Шавкат Мирзиёев Эмомали Раҳмонро ба Ӯзбекистон даъват кард

Дар Душанбе гуфтушуниди президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар сатҳи баланд идома доранд.
Зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев аз номи худ ва мардуми Ӯзбекистон, Тоҷикистонро бо 30-солагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик намуда, сулҳу шукуфоии минбаъдаро таманно кард.

  • Роҳбари давлати мо Президент Эмомалӣ Раҳмонро дар вақти барояш муносиб ба Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ анҷом додан даъват кард, — хабар медиҳад котиботи президенти Ӯзбекистон.
    Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев барои даъват ва пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардааст, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имрӯз ба сатҳи баланд расидаанд.
  • Агар дар бораи муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ сухан ронем, бори аввал рӯзҳои кинои ӯзбек дар Тоҷикистон бомуваффақият гузаронида шуданд, ба қарибӣ ҷавонони кишварҳои мо дар водии Фарғона мулоқот мекунанд. Хулоса, наздикии таърихии мо имрӯз дар воқеият таҷассум ёфтааст, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
    Эмомалӣ Раҳмон бошад, Тоҷикистону Ӯзбекистонро ду давлати бародар ва муттаҳидони муҳими стратегӣ хонда гуфтааст, солҳои охир дӯстӣ ва шарикии стратегии мо дар ҳама соҳаҳо маълум шуданд.
    Ёдовар мешавем, сафари президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон имрӯзу фардо идома хоҳад кард.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ