Барномаи имрӯзи Шавкат Мирзиёев бо Эмомали Раҳмон дар Душанбе

Барномаи сафари имрӯзаи Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон муайян шуд.
Нахуст дар Қасри миллат маросими истиқболи расмии Шавкат Мирзиёев доир гашт.
Пас аз истиқболи расмӣ сарони ду давлат мулоқоти як ба як доир карданд ва баъди он баргузории мулоқоти васеъ бо ширкати ҷонибҳо доир гардид.
Имрӯз ҳамзамон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври онлайнӣ дар маросими ифтитоҳи беморхонае, ки Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва мактабе, ки Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд сохт, ширкат хоҳанд кард.
Дар идомаи нишаст ҷонибҳо созишномаҳои дуҷонибаро имзо карда, ҳамзамон изҳороти матбуотӣ хоҳанд дод.
Ҳамзамон сарони кишварҳо дар маросими гулгузори назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро барои меҳмондорӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ ба бӯстонсарои ҳукуматӣ ба Пуғус мебарад ва шом дар барномаи консертии бузург таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» ширкат хоҳанд кард.
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони ду кишвар 30 созишномаро ба имзо расонанд.
Аллакай гузориш шуд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ