Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Пас аз анҷоми музокираҳо Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ дар баробари бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”-ро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.
Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ