазкур ба гузаронидани бозиҳо омода мебошад.
Дар чемпионат, ки порсол аз сабаби пандемия нагузаронданд, дар 11 шаҳри дунё гузаронида мешавад. Роҳбарияти варзишгоҳи “Газпром Арена” ними варзишгоҳро бо мухлисон пур мекунад. Хориҷиён ба чемпионат бевиза омаданашон мумкин аст. Барои ин, ба онҳо ҷавоби тести манфӣ аз коронавирус ва шиносномаи мухлисӣ кифоя аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ