“Фестивали ҷавонон” чӣ тавр гузаронида мешавад?

Дар бинои “Маркази ҷавонон”-и шаҳри Самарқанд дар бораи “Фестивали ҷавонони Самарқанд” аз ҷониби Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят ва Садорати агентии коммуникатсияҳои оммавӣ ва ахбороти вилоят анҷумани матбуотӣ гузаронида шуд. Дар он ҷонишини ҳокими вилоят оиди сиёсати ҷавонон Х. Очилов, роҳбари Сарсадорати спорт ва туризм Б.Нуруллаев ва роҳбари Агентии корҳои ҷавонони вилояти Самарқанд Х.Тӯхтаев ширкат варзиданд. Онҳо ба ходимони ВАО дар бораи корҳое, ки вобаста ба гузаронидани “Фестивали ҷавонони Самарқанд” дар рӯзҳои 11-13-уми июн таҳти шиори “Ҷавонони Ӯзбекистони нав, муттаҳид шавем!” пешбинӣ шудаанд, маълумоти муфассал доданд.
Баёноти ҷаласаи Шӯрои байниидоравии вилоят оид ба кор бо ҷавонон бораи ташкил ва баргузории ин фестивал рӯзи 4-уми июни таҳти рақами 07-01/94 тасдиқ карда шудааст.
Тибқи баёнот, кумитаи тадорукоти фестивал, ҳайати кормандон, консепсияи лоиҳа, барномаи чорабиниҳо таҳия ва вазифаҳои мушаххас муайян карда шудаанд.
Дар доираи Фестивали ҷавонон 103 чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, тадбирҳои варзишӣ, инчунин озмунҳо дар соҳаҳои гуногун баргузор мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзи аввал 13-то дар шаҳри Самарқанд, 30-то дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо, дар рӯзи дуввум 11-то дар шаҳри Самарқанд, 6-то дар ноҳияҳо ва шаҳрҳо, 39-то дар мактабҳои олӣ ва рӯзи сеюм 4-то чорабиниҳо ва лоиҳаҳо баргузор мешаванд.

  • Ин фестивал бояд дар хотири ҷавонони вилоят як умр нигоҳ дошта шавад ва барои ин мо ҳама ҷониба омода ҳастем, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ